Нишасти матбуотӣ

Чаро қурби доллари ИМА баланд шуд?

№37 (3338) 13.03.2015

Тавре маълум аст, вақтҳои охир қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ боло рафта, ин ҳолат миёни мардум ташвиш ва ҳатто таҳлукаро ба вуҷуд овардааст. Сенздаҳуми марти соли равон роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор намуда, омилҳои болоравии қурби доллари ИМА нисбат ба сомониро шарҳ дод.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён изҳор дошт, ки тағйироти сиёсии минтақа ба вазъи аксари кишварҳо таъсир расонида, ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бетаъсир намонд. Мавсуф зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ чораҳо меандешад. Номбурда гуфт, ки то моҳи декабри соли гузашта чораҳои андешида босамар ва қурби пули миллии мо миёни кишварҳои муштаракулманофеъ устувортар буд. Аммо давоми чанд ҳафтаи охир қурби доллари ИМА бамаротиб боло рафта, баъзе  рӯзҳо 100 доллар то 650 сомонӣ иваз мешавад. Ҷамшед Юсуфиён изҳор дошт, ки барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ҳамарӯза аз 1,5 то 3 миллион доллари ИМА ба бозори асъор бароварда мешавад.  Бино ба гуфти мавсуф, айни замон, ҳам талаботи аҳолӣ ва ҳам талаботи соҳибкорону тоҷирон, ки аз хориҷа мол ворид менамоянд, ба доллари ИМА зиёд аст.  Аз ин рӯ, агар шаҳрвандон бештар молу маҳсулоти истеҳсоли ватаниро харидорӣ намоянд, ба манфиат хоҳад буд.

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигорон оид ба хариду фурӯш шудани молу ашёҳои баландарзиш, аз қабили хонаву автомобил ва ғайра, бо доллари ИМА иттилоъ доданд, ки як вақти муайян низоми иқтисодиро паси сар кардан даркор то ин ки савдои ин гуна молу ашёҳоро бо пули миллӣ ба роҳ монем. Бино ба гуфти Ҷамшед Юсуфиён, якбора аз бозор баровардани асъори хориҷӣ низ метавонад миёни мардум таҳлукаро ба вуҷуд орад.  Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аллакай чанд сол мешавад, ки пардохти пули шартномаи мактабҳои олӣ, ҳаққи хароҷоти сафари ҳаҷ бо пули миллӣ сурат гирифта, хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ низ бо сомонӣ ба роҳ монда шудааст.

Доир ба фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор бошад, мавсуф гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 1553 чунин нуқта фаъолият дорад ва агар нафаре мушоҳида намояд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъор пули хориҷиро бо баҳонаи надоштан ба фурӯш намебарорад, метавонад ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон (600 15 20) занг занад, то мутасаддиён нисбати чунин саррофон чораҷӯӣ намоянд.

Ҷамшед Юсуфиён изҳор дошт, ки ба ҳолати якуми марти соли ҷорӣ захираи асъори пардохтпазир бо дарназардошти металлҳои қиматбаҳо 2 миллиарду 888 миллион сомониро ташкил медиҳад. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон рӯзноманигоронро даъват намуданд, ки то муътадил шудани вазъи пули миллӣ аз навиштани маводҳои ҳангомавӣ худдорӣ намоянд, то ин ки аҳолӣ ба таҳлука наафтад.

Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»