ДАНҒАРА ШАҲРИ САНОАТӢ МЕШАВАД

№74 (3554) 09.06.2016

Дар ҷумҳурӣ вобаста ба тақозои даврони муосир чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил шудааст. Онҳо минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд, Данғара, Панҷ ва Ишкошим мебошанд.

Дар нигоштаи зер назар мекунем ба фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара.

Он соли 2009-ум дар масоҳати 521 гектар таъсис ёфтааст. Мавқеи географии ин минтақаи озоди иқтисодӣ барои инкишоф додани истеҳсолоти саноатӣ мувофиқ мебошад, чунки он дар саргаҳи роҳи автомобилгарди байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҷойгир шудааст.

Сохтмони бузургтарин корхонаи бофандагии мамлакат — Маҷмааи коргоҳҳои нассоҷии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар Осиёи Марказӣ низ калонтарин аст, идома дорад. Санги асоси ин иншоотро 19 декабри соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд.

Он ба харҷи 1,5 миллиард сомонӣ бунёд гашта, баъди пурра ба фаъолият оғоз намудан 6 ҳазор нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд.

Мавриди зикр аст, ки иқтидори маҷмааи ­на­сс­оҷӣ коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта буда, дар як сол то 150 миллион метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол менамояд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бомаром идома дорад. Ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои коргарону мутахассисон чор бинои истиқоматӣ, боғчаи бачагон ва хобгоҳ бунёд мешавад. Инчунин, барои таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ дар майдони 15 ҳазор гектар замини бекорхобидаи ноҳияҳои Данғара, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Носири Хусрав ва Қубодиён бо истифода аз имкониятҳо ва технологияи муосир кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад аллакай 78 адад трактор ва техникаи дигари зарурӣ дастрас шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими гузоштани санги асос дар сохтмони Маҷмааи нассоҷӣ дар ноҳияи Данғара чунин таъкид намуда буданд: «Рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки ояндадори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Зеро ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо дар баробари таъмини аҳолӣ бо молҳои саноатӣ, ба таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ замина гузошта, буҷети давлат аз ин ҳисоб зиёд мешавад».

Табиист, ки корхонаҳои муҳими саноатиро дар оянда бояд мутахассисони варзида идора намоянд. Қобили зикр аст, ки барои таъмини Маҷмааи нассоҷӣ дар ноҳияи Данғара бо кадрҳои баландихтисос ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикис­тон ва Россия садҳо нафар, аз ҷумла танҳо дар ду донишгоҳи Россия 640 нафар донишҷӯи тоҷик аз рӯи ихтисосҳои нассоҷӣ ва бахшҳои дигари агросаноатӣ таҳсил менамоянд.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва Литсейи касбию техникии ин ноҳия низ шароити муносиб барои омода намудани мутахассисон муҳайё аст.

Ҳоло аз 31 корхонаи дар ин ҷо ба нақша гирифташуда 26 — тоаш бунёд ёфта, фаъолият доранд. Аз ҳисоби корхонаҳои фаъолиятдошта соли 2015-ум 2,1 миллион сомонӣ андоз ба буҷет ворид шуда, 712 ҷои кории нав муҳайё гардид.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара яке аз корхонаҳои дигари саноатӣ Корхонаи коркарди нафт ба шумор меравад, ки иқтидори истеҳсолии солонаи он як миллиону 800 ҳазор тонна сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданист. Инчунин, корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои плас­тикӣ, семент, шиша, сангу шағалмайдакунӣ ва масолеҳи оҳану бетонӣ мавҷуданд.

Амалӣ гардидани тадбирҳои ба нақшагирифташуда, самаранок истифодабарии сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара мусоидат менамояд, ки он ба яке аз минтақаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гардад.

 Марҳамад Тутиев,

номзади илмҳои иқтисодӣ