Дар 37 гектар кишти такрориро ба роҳ мемонанд

№ 18.06.2016

Соли 2011 бо қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Корхонаи воҳиди давлатии «50-солагии Октябр» ба ҶДММ «50-солагии Октябр» табдил дода шуд. Сарпарастии онро Шуҳрат Азизов ба уҳда дорад.

Дар хоҷагӣ, ки дорои 233 гектар замини обӣ мебошад, деҳқонон асосан бо сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, пахтакорӣ ва ғаллакориву чорводорӣ машғуланд. Соли равон онҳо дар 50 гектар ғалла, 20 гектар ҷав, 17 гектар ҷуворимакка барои дон, 31 гектар пиёзи барвақтӣ, 5 гектар картошка, 23 гектар пахта ва дар 97 гектари боқимонда зироати чорво, аз ҷумла дар 41 гектараш алафи юнучқа кишт кардаанд.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакии мутахассисон ҳар гектар пиёз 400 сентнерӣ, картошка 180 сентнерӣ, ғалла 50-55 сентнериро ташкил хоҳад дод. Аллакай деҳқонон 1000 тонна пиёз ҷамъоварӣ кардаанд, ки 600 тоннаи он берун аз кишвар содирот шудааст.

Сардори хоҷагӣ Сунатулло Сайфуллоевро дар миёни ғаллазор пайдо кардем. Ӯ бо чанде аз коргарони хоҷагӣ саргарми суҳбат буд ва аз ҳосили бадастомадаи ғалла изҳори қаноатмандӣ мекард. Сайфуллоев мегӯяд, ки дар оғози фасли баҳор боришот кам шуд ва мо аз ин дар изтироб будем. Хушбахтона, нимаи дуюми моҳи март ва моҳи апрел борони зиёд борид, ки ҳосилнокии ғалларо дучанд гардонид.

Тавре аз идомаи суҳбат бармеояд, соҳаи дигари ин хоҷагӣ пахтакорӣ будааст. Айни ҳол нашъунамои ниҳолҳо хуб аст, зеро таъмини хоҷагӣ бо нуриҳои минералӣ ва дигар маводи зарурӣ аз ҷониби сарпараст ба роҳ монда шудааст. То имрӯз ба ҳар гектар замини пахта аз 250 то 300 килограммӣ нурӣ пошиданд. Ҳоло деҳқонон ба даври дуюми нурипошӣ омодагӣ мебинанд. Заминҳои хоҷагӣ ҳама обианд ва дар таъмини об то ҳол мушкилие пеш наомадааст.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ ният доранд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили якум ва тоза кардани заминҳо ба кишти такрорӣ шурӯъ намоянд.

- Мо мақсад дорем, ки дар майдони 37 гектар кишти такрории сабзавотро ба роҳ монем. Ҳамчунин, ҷуворимакка кошта, ҳам дон бардорему ҳам силос хобонем, -мегӯяд сарвари хоҷагӣ.

Чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои муҳими ин хоҷагӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо 145 сар чорвои калони шохдор, ки 30 сари он дӯшоӣ мебошад, парвариш меёбанд. Аз ҳар сар гови дӯшо дар як сол то 4,5-5 ҳазор литр шир медӯшанд. То имрӯз зиёда аз 55 тонна шир дӯшида, дар корхонаи коркарди шири хоҷагӣ маҳсулоти гуногуни ширӣ истеҳсол намуда, ба фурӯш баровардаанд.

Ҳар сол ҶДММ «50- солагии Октябр» аз ҳисоби даромади софи бадастовардааш ду- се адад техникаи кишоварзӣ харидорӣ менамояд ва барои беҳбуд бахшидани вазъи кору истироҳати деҳқонону коргарони худ корҳои шоистаро ба анҷом мерасонад.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»