Мушоҳида

Дар бисоти нуктадонон худписандӣ шарт нест

№51 (3197) 20.05.2014

Рустами эмомали

Таъсиси комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук, пурзӯр намудани интизоми хизматӣ, дур намудани ашхоси тасодуфӣ аз мақомот, вусъат бахшидани санҷишҳои хизматӣ, барзиёд иҷро шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, густариши раванди ошкоршавии қонунвайронкуниҳои гумрукӣ ва ғайра аз ҷумлаи пешравиҳое мебошанд,  ки  бо таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омаданд.

Дар ҷаҳони муосир нақш ва мақоми воситаҳои ахбори омма боло рафта, онҳо ҳамчун василаи ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа рисолати бузурге ба зимма доранд.  Дар шароити кунунӣ  аз лиҳози моҳият журналистон ва воситаҳои ахбори омма  ба неруи пурқуввате табдил ёфтаанд, ки метавонанд созанда бошанд ва баръакс, сӯзанда…

Бо назардошти ин омил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, ки «ҳадафи  асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона  ва софдилона ба манфиати  халқу Ватан мебошад». Мутаассифона, дар аксар маврид шоҳиди ҳолатҳое мешавем, ки  журналистони тоҷик  аз рӯйдоду навгониҳои ба ибораи халқӣ «ба як пули пучак намеарзида» ҳангома месозанду дар қиболи  пешравиву дастовардҳо «чашм мепӯшанд».  Ҳол он ки рисолати журналист инъикоси воқеъбинонаи рӯйдоду ҳаводиси ҷомеа аст.

Шурӯъ  аз моҳи марти соли равон, ҳар вақте аз назди бинои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ гузар менамудам, чашмам ба анбӯҳи ҷавонон меафтод. Кунҷковиам водор намуд, ки ба  ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоям. Маълум гардид, ки  бо ибтикори бевоситаи сардори тозатаъини Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ бори аввал дар Хадамоти гумрук қабули кормандони нав ва ишғоли мансабҳои холӣ тариқи озмун роҳандозӣ шудааст. Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки охири моҳи феврали соли ҷорӣ бо  тасмими номбурда барои аз ашхоси тасодуфӣ тоза намудани мақомоти гумрук як силсила иқдомот амалӣ гардида, дар ин радиф барои ишғоли 57 ҷойи кори холӣ озмун эълон шуда буд.

Дар сохтори фавқуззикр ин маълумотро тасдиқ намуда,  минҷумла гуфтанд, ки бо супориши Рустами Эмомалӣ дар Хадамот комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук таъсис шудааст.  Бино ба иттилои манбаъ, ба наздикӣ озмуни мазкур анҷом ёфт. Аз 180 нафар номзад 56 нафар тавонистанд аз ин озмун гузаранд ва соҳиби вазифа шаванд. Нуктаи муҳим он аст, ки 15 нафари онҳое, ки ба кор дар ин ниҳод қабул шудаанд, дорои дипломи аъло мебошанд.  Ҳамагӣ барои иштирок дар озмун 550 нафар ҳуҷҷат супорида буданд.

Ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки Рустами Эмомалӣ дар натиҷаи санҷишҳои хизматӣ нисбати 27 нафар санади ҷазои интизомиро имзо намудааст. Дар маҷмӯъ, нисбати 35 нафар корманди  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҷозоти интизомӣ татбиқ гардидааст. Давоми се моҳи соли равон  1494 ҳодисаи қонуншикании гумрукӣ ошкор, 1216 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ба маблағи 991 ҳазору 260 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Маблағи умумии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонида 26 миллиону 421 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 3 миллиону 270 сомонӣ зиёд мебошад. Давоми  семоҳаи аввали соли 2014 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 901,4 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Иншои маводи мазкур ба он хотир аст, ки то ба ном коршиносон зимни арзёбии масоили ба мақомоти  гумрук рабтдошта омилҳои мазкурро сарфи назар насозанд. Ва агар ин коршиносон чизе дар бораи дастовардҳо намегӯянд, ақаллан аз ибрози андешаҳои муғризона худдорӣ намоянд. Ҳамон тавре Ҳофизи бузургвор фармуда:

 

Дар бисоти нуктадонон  худписандӣ шарт нест,

Ё сухан дониста гӯй, эй  марди доно, ё хамӯш.

 

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»