Бозгашт ба мавзуъ

Дар гаравхонаҳо қонун чаро сарфи назар мешавад?

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

a3e6f9dca5aef997b505b копия — копияТибқи иттилои Вазорати молия, соли гузашта ниҳоди мазкур ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти гаравхона (ломбард) ҳашт иҷозатнома додааст.

Эътироф бояд кард, ки дар фаъолияти баъзе аз гаравхонаҳои кишвар камбудиҳо мавҷуданд, ки ба баланд будани фоизи қарз, ғайрикасбӣ муайян намудани иёри металлҳои қиматбаҳо, вазн ва арзиши маснуоти заргарӣ рабт дорад. Қисми зиёди шаҳрвандон аз муқаррароти қонунгузорӣ доир ба ин масъала огоҳ нестанду масъулини ломбардҳо талаботи мазкурро сарфи назар мекунанд. Аксарият, ҳатто онҳое, ки аз хизматрасонии гаравхонаҳо истифода намудаанд, намедонанд, ки муносибат бо ломбардҳо ҳатман бояд дар асоси шартномаи қарз — шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба муҳлати муайян бо додани чипта (билет)-и гарав роҳандозӣ шавад.

Табиист, ки барои пешгирии нақзи ҳуқуқи онҳое, ки ба гаравхона барои гирифтани қарз бо гузош­тани амволи манқул, махсусан ашёи аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, муроҷиат менамоянд, талабот барои гирифтани иҷозатнома саҳми бориз дорад. То кадом андоза талабот барои комёб шудан дар ин самт ҷиддӣ аст? Бо ин савол ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ муроҷиат кардем.

 Тавре номбурда шарҳ дод, гаравхона моҳиятан шахси ҳуқуқӣ — ташкилоти махсусгардонидашудаест, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин, нигаҳдошти молу мулки манқул машғул аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», ки соли 2013 аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қабул ва ҷонибдорӣ шудааст, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона оид ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин, нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим менамояд.

Тибқи иттилои муовини якуми вазир, ҳоло дар кишвар беш аз 40 гаравхона фаъол буда, ҳар яки он то 15 филиал дорад. Таъкид гардид, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба таъмини шаффофият ва боэътимод роҳандозӣ шудани фаъолият нигаронида шудааст. Хоса, на камтар аз се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудани сармояи оинномавии гаравхонаҳо ва мунтазам ташаккул додани ин нишондиҳанда муҳиму саривақтӣ мебошад.

Омили дигаре, ки бино ба гуфти Юсуф Маҷидӣ зимни баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси довталабони иҷозатнома мебошад. Пешниҳоди хуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани бинои заруриро барои пешбурди фаъолият тасдиқ мекунад, идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.

Мутаассифона, бо вуҷуди соҳибқонун будани соҳа бардошти мардум аз фаъолияти гаравхонаҳо мусбат набуда, аксарият аз раванди баргардонидани молу мулки багаравмонда нигаронанд. Чунки ҳангоми баргардонидани гарав қарзгиранда бояд на танҳо маб­лағи қаблан гирифташуда, балки фоизи муайянро ҳам пардохт намояд. Шарту меъёри пардохт дар гаравхонаҳо низ гуногун мебошад.

Тибқи муқаррароти моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», молу мулки багаравмонда ё барои нигаҳдошт супурдашуда бояд бо мувофиқаи тарафҳо аз рӯи нархҳои дар савдо истифодашаванда нархгузорӣ шавад. Илова бар ин, гаравхона уҳдадор аст, молу мулки ба гарав ва барои нигаҳдошт гирифтаашро ба манфиати молгузор, аз ҳисоби худ бо арзиши пуррааш аз рӯи нархҳои чунин молу мулк ва чунин сифати дар савдо истифодашаванда суғурта намояд. Инчунин, масъулини гаравхона ҳуқуқи аз ҳисоби молгузор маҷбуран суғурта кардани молу мулки багаравмонда ё барои нигаҳдошт супурдашударо надоранд. Аммо дар воқеият далелҳое мавҷуданд, ки аз ҷониби масъулини баъзе аз ломбардҳо хилофи талаботи мавҷуда фурӯхтани молу мулки багаравмонда низ ба амал меояд.

 Аз ин бармеояд, ки бисёриҳо аз муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ин ҷанба огоҳ нестанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» муқаррар кардааст, ки «Гаравхона ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12 қонуни мазкур пешбинигардида, надорад».

Муҳимтар аз ҳама, агар молгузор молу мулки ба нигаҳдошт супурдашударо дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи нигаҳдошт дархост накарда бошад, гаравхона вазифадор аст, онро дар давоми муҳлати имтиёзноки семоҳа ҳифз кунад. Ҷоиз ба зикр аст, ки гаравхона дар мавриди ба фурӯш рафтани молу мулки дархостнашуда аз маблағи фурӯши он бадастомада метавонад хароҷоти нигаҳдошт ва дигар пардохтҳои марбут ба гаравхонаро ҷуброн намояд ва уҳдадор аст маблағи боқимондаро ба гаравмон баргардонад.

Ҳадафи бозгашт ба мавзуъ огоҳ намудани шаҳрвандон аз қонунгузории соҳа ва тадбирандешиҳои мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳояшон мебошад, зеро вобаста ба баҳогузории молу мулки ба гарав гузошташаванда, шарту шароити қарздиҳӣ, фурӯхтани молу мулки багаравмонда камбудию суи­истифода зиёд буда, ҳамоҳангии мақоми ваколатдори давлатӣ ва шаҳрвандонро тақозо дорад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»