Дастовардҳо аз рушди бемайлон шаҳодат медиҳанд

№4 (3484) 09.01.2016

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд давоми соли 2015 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

- Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2015 ба 4,6 млрд. сомонӣ расонида шавад, — гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Чкалов ва ноҳияи Мастчоҳ дар заминаи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ тавонистаанд, саҳми худро дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намоянд.

Дар раванди суҳбат иттилоъ гирифтем, ки давоми соли 2015 дар миқёси вилоят 171 корхонаву коргоҳи нав қариб бо се ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намудаанд. Корхонаҳои таъсисшуда барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар маросими ифтитоҳи қисмати  зиёди ин корхонаҳо Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа, ба рушди минбаъдаи саноати вилоят такони ҷиддӣ бахшид.

Барои мисол, Корхонаи маъдантозакунии «Рукнобод» аз тарафи Ширкати хитойии «Броадтек» бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ (21 миллион доллари ИМА) сохта шудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 75,0 ҳазор тонна маъдан буда, ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд. Дар корхонаи нав 220  нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд, ки аз онҳо 140 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Дар ин росто, санаи 20 октябри соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд  бо иштироки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии «Ресандаи Тоҷикистон» ба фаъолият шурўъ намуд. Корҳои навсозии корхона бо дастгирии Ширкати олмонии «БИМЭКО» сурат гирифт. дар ин корхона дар як сол ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол мешавад. Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд ва бо барқарор кардани навбати дуюми коргоҳи сехи бофандагӣ боз барои 400 нафар занони хонашин ҷойи кори доимӣ фароҳам мешавад.

Дар раванди суҳбат номбурда аз Корхонаи коркарди чўбу тахтаи «Арча» дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва Ко» ёдовар шуд. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шудааст ва дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чўбӣ истеҳсол мешавад. Иқтидори солонаи корхона 250 ҳазор метри мураббаъ чўбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии ҳафт миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд.

Ҳамчунин дар ин давра дар соҳаи энергетикаи вилоят низ пешрафт ва рўйдодҳои  муҳим ба вуқўъ омад, ки дар самти таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ таъсиргузор буд. Дар моҳи октябри соли гузашта хатти баландшиддати 220 кВ-и  «Ашт — Қайроққум» ва зеристгоҳи барқии «Ваҳдат» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд ва таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» идома ёфт.

Зимни сафари зикршудаи Сарвари давлат зеристгоҳи барқии «Ваҳдат» — бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид. Зеристгоҳи нави барқии «Ваҳдат» бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоӣ бунёд шудааст.

Озифхон Шарифзода ҳамчунин гуфт, ки айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калон, аз ҷумла Корхонаи сементбарории «Ғаюр-семент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб  ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи корӣ ва ҶДММ «Нафтрасон» дар шаҳри Конибодом бо иқтидори солонаи коркарди 70 ҳазор тонна нефт бомаром идома доранд.

- Дастовардҳои соли 2015 баёнгари рушди тамоми бахшҳо ва фардои дурахшони кишвари азизамон аст,- гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»