Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаррике мебошанд, ки ҳар сол суръати чархиши механизми давлату давлатдориро меафзояд ва барои амалӣ гаштани ормонҳои чандинасраи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ, ки 20-уми январи соли ҷорӣ сурат гирифт, бори дигар исбот гардид, ки ҷомеаи кишвар бо роҳнамоиҳову ҳидоятҳои Пешвои худ дар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ комёб аст. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки «Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем».
Бешак, бо пурра амалӣ шудани ин се ҳадафи стратегӣ Тоҷикистон аз ҷумлаи пешрафтатарин кишвар дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегии мазкурро баррасӣ менамоем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон, аллакай, ба амалӣ намудани бахши аъзами он ноил гаштаасту барои пешрафт ва дар ҳамқадамӣ бо бузургтарин давлатҳои пешрафта қарор гирифтан тамоми заминаро дорад.
Ҳадафи якуми стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ. Бо таъкиди коршиносони ватаниву хориҷӣ сарзамини биҳиштосои мо баробари доштани сарватҳои бойи табиӣ, боз дорои шароити хуб барои бунёди неругоҳҳои барқи обии зиёд мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикии минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда зарур аст, ки таҷдиду барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти соҳаи энергетика босуръат идома дода шавад. Зеро пешрафти ояндаи Тоҷикистон аз рушди гидроэнергетика вобастагии мустақим дорад». Ба ин хотир, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки аз ҷанбаҳои муҳими истиқлолияти воқеӣ ба шумор рафтаву «рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст», аз ҷониби Сарвари давлат иқдомоти ҷиддиву созанда пеш гирифта шудааст, ки бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду калон дар кишвар таъйидкунандаи ин гуфтор аст. Гузашта аз ин, охири моҳи октябри соли ҷорӣ дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд. Дарвоқеъ, ин амали Пешвои миллат дар татбиқи тарҳи Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бузургтарин дар минтақа аст ва ҳамчун сохтмони аср муаррифӣ мешавад, аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон солҳои наздик ба истиқлолияти энергетикӣ даст меёбад ва дар пешрафти кишварҳои минтақаву ҷаҳон нақши худро хоҳад гузошт.
Ҳадафи дувуми стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ. Метавон бо сарбаландӣ эълон дошт, ки имрӯз Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохили ҷумҳурӣ раҳоӣ ёфтааст. Агар дирӯз бо тағйири боду ҳаво пайвасти гӯшаҳои гуногуни кишвари кӯҳсор мушкилӣ пайдо мегашт, имрӯз он бартараф ва дигар ҳеҷ чизе садд намегардад. Таъмиру таҷдиди роҳҳои гуногунсатҳи мошингард, ифтитоҳи роҳҳои оҳан, кандани нақбҳову бунёди пулҳо Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, баробари беҳбуд бахшидани зиндагии моддии мардум, боз ҳамдиливу ҳамбастагии миллати куҳанбунёдро бо худу бо ҷаҳониён бештар аз пештар менамояд.
Ҳадафи сеюми стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои миллат ҷиҳати амалӣ намудани ин стратегия тадбирҳои судманд андешидааст, ки маълумоти оморӣ таъйидкунандаи ин гуфтор аст. Аз ҷумла, ба афзоиш додани истеҳсолоти дохилӣ, таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳбуд бахшидани соҳаи кишоварзӣ қадамҳои устувор дар ҳифз ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ муаррифӣ мегардад.
Хулоса, аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии баёнгардида чораҷӯӣ карда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Абдусалом МИРАЛИЕВ, профессор