ДЕВАШТИЧ. КАМЧИНИИ БАРГИ ТУТ МУШКИЛИ ПИЛЛАПАРВАРОН АСТ

№74 (3554) 09.06.2016

Пиллапарварони ноҳияи Деваштич ният доштанд, ки соли равон 8,5 тонна пилла истеҳсол намоянд.

-Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ имсол аз ҳар қуттӣ  38 килограммӣ пилла ба даст оварда, дар вилоят якумин шуда, аз иҷрои нақша мужда расондем, -гуфт дар суҳбат сардори идораи пиллаи ноҳия Муниса Фозилова.

Бино ба гуфти номбурда, соли гузашта ин нишондиҳанда 25 килограммиро ташкил медод. Зикр шуд, ки нархи хариди пилла онҳоро қаноатбахш намекунад, зеро барои хариди ҳар як килограмм пилла 6 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки ин маблағ ҳатто хароҷоти дастрас намудани барги тутро намепӯшонад.

Нарасидани барги тут мушкилоти зиёдро ба бор овард. Имсол пиллапарварон барои иҷрои саривақтии нақша маҷбур шуданд, ки барги тутро аз шаҳру ноҳияҳои атроф бо хароҷоти зиёд ва пули нақд ба даст оранд.

- Нарасидани барги тутро ба ҳисоб гирифта, имсол дар ноҳия дар майдони 12 гектар тут шинонидем, — гуфт дар суҳбат сарагрономи идораи кишоварзии ноҳия Баҳром Яҳёев. Ин кор ҳар сол иҷро мешавад, вале бо сабаби нарасидани об ва аз мадди назари мутасаддиён дур мондани нигоҳубин аксари ниҳолҳо хушк мешуданд.

Биноан, имсол ба нигоҳубини онҳо эътибори хоса дода, қитъаи ниҳолҳои тутро ба шахсони масъул вобаста кардем.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»