Нигаронӣ

ҶДММ «Бозори Ҳамадонӣ». масъулин шоҳу табъашон вазир

№136 (4242) 03.11.2020

davҚонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» дар бозору марказҳои савдо то андозае аз мадди назари масъу­лон дур мондааст. Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Бозори Ҳамадонӣ» дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ далели ин гуфтаҳост.

Ҳангоми боздид аз он маълум гардид, ки ягон фурӯшанда корти муаррифкунандаи сарисинагӣ надорад. Мавқеи савдо дар дохили бозор муайян нашуда, савдогарон ҳар куҷоеро муносиб донистаанд, хайма задаанд. Қонун бошад, чунин амалро маҳкум карда, дар ҳолати риоя накардан, роҳбарияти бозор ва ё маркази хизматрасониро ҷавобгар мекунад.

Директори «Бозори Ҳамадонӣ» Ҷомӣ Қосимзода зимни суҳбат зикр кард, ки «савдогарон корти махсуси сарисинагӣ доранд. Шояд овезон накарда бошанд. Бозор то соли 2015 ҳамчун муассисаи давлатӣ фаъолият дошт ва аз ҳамон сол хусусӣ гардид. Алҳол дар он 330 тоҷир фаъолият дошта, аз ин шумора 250 нафар дар мағоза, 80 каси дигар зери соябон ба савдо машғуланд. Арзиши истифодаи як метри квадратӣ дар дохили бозор дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери соябон 1 сомонию 50 дирам ва мағоза 7 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Масоҳати умумии бозор як гектару 85 садякро ташкил дода, дар маъмурият ҳашт корманд фаъолият мекунад. Андозро сари вақт пардохт мекунем,  қарздор нестем. Бехатарӣ аз сӯхтор дар бозор таъмин аст. Вазъи санитариро ҳам аз рӯи қоидаҳои муайяншуда риоя мекунем ва ҷаримабандӣ нашудаем».

Аммо Қосимзода беибо маълумоти бардурӯғ пешниҳод кард. Бо худсафедкунӣ ва дурӯғпардозӣ наметавон камбудию бемасъулиятиро пинҳон дошт.

Чунки аз Нозироти андози ноҳия иттилоъ доданд, ки то 12-уми августи соли ҷорӣ бозори мазкур 118 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст. Мутасаддиёни қисми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия зимни гузарондани чораҳои санҷишӣ бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ нисбат ба роҳбарияти бозор амрнома аз рӯи 57 банд тартиб дода, 1160 сомонӣ ҷарима кардаанд. Сардори хадамоти оташнишонӣ Абдуғаффор Раҳимзода низ ҳолати бозорро нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Олимхон Маҳмудов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ҳамадонӣ дар суҳбати телефонӣ гуфт:

- Ҳар рӯз мутахассисон барои пешгирии бемории коронавирус вазъи санитарии бозорро назорат мекунанд. Бинобар риоя накардани талаботи санитарӣ, дар ин давра нисбат ба 50 соҳибкори «Бозори Ҳамадонӣ» санад тартиб дода, ҷарима таъин кардем. Ҳамчунин, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз 109 соҳибкор барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ 15 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ситондем.

Саҳлангории масъулони бозор то кай идома меёфта бошад?

Ёқуби СОДИҚ,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»