«Экспо — 2017» имкони хуб барои дарёфти сармоягузорон аст

№8 (3645) 26.01.2017

ЭКСПОБори аввал дар байни 15 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО — 2017» дар Ҷумҳурии Қазоқистон (аз 10 июн то 10 сентябр) баргузор мегардад.

Бо ин мақсад, бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, кумитаи тадорукотӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, кумитаҳо, ташкилотҳо созмон ёфтааст. Комиссари генералии намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид интихоб шуд. Бо хоҳиши хабарнигори рӯзнома номбурда роҷеъ ба омодагии Тоҷикистон ба ин намоишгоҳ чунин маълумот дод:

- Корҳои омодагӣ босуръат ҷараён доранд. Дар шаҳри Остона бо масъулини намоишгоҳ вохӯрда, маълумоте, ки барои ташкил кардани кор зарур буд, дастрас кардем. Масоҳати намоишгоҳ 25 гектар  мебошад. То имрӯз зиёда аз 110 давлати ҷаҳон розигии худро барои ширкат дар он дода, теъдоди хоҳишмандон мунтазам афзоиш меёбад. Ғайр аз ин, 10 ташкилоти байналмилалӣ низ дар намоишгоҳ алоҳида ширкат менамоянд.

Дар ҷараёни корҳои омодагӣ, барои аз нуктаи назари илмӣ асоснок кардани маълумотномае, ки дар намоишгоҳ пешкаш хоҳад гардид, бо олимони Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дизайнерҳо мулоқот кардем. Нуктаи ҷолиби диққат он аст, ки мавзӯи умумии намоишгоҳи мазкур энергетика мебошад. Кишвари мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст ва мо дар намоишгоҳ имкон пайдо мекунем, барои рушди ин соҳа сармоягузоронро пайдо кунем.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»