14 декабри соли равон мошини пурбори ангишт, дар ҳаљми 300 -тонна ба шаҳри Кӯлоб расид. Мақсади ин иқдом иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини талаботи аҳолии кишвар бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2021-2022, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи он дар бозор мебошад, ки аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар ярмарка-фурӯши ангишт, ки 15 декабр дар шаҳри Кўлоб ташкил шуд, шаш корхонаи истеҳсолии КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», ҶСК «Ангишт», ҶСК «Ангишти Камароб», ҶДММ «Вена», ҶДММ «Тако Ресурс» ва ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» ангиштро бо нархи ҳар килограм аз 50 то 80 дирам пешкаш намуданд.
- Аз ин ва дигар дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хуш пазироӣ намуда, аз номи сокинони шарафманди шаҳр изҳори сипосу миннадории беҳисоб менамоянд,- зикр шудааст дар хабари бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»