Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳри ҳифзу ҳимояи мероси ғанӣ, эҳёи суннату анъана ва ҷашнҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Барои тақвият бахшидан ва амалӣ намудани иқдомоти пешгирифта заминаи меъёрии ҳуқуқӣ низ фароҳам гардид.
Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки соли гузашта аз қабули он 10 сол пур шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 10 — солагии қонуни мазкур таъкид намуданд: «… қабули қонун боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард».
Барои тақвияти фикр, метавон маъракаи хатнаи тифлонро дар гузаштаи на чандон дур ба ёд овард, ки бо харҷи зиёд анҷом меёфт. Мардум тӯйҳои бодабдаба меоростанд, ки дар натиҷа, аксарият ба қарз меғӯтиданд ва вазъи оилавиашон сангинтар мешуд. Ин дар ҳолест, ки оростани маъракаи зиёфат ва тӯйи бодабдабаро дини мубини Ислом низ раво намедонад. Дар ояти 141-уми сураи «Анъом»-и Қуръони Карим таъкид шудааст, ки: «Исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад». Сарвари мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит ҳам баргузории маъракаҳои серхарҷро нолозим медонистанд.
Хушбахтона, дар натиҷаи корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин маърака ба танзим дароварда шуд. Мувофиқи қонун, минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон доир карда мешавад. Хатна бошад, бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад. Ин амал волидайнро аз ташвишу тараддуд ва харҷи зиёд озод мекунад. Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти мамлакат барои анҷоми ин амал ҳуҷраҳои махсус омода карда шудааст.
Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» шуъбаи тибби суннатӣ таъсис ёфтааст, ки фаъолияти назаррас дорад. Мудири он — номзади илмҳои тиб Акбаршо Ахмедов иброз дошт, ки шуъба бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст ва ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда алҳол ягона дар ҷумҳурӣ мебошад. Он бо асбобу дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Аз ҷумла, таҷҳизоти «Электрокоагулятор KLS Martin – 200», ки аз Ҷумҳурии Олмон ворид карда шуда, нодир ва барои амалиёти ҷарроҳӣ хеле қулай аст. Хатнаи кӯдакон тавассути он бо гирифтани вақти кам ва бе хунравӣ анҷом дода мешавад. Ҳуҷраи хатна ба рӯҳияи кӯдакон мувофиқ ҷиҳозонида шудааст. Зимни ворид гардидан ба он таваҷҷуҳи кӯдаконро, пеш аз ҳама, ороишоти ҳуҷра, бозичаҳои кӯдакона ва тасвирҳои гуногун ҷалб мекунад.
Тавре Акбаршо Ахмедов иброз дошт, дар тӯли фаъолияти шуъба зиёда аз 500 кӯдак бомуваффақият ва бе ягон авориз хатна шудаанд. Амалиёти хатна нисбат ба ҳама синну сол ройгон анҷом дода мешавад. Зимни амалиёт ҳатман нишондоди тиббӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ба назар гирифта мешавад. Дар шуъбаи тибби суннатӣ 20 духтур ва дигар кормандони техникӣ фаъолият мекунанд.
Чун аз ҳуҷраи сарвари шуъба берун мешудем, дар қабулгоҳ ҷуфти зиёди ҷавононро дидем, ки барои маслиҳат ва табобат омада буданд.
- Мо ба оилаҳои ҷавон низ, вобаста ба иллати безуриётӣ ва ғайра маслиҳату машварат дода, дар роҳи табобати онҳо саъю талош мекунем. Ҳамчунин, дар асоси дастуру таҷрибаҳои тибби суннатӣ ва навигариҳои тибби муосир, ташхису муоина ва табобати дардҳои гурда, роҳҳои пешобравро ба роҳ мондаем. Дар охир таъкид кардан бамаврид аст, ки тибби суннатӣ тиббест, ки фаъолияти он ба урфу одат ва анъанаҳои миллии беҳдоштӣ ва саломатӣ вобаста аст, — шарҳ дод Акбаршо Ахмедов.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ