Истиқбол аз истиқлол

Иҷрои аксари нақшаҳо дар Роғун аз 200 фоиз болост

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

Дар соли ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ободкориву созандагӣ бомаром идома дорад. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони шаҳри Роғун ба корҳои созандагиву ободонӣ аз аввали сол машғул буданд. Омодагии ин мардуми сарбаландро бо ворид шудан ба ҳудуди шаҳр дидан мумкин аст, зеро яке аз иншооти асосии ҷашнӣ — дарвозаи шаҳри Роғун мебошад. Дарвоза аз ду қисм иборат буда, навбати аввали он рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим зимни суҳбат иброз дошт, ки дар 8 иншооти ҷашнӣ корҳо бо ҷӯшу хурӯш идома карда, дар баробари дарвозаи шаҳр, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва кӯдакона, бунгоҳи тиббӣ, толори варзишӣ, биноҳои маъмурӣ, азнавсозии боғ ва роҳи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун амалӣ карда шуд. Аҳолии шаҳр низ бо рангубори биноҳои истиқоматӣ ва кабудизоркунии гирду атроф дар  корҳои ободонӣ саҳмгузоранд.

 Қобили зикр аст, ки аксари иншооти ҷашнии аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сохташуда дар деҳаҳо ҷойгир мебошад, ки барои соҳиби шуғл шудани аҳолии деҳот мусоидат мекунад. Толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17-и деҳаи Ҷавонии деҳоти «Қади Об» бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст, ки аз се ошёна иборат мебошад.

Билол Иброҳим зикр кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириву роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Роғун дар ҳама самти фаъолият ба дастовардҳои арзанда ноил шудаанд. Нимсолаи якуми соли ҷорӣ нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр тамоюли рушдро касб кард ва аксари уҳдадориҳо аз нақша зиёд иҷро шуд. Тавре аз маълумоти пешниҳоднамудаи масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бармеояд, дар ин давра ба қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр 43933 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки 320  фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Даромади Буҷети ҷумҳуриявӣ 159 фоиз иҷро шудааст. Дар маҷмӯъ, ба Буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ 81557,9 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки 218 фоизи нақша мебошад.

Дар ҳамин ҳол қисми хароҷоти буҷет дар ҳаҷми 18350,2 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки ба 81 фоизи нақша баробар аст.  Сабаби асосии дар сатҳи паст қарор доштани иҷрои хароҷоти буҷетро масъулини шаҳри Роғун дар маҳдуд намудани хароҷоти бесамар ва дуюмдараҷа  арзёбӣ карданд.

Мусаллам аст, ки асоси ғанигардонии буҷет  ҷамъоварии андоз ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидор ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар шаҳри Роғун низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ин аст, ки аз рӯи ҳама намуди андоз 109329,1 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 173,1 фоизи нақшаи нимсолаи аввали соли 2016-ро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии андози иҷтимоӣ низ 106,5 дарсад таъмин шудааст.

Дар шаҳри Роғун субъектҳои хоҷагидор кам нестанд. Масъулин барои ҷалби бештари соҳибкорон ба хотири таъсиси корхонаҳои хурду бузург кӯшиш менамоянд. Мутобиқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ то июли соли 2016-ум 1416 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 260 шахси ҳуқуқӣ, 136 соҳибкори инфиродии бо патент ва 124 нафар бо шаҳодатнома фаъолияткунанда, 896  хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 34 адад зиёд мебошад.

Аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони шаҳр бахшида ба иду ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ ба эҳтиёҷмандон, иштирокчиёни ҶБВ, пиронсолон, собиқадорони ҷангу меҳнат, камбизоатон, кӯдакони ятиму бепарас­тор ва тарбиятгирандагони хонаи бачаҳо ба маблағи 209,3 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддӣ расонида шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таъмирӣ 2844,2 ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 2300 ҳазор сомонӣ барои сохтмонҳои асосӣ, аз ҷумла 1100 ҳазор сомонӣ барои идомаи сохтмони муассисаи таълимӣ  барои 372 хонанда дар деҳаи Ҷавонӣ, 300 ҳазор сомонӣ барои идомаи сохтмони бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, 400 ҳазор сомонӣ барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дараи Тутак, 500 ҳазор сомонӣ барои азнавсозии бинои маркази ҷавонон, шуъбаи маориф ва САҲШ равона гардид.

Аз ҳисоби маблағҳои иловагии буҷети маҳаллӣ азнавсозии кӯчаи Сохтмончиёни шаҳри Роғун ба маблағи 8213,3 ҳазор сомонӣ, бинои маркази ҷавонон, шуъбаи маориф ва САҲШ 5919,5 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ 10095,1 ҳазор сомонӣ, майдончаҳои варзишӣ дар кӯчаҳои Сохтмончиён ва Норакиён  1465,1 ҳазор сомонӣ, дарвоза дар даромадгоҳи шаҳри Роғун 411 ҳазор сомонӣ, боғи фарҳангӣ дар маркази шаҳр 1300  ҳазор сомонӣ, утоқҳои кории нозирони минтақавии милитсия дар деҳоти «Қади Об» 42,3 ҳазор сомонӣ ва толори маҷлис барои 425 ҷойи нишаст 864,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар умум ба 28310,9 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нимсолаи аввали соли 2016-ум 2511,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 724,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар нимсолаи аввали соли 2016-ум  4000 бех ниҳоли зардолу, 500 бех арчаи меживелник, 920 бех акатсия ва гулҳои ороишӣ, 51900 дона гули  садбарг шинонида шуд.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар давраи мавриди назар корҳои таъмирӣ ба маблағи 62,6 ҳазор сомонӣ ба иҷро расид ва роҳҳои дохилишаҳрӣ  дар масофаи 7,2 км мумфарш гардид.

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт мебошад. Дар асоси нақшаи кишти баҳорӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Роғун дар майдони 1076 гектар кишт гузаронидаанд, ки аз он 600 гектараш гандум, 100 гектар лӯбиёгиҳо, 53 гектар зироатҳои техникӣ, 100 гектар картошка, 12 гектар сабзавот, 24 гектар ҷав, 100 гектар нахуд ва 221 гектар хӯроки чорво мебошад. Кишти тирамоҳии ғалладона, зироатҳои техникӣ ва хӯроки чорво дар заминҳои дар ноҳияи Фархорбуда 1289 гектарро ташкил медиҳад.

Бунёди боғоти нав дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 65 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин  15 гектарро дарахтони мевадиҳандаи зардолу, 14 гектар себ, 6,5 гектар нок, 4 гектар гелос, 6,5 гектар олуча,3 гектар чормағз ва 16 гектар дигар намуди дарахтон ташкил медиҳад.

Талу теппаҳои шаҳри Роғун барои васеъ кардани масоҳати ҷангалзор мувофиқ аст ва Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Л.Каримови шаҳр дар мавсими баҳори имсола дар майдони 7,95 гектар 2576 бех ниҳоли мевадиҳандаву сояафкан, ороишӣ ва қаламча шинонидаанд.

Барқароркунии ҷангал дар майдони 10,25 гектар дар мавзеъҳои Таги Ағба, Сайдон, Ёнахш, Талхакчашма, Деҳи Бӯстон, Қарағоч, Ковокдара бо шинонидани зиёда аз 1292 бех ниҳоли мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ амалӣ шуд.

Ба ҳама маълум аст, ки дар шаҳри Роғун сохтмони иншооти бузурги аср-НБО-и «Роғун», ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онро «масъалаи ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон» маънидод кардааст, идома дорад. Ҳашт деҳаи деҳоти «Сичароғ» минтақаи зериобшаванда эътироф шудааст ва бино ба гуфти раиси ҷамоати мазкур Наҷмиддин Мирзоев муҳоҷирон дар минтақаи зикршуда 438 оиларо ташкил медиҳанд, ки аллакай 199 оилаи онҳо ба деҳаи Тойчии шаҳри Турсунзода кӯчонида шудаанд.

Масъалаи фароҳам овардани шароит барои оилаҳои кӯчонидашуда, амсоли таъмини оби нӯшокӣ, полезӣ, гузаронидани хатти интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохилихоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таълимӣ марҳила ба марҳила ҳал шуда истодааст. Номбурда зикр кард, ки маблағи хонаҳо аз ҷониби Маъмурияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» пурра пардохт шудааст.

Дар  шаҳри Роғун 45 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ фаъолият доранд.  Ҳамчунин, ду боғчаи бачагона бо фарогирии 292 нафар, хонаи кӯдакон бо фарогирии 45 нафар, маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон бо фарогирии 140 нафар, муассисаи таълимии бачагонаи мусиқӣ бо фарогирии 106 нафар, гурӯҳи мақсадноки Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Роғун бо ҷалби 60 нафар донишҷӯ ва Коллеҷи муҳандисию техникӣ бо ҷалби 240 нафар фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Дар шаҳр ба ниёзмандон Беморхонаи марказии шаҳрӣ бо 175 кат, 2 маркази саломатии шаҳрӣ бо имкони қабули 480 нафар дар як баст, 2 маркази саломатии деҳот, 11 бунгоҳи саломатӣ, маркази саломатии сохтмончиён, маркази зидди бемориҳои сил, маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, 2 шуъбаи ёрии таъҷилӣ, дорухонаи марказӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази эмтаъминкунӣ, маркази мубориза алайҳи ВИЧ-СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра хизмат мерасонад.

Дар самти  риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ нишондодҳо бад нестанд, зеро дар нимсолаи аввали соли 2016-ум ҳамагӣ 2 ҳолати вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ошкор ва барои чораҷӯйӣ ба суд пешниҳод шудааст.

Раиси шаҳр Билол Иброҳим дар фарҷом иброз дошт, ки минбаъд низ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  барои дар  амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш хоҳад кард.

 Самариддин АСОЕВ, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»