Иҷрои нақшаи солона дар ҳашт моҳ

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

Соли ҷорӣ коргарони Кооперативи тиҷоратии «Тебалай»-и ноҳияи Муъминобод тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият карда, тавонистанд, ки дар ҷамъбасти 8-моҳа нақшаҳои солонаро таъмин намоянд. Чорводорон ҳанӯз моҳи март аз уҳдаи иҷрои нақшаи наслгирӣ ва истеҳсоли пашми гӯсфанд баромаданд. Раёсати кооператив барои чорводорон дар чарогоҳи тобистона тамоми шароитро муҳайё сохтааст.

Ҳар сол бо қувваи бригадаи сохтмонии кооператив ба маблағи то 70 ҳазор сомонӣ камару оғилхонаҳо таъмир карда мешавад.

Заминҳои кишти кооператив ба аъзои хоҷагӣ вобаста шудааст. Аллакай 1300 нафар иҷоракори хоҷагӣ иҷрои нақшаҳояшонро таъмин кардаанд.

Кооператив доимо нақшаи андозсупориро низ иҷро мекунад. То имрӯз 200 ҳазор сомонӣ ба буҷети ноҳия пардохт шудааст, ки ин нақшаи солонаро таъмин менамояд.

Раёсати кооператив дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, камбизоатон, ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунад. Аз ҷумла, дар арафаи соли нав, иди Наврӯз, идҳои Қурбону Рамазон, Истиқлолият, Рӯзи ваҳдати миллӣ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ба ин қишри ҷомеа кумаки яквақта расонида шуд.

Ҳамчунин, раёсати кооператив ҷиҳати иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунии деҳаҳои Туто, Моашрак, Тебалай, Боғи Ҳабиб соли ҷорӣ 20 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кард.

 Рустамхон АМИРОВ, ноҳияи Муъминобод