Иқтидоре, ки пурра истифода намешавад

№148 (3294) 10.12.2014

Ин омил шабеҳи он аст, ки «об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем»

 Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи машинасозӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, (собиқ «Тоҷиктекстилмаш») аз зумраи корхонаҳое мебошад, ки замони шӯравӣ бо истеҳсоли таҷҳизоти гуногуни соҳаи саноати мошинсозӣ дар сар то сари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд. Имрӯз ин корхона, бо вуҷуди нисбатан кам будани таваҷҷуҳ ба маҳсулоти истеҳсолменамудааш дар дохилу хориҷи кишвар, яке аз корхонаҳое мебошад, ки иқтидори истеҳсолиашро пурра нигоҳ доштааст.

 Корхонаи мазкур солҳои 30-юми асри гузашта чун сехи хурди таъмири механикии автомашинаҳо ташкил ёфта, соли 1944 дар асоси он корхонаи таъмири муҳаррикҳо таъсис дода мешавад. Баъдан, давра ба давра бо дигаргун кардани хатҳои истеҳсолӣ иқтидори корхона зиёд шуда, дар солҳои панҷоҳуми асри XX истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзӣ, аз қабили култиватор, заминнармкунак, транспортёр ба роҳ монда шуд. Соли 1959 устохонае, ки солҳои 30-юм барои таъмири механикии автомашинаҳо таъсис ёфта буд, ба як корхонаи азим табдил ёфт ва «Тоҷиктекстилмаш» номгузорӣ шуд.

Бо қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ «Тоҷиктекстилмаш» ҳамчун корхонаи истеҳсоли дастгоҳҳои риштабарориву газворбарорӣ ягона корхонаи махсусгардонида дар соҳаи саноати сабук  ба ҳисоб мерафт.  Маҳсулоти корхона бо равзанаи ягонаи «Интертекстилмаш» ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои хориҷи дур, аз қабили Юнон, Индонезия, Туркия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Булғористон ва ғайра содирот мешуд. Ғайр аз ин, дар корхона дастгоҳҳо барои корхонаҳои соҳаи  саноати хӯрока, соҳаи кишоварзӣ ва 17 намуд асбобҳои хоҷагидорӣ аз алюминий, чугун ва пластмасса истеҳсол мегардид. Муовини директори корхона Комилҷон Сангаков иброз дошт, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корхона маҷбур шуд,  самти фаъолияташро дигар намояд, чунки алоқаҳои корхона бо дигар давлатҳо канда ва талабот ба молҳои истеҳсолии он кам шуд.

Аз ин рӯ, корхона ба истеҳсоли агрегатҳои хурди иқтидори то 100 кВт/соат барои истгоҳҳои хурди барқӣ шурӯъ намуд ва то имрӯз  дар ин самт фаъолияташ идома дорад. Аз сабаби он ки ҷумҳурии мо кишвари аграрӣ мебошад, истеҳсоли плугҳо барои коркарди хок ва сихмолаҳо барои коркарди  қабати болоии хок ба роҳ монда шудааст. КВД «Коргоҳи машинасозӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон  бо бузургтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили силсиланеругоҳҳои «Вахш», НБО-и «Норак», НБО- и «Роғун», НБО-и «Қайроққум», корхонаҳои сементбарорӣ, КВД «Обу корез»-и шаҳри Душанбе ҳамкориро ба роҳ монда, ҳамчунин дархостҳоро барои ободонӣ иҷро менамояд.

-Масалан, дар ҳамаи боғҳои истироҳатӣ курсиҳои истеҳсоли корхонаи мо истифода мешавад. Панҷараҳои аз чӯян истеҳсолкардаи корхона васеъ истифода мешавад ва ҳама вақт ба он талабот ҳаст,- мегӯяд Комилҷон Сангаков.

Имрӯз дар корхона 528 нафар кор мекунанд ва дар ҳолати зиёд шудани дархост имкон аст, ки шумораи коргарон низ бамаротиб афзояд.

Вобаста ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда мавсуф изҳор дошт, ки агар давоми нуҳ моҳи соли 2013 КВД «Коргоҳи машинасозӣ»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошад, пас ин рақам дар нуҳ моҳи соли равон 8 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Доир ба ҳамкории корхона бо ширкатҳои хориҷӣ бошад, ҳамсуҳбатам афзуд, ки ду сол пештар аз партовҳои алюминий як намуд плита барои фарш истеҳсол карда, ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон содирот намудем.

-Ҳаракат карда истодаем, ки ин корро идома диҳем, чунки соҳибкорони эронӣ тайёранд, ки моҳе то 400 тонна аз ин маҳсулот  харидорӣ намоянд, -изҳор дошт мавсуф.

Тавре маълум аст, аксари корхонаҳо бо истифода аз техникаву технологияи нав фаъолият менамоянд. Аммо КВД «Коргоҳи машинасозӣ»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, то ҳанӯз бо дастгоҳҳои аз замони шӯравӣ боқимонда фаъолият дорад. Оё имкон мавҷуд аст, ки барои корхонаҳои навбунёдшуда, ки тамоми дастгоҳу таҷҳизоташон муосир аст, қисмҳои эҳтиётиро истеҳсол намоед? Дар ҷавоб ба ин савол ҳамсуҳбатам гуфт, ки корхона метавонад баъзе намуди қисмҳои эҳтиётиро истеҳсол намояд.

-Таҷҳизот дорем ва  аз уҳдаи ин корҳо мебароем. Сехҳои рехтагарӣ дорем ва дар ҳолати дархост шудан омодаем, ки қисми эҳтиётиро истеҳсол намоем. Барои ин кор иқтидорамон мерасад, -иброз дошт Комилҷон Сангаков.

Номбурда дар идома афзуд: «Вақте агрегатҳои 3 ва 8-и  НБО- и «Норак»-ро таъмир карданӣ шуданд, хостанд, ки онро ба Ҷумҳурии Украина баранд. Вақте ки коргарони корхонаи мо таъмирро оғоз карданду мутахассисони украинӣ дар он иштирок доштанд, изҳор  намуданд, ки будани мо шарт нест, чунки шумо аз уҳдаи ин корҳо мебароед».

Иттилоъ гирифтем, ки зиёда аз 200 номгӯйи таҷҳизот барои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар корхона истеҳсол мешавад. Ин маҳсулотро пештар аз хориҷа меоварданд ва табиист, ки барои воридоти он маблағ сарф мешуд ва вақти зиёд лозим буд. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизоти лозима ба манфиати тарафайн аст.

Дар корхона ҳамзамон истеҳсоли маҳсулоти хоҷагидорӣ ва сохтмонӣ низ ба роҳ монда шудааст. Бино ба гуфти Комилҷон Сангаков, давоми соли равон  зиёда аз 26 тонна мех истеҳсол шудааст ва дар ҳолати афзудани талабот ин рақам метавонад афзоиш ёбад. Аз ҳамсуҳбатам пурсидам, ки ба мех ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ҳамеша талабот вуҷуд дорад, оё намешавад, ки истеҳсоли ин гуна молу маҳсулотро зиёд намуда, дар бозорҳо ба фурӯш гузоранд? Номбурда дар ҷавоб изҳор дошт, ки онҳо мехоҳанд бе захира кардан дар анбор маҳсулоташонро ба фурӯш бароранд.

Тавре аз маълумоти овардашуда бармеояд, КВД «Коргоҳи машинасозӣ»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи корхонаҳое мебошад, ки иқтидори истеҳсолиашро пурра нигоҳ доштааст. Аз ин рӯ, дар сурати дархост шудан ин корхонаи азим метавонад бо зиёд кардани истеҳсоли молу маҳсулот ҳамаҷониба манфиат орад. Аммо чаро бо вуҷуди сол то сол зиёд шудани корхонаҳои гуногуни саноатӣ  то ҳол қадри кофӣ дархост барои истеҳсоли молу маҳсулот нест?  Агар, воқеан ҳам корхона иқтидори истеҳсолӣ дораду аз ҷониби соҳибкорон ва шаҳрвандон ба он таваҷҷуҳе нашудааст, пас чӣ бояд кард? Оё ин корхона ба таблиғ ниёз надорад? Масъулинро мебояд, ки барои бо иқтидори пурраш фаъолият намудани КВД «Коргоҳи машинасозӣ»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намоянд. Аз иқтидори мавҷудаи ин корхона, ки ҳатто нисфи он истифода намешавад, масали машҳури «об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем»-ро ба хотир меорад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»