Аҳд кардам, ки то вопасин нафас некӣ мекунам

№58 (4164) 14.05.2020

 МирзошарифДар деҳаи Рӯмони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Аълочии маорифи халқи СССР, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзошариф Ғафуров умр ба сар мебарад. Соли  равон ӯ 101-сола мешавад.

Мирзошарифбобо  соли 1919 дар оилаи косиб (бофанда) ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби ибтидоии деҳа  факултаи коргариро ба итмом расонидааст. Соли 1938 ба факултаи педагогика ва методикаи таълими  ибтидоии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шудааст, вале дар соли сеюми таҳсил (1940) ба хизмати аскарӣ сафарбар мешавад.

Ӯ соҳиби бойгонии бузург аст. То ба ҳол рӯзномаи зиндагиашро маҳфуз медорад, ки дар он қайдҳояш аз рӯзҳои аввали ба хизмати аскарӣ рафтан дида мешаванд.  Дар варақаҳои  заъфаронии дафтарчаи ҷайбӣ, аз ҷумла, сатрҳои зеринро хондан мумкин аст:

-10 майи соли 1940 ман барои адои хизмати аскарӣ даъватнома гирифтам. 13 май моро аз роҳи оҳани Ленинобод бо поезд гусел карданд. 16 май поезди мо ба шаҳри Кушка (Ҷумҳурии Туркманистон) расид…

Ӯ аз соли 1941 то ба Рӯзи Ғалаба дар майдони ҷанг буд. Баъди як соли ғалаба — тирамоҳи соли 1946 ба зодгоҳаш баргашт. Мирзошарифбобо беш аз 50 сол дар мактаби миёнаи №12-и ноҳия омӯзгорӣ ва 9 фарзандашро бо маоши ин касб соҳиби маълумоти олӣ намудааст. Фарзанди калонии оила — Мирзоҳошим шӯхиомез мегӯяд:

-Ман писарчаи 73 — солаи падарам ҳастам….

Ҳар сол шабу рӯзҳои Наврӯз фарзанди дигари ин бобои қаҳрамон — Мирзотоҳир аз номи падараш ба ҳама оши палави наврӯзӣ саховат мекунад. Сари дастурхони идона, ба ғайр аз 9 фарзанд, 37 набераву 85 абера ва  9 чабера, мардуми зиёд ҷамъ меоянд.

- Ман дар ҷанг азобу уқубати зиёд кашида, аҳд карда будам, ки агар умр боқӣ бошаду зинда баргардам, то лаҳзаи вопасин ба ҳама некӣ хоҳам кард. Ҳатто ба онҳое, ки ба ман бадиро раво бинанд, — мегӯяд ӯ.

Мирзошарифбоборо Сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон соли равон барои иштирок дар таҷлили 75 — солагии Ғалабаи бузург ба шаҳри Москва даъват кардааст.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»