ҲАДАФ – ЗИНДАГИИ ШОИСТАТАР

№64 (3544) 19.05.2016

Осоишта 1Ҷаҳони муосир бо мушкилоти печида рӯёрӯст. Арзишҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавӣ ҳар лаҳза зери таҳаввулот қарор доранд ва ин ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт мегирад.

Аз як тараф ин раванд падидаҳои мусбат дошта бошад, аз тарафи дигар паҳлуҳое дорад, ки сарнавишти инсон ва кишварҳои алоҳидаро зери хатар қарор додааст. Ин, пеш аз ҳама, ба табодули иттилоъ робитаи зич дорад, зеро дар ҷаҳони муосир тамоми рӯйдодҳо тавассути техникаву технологияи иттилоотӣ дар як лаҳза ба тамоми олам дастрас мегардад. Таъсири ин равандҳоро мо дар воқеаҳои Мисру Ливия, Сурияву Тунис ва баъзе дигар кишварҳои арабиву осиёӣ дидем. Аз ин раванд ҳеҷ кишваре берун буда наметавонад. Танҳо кишварҳое аз таъсири манфии ин равандҳо худро ҳифз карда метавонанд, ки мардумаш худшиносу худогоҳ буда, ба сарнавишти давлату кишвари хеш бетараф нестанд. Хушбахтона, мо — мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи воқеан демократии ҳуқуқбунёд, аммо бо дарназардошти таърих, фарҳанг, анъаноти давлатдории миллии хеш собитқадамем. Мо дастовардҳои ҷаҳони муосирро меомӯзем, бо дарназардошти арзишҳои ахлоқиву миллиамон онҳоро дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ истифода мебарем. Дар ин ҷода Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад.

Конститутсия ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ аст, ки муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи башариро дар самти давлатдорӣ ва ҳуқуқи инсон дар бар мегирад. Агар ин ҳуҷҷат тавассути иштироки васеи ҷомеа қабул гардад, арзиши он меафзояд. Аз ин дидгоҳ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумист, зеро бо иродаву раъйи мардуми кишвар қабул шудааст. Конститутсияи мо дар рӯзгоре таҳияву қабул гардид, ки тақдири миллат ва давлатдориамон зери хатар буд. Ҳамин Сарқонун буд, ки мо аз вартаи ноумедӣ раҳо ёфтем ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсози мардумӣ барои мустақилияти сиёсиву иқтисодӣ, болоравии эътибори давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ, таъмини суботи кишвар шароити мусоид фароҳам сохт. Бо дарназардошти пешрафту таҳаввулоти ҷомеа ду маротиба (солҳои 1999 ва 2003) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳама ҷавобгӯйи арзишҳои демократии муосир буданд.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави давлатдории хеш расидааст. Аз ин рӯ, раъйпурсӣ барои ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли равон бозгӯйи рушди ҷомеа ва давлатдории мо мебошад. Танҳо ба ду паҳлуи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки то кадом андоза онҳо дархӯри ниёзҳои ҷомеа ҳастанд. Аввал ин ки мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда (ба моддаи 8, қисми 6) таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидошта манъ аст. Ба андешаи инҷониб, ин пешниҳод муҳиму саривақтист, зеро эътиқоди диниву мазҳабиро мо бояд аз эътиқоди сиёсӣ фарқ кунем. Нагузорем, ки ҳар гурӯҳеву ҳар касе аз эътиқоди динии мардум ба манфиатҳои ғаразноки сиёсии худ суиистифода кунад. Мо ин таҷрибаи талхро аз сар гузаронидем. ҳамчунин, аҳзоби дар заминаи миллӣ ташкилшуда боиси низову тафриқаандозиҳо мегарданд. Дуюм, ба қисми 2, моддаи 34 пешниҳод шудааст, ки падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Пешниҳоди мазкур дар такя ба арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеаи мо ироа шудааст, зеро аз аввал ин масъулияти дутарафа мавҷуд буд. Тамоми осори панду ахлоқии гузаштагон дар ин бобат ишораҳо доранд. Аммо бо таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ дар солҳои охир ин суннати аҷдодии мо то андозае халал ёфт. Дар сатҳи конститутсия зикр шудани ин масъулият гувоҳи эътибори арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа дар назди давлат мебошад.

Мехоҳам чанд махсусияти раванди омодагӣ ба гузаронидани ин раъйпурсиро қайд кунам:

1. Пуштибонии амиқи мардуми кишвар аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин хусусиятро мо мунтазам тариқи воситаҳои ахбори омма, мулоқоту вохӯриҳо ба аҳолӣ мебинем. Азбаски дар фаъолияти худ доимо дар иртибот бо аҳолӣ ҳастем, мебинем, ки мардум муҳимият ва зарурати тағйиру иловаҳои воридшавандаро дарк кардаанд.

2. Нақши воситаҳои ахбори омма дар шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар рӯз тариқи расонаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону донишмандон, ҳуқуқшиносону ҷомеашиносон тағйиру иловаҳо, моҳият ва зарурати онҳоро тавзеҳ медиҳанд. Бо забони фасеҳ шарҳ додан барои дарки ҳаматарафаи ин тағйиру иловаҳо мусоидат кардааст.

3. Омили таҳкими Ваҳдати миллӣ гардидани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Эҳсос мешавад, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Дар суҳбату мулоқотҳо мешунавем ва эҳсос мекунем, ки дар гузашта ҳеҷ гоҳ ҷомеаи мо ба ҳадди имрӯз ба Ваҳдат нарасида будааст. Тамоми қишрҳои ҷомеа зарурати ин чорабиниро дар таҳкими давлатдории миллӣ, суботи кишвар ва Ваҳдати миллиамон дарк мекунанд.

Хулоса, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда на танҳо асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳким мебахшанд, балки барои тақвияти равандҳои демократӣ дар кишвар, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард. Яъне, ҳадафи ниҳоии тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда фароҳамсозии зиндагии боз ҳам арзандаву шоистатари мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Фирдавс ҶАҲОНГИРӢ,

прокурори ноҳияи Мастчоҳ, мушовири адлияи дараҷаи 1