Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зикр мекунанд, ки «… ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд ба сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинонидани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад…».
Ин нуктаро Ҳоҷӣ Маҳмад Шарифзода хуб дарк карда, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки аз худ чизе боқӣ гузорад.
ӯ қариб бист сол роҳбарии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-ро ба уҳда дошт. Дар ин муддат муассисаи мазкур аз таълими ибтидоӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба муассисаи таҳсилоти асосӣ сипас баъди сохта, ба истифода додани як бинои хуштарҳу замонавӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд. Ҳоҷӣ Маҳмад Шарифзода дар давраи роҳбариаш бо истифода аз маблағҳои худӣ ду синфхонаи дигар сохта, ба истифода дод. Маорифпарвари тоҷик Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ гуфтааст: «Мактаби ҳар қавме, ки обод аст, вай соҳиби тақдири худ мешавад».
Боғи муассисаи таълимӣ, ки дар замони сарварии Маҳмад Шарифзода бунёд ёфтааст, аз садҳо дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда иборат мебошад. Имрӯз онҳо боровар шудаанд ва мардум аз меваҳои он ком ширин мекунанд. Ҳамчунин бо маблағгузории Ҳоҷӣ Маҳмад як бунгоҳи тиббӣ сохта, роҳи байни деҳа сангфарш ва бо сарпарастии ӯ ду синфхонаву як утоқи кории муассисаи таълимӣ таъмир карда шуд.
Бузурге фармудааст: «Кас ҳамон вақт худро комил ҳисобида метавонад, ки лоақал хонае бунёд карда, фарзанди солеҳро ба камол расонад ва ё дарахтеро парварида бошад». Агар аз рӯи ин меъёр ба кору рӯзгораш назар кунем, пас Ҳоҷӣ Маҳмад вазифаи инсонии худро ба ҷо овардааст.
Насиба ҲАСАНОВА,
ноҳияи Муъминобод