ҶАВОНОН РОҲПАЙМОИ КАРДАНД

№17 майи соли 2016 17.05.2016

IMG_1538 (1)13 май беш аз 11 ҳазор ҷавонони вилояти Суғд, ба ҷонибдории маъракаи сиёсӣ дар кишвар, яъне  баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ  оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоӣ карданд.

Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ дар ҳузури ҷавонон таъкид кард, ки 22 май дар қаламрави Тоҷикистони азизи мо яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки воқеан барои оғози марҳилаи нави тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол замина фароҳам хоҳад овард.

- Аз ин рӯ, иқдоми шумо ҷавонони саодатманд баёнгари он аст, ки шумо ҷавонони бонангу ори Ватани азизи мо аз ин рӯйдоди бузург истиқбол намуда, рӯҳияи баланди худро дар ин тадбири муҳим баён дошта истодаед, — изҳор дошт номбурда.

Зикр шуд, ки дар мулоқоту суҳбатҳои хеш Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд, ки ҳар тадбире, ки андешида  мешавад, пеш аз ҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст.

Дар идомаи ин чорабинӣ ҳамчунин муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт:

- Мо ҷавонони саодатманди диёр хуб медонем, ки сиёсате, ки ҳоло Ҳукумати кишвар пеш гирифтааст, сиёсати созанда буда, дар заминаи талаботи қонунӣ асос ёфта манфиатҳои миллии халқамонро ифода ва ҳимоят мекунад. Ворид намудани  тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукаммал гардидани низоми сиёсиву ҳуқуқии давлат, устувории заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ эмин нигоҳ доштани давлат аз таҳдидоти замони муосир мусоидат менамояд. Сипас,  Мунира Шарифова, донишҷӯи соли аввали факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо намояндагӣ аз номи ҷавонон суханронӣ кард ва гуфт, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Қобили таъкид аст, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани раъйпурсӣ дар вилояти Суғд тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, сокинони вилоят дар 18 ҳавза ва 923 участка раъй хоҳанд дод. Теъдоди раъйдиҳандагон дар вилоят 1 миллиону 377 ҳазору 509 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 40 ҳазору 600 нафар бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд.

 Абдувосит САЛИМЗОДА,

«Садои мардум»