Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№49 (3034) 22.04.2013

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Истифодаи самараноки замин бехатарии амнияти озуқавориро таъмин менамояд»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 28 феврали соли 2013 таҳти №24 (3009) чоп шудааст, баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад:

Зикр кардан зарур аст, ки дар солҳои охир ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 31 октябри соли 2009 таҳти №612 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» тасдиқ гардидааст, хуб шуда бошад ҳам, аммо хоҷагиҳо то ҳол заминҳоро самараноку оқилона истифода намебаранд.

Агар дар соли 2011-ум 21923 гектар замини корам, аз ҷумла 14880 гектар замини корами обӣ бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, набудани об барои обёрӣ, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот ва дар соҳаи кишоварзӣ истифода шудани онҳо бошад, соли 2012-ум дар ҷумҳурӣ 19571 гектар замини корам, аз ҷумла замини корами обӣ 14559 гектар аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти заминсозии дар маҳал бударо вазифадор намудааст, ки бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намуда, дар гардиши кишоварзӣ қарор доштани заминҳои таъиноти кишоварзиро таҳти назорат гиранд.

Нисбати ин масъала Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо ташкил намуда, тариқи рӯзномаҳо, радио ва телевизион баромадҳо ташкил намуда, барои ҷалби сармоягузорон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 

М. ЗОКИРОВ,

раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон