Нидои дил

Ба як порча замин муҳтоҷем

№149 (4099) 12.12.2019

Бо амри тақдир ману ҳамсарам аз забони гӯё маҳрум буда, соҳиби ду фарзандем. Ғайр аз мо додарам низ  лол аст. Новобаста аз ин, шукри Худоро мекунем, ки касеро сухани бад гуфта наметавонем. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,  

Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

Бо нафақае, ки бароямон муқаррар шудааст, зиндагиамонро пеш мебарем. Мушкилие водор кард, ки ба рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат намоем. Дар як ҳавлӣ чор оила зиндагӣ мекунем, ки дар маҷмӯъ 20 нафарем.  Баъзан кӯдакон бинобар тангии ҷой бо ҳам муросо накарда, калонсолонро асабӣ месозанд. Ба замми ин, модарамон бемории бистарист.

Муҳтоҷи як порча замин ҳастем, то кулбае сохта, мус­тақилона зиндагӣ кунем. Борҳо ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат намудем, вале мушкили мо ҳалношуда боқӣ монд.

Дар вақташ аз болотари деҳаи мо аз ҳисоби  замини лалмӣ ба садҳо оила замин доданд. Баъзеҳо бо ҳар роҳ соҳиби ду-се қитъаи замин шуданду ба мо то ҳол замин ҷудо накардаанд. Бо ин мақсад нома навиштем, ки шояд нидои дили мо ба самъи масъулон мерасаду бароямон як порча замин ҷудо мекунанд.

Бобошариф НАБИЕВ, сокини деҳаи Зафари деҳоти «Чоряккорон»-и ноҳияи Рӯдакӣ