Барои рушди сайёҳӣ мутахассисон чун обу ҳаво лозиманд

№7 (3957) 17.01.2019

otdyihАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимтарини  иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро мавриди  таҳлили амиқу дақиқ қарор дода, аз ҷумла, зикр намуданд: «Шумораи сайёҳоне, ки соли 2018-ум ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017-ум дуюним баробар афзудааст, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест… Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021-ум «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд».

Ин иқдом идомаи тадбирҳои қаблӣ мебошад ва умед аст, дурдасттарин деҳоти мамлакат рушду нумӯъ намуда, таваҷҷуҳи теъдоди бештари сайёҳонро ҷалб месозанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири  рушд додани соҳаи сайёҳии мамлакат, бунёди инфрасохтори соҳа ва ба сайёҳони ҳориҷиву дохилӣ пешниҳод намудани хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ як қатор имтиёз­ро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба роҳ монд, ки онҳоро рӯҳбаланд намуд.

Ҳар сол сайёҳони зиёд аз мамолики гуногуни олам вориди кишвар мегарданд. Тайи солҳои охир яке аз мавзеъҳои сайёҳие, ки диққати онҳоро ба худ ҷалб менамояд,  Маҷмааи сайёҳию лижаронии «Сафеддара» мебошад, ки дар минтақаи зебоманзари Варзоб ҷойгир аст. Он шароити мусоиди истироҳат дошта, лижарониро дар мамлакат аз нав эҳё намуд ва нафарони зиёдро водор сохт, ки ба ин намуди варзиш рӯ оранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз табиат, обу ҳавои мусоид ва манзараҳои дилфиреб имрӯзҳо дар бархе аз минтақаҳои сайёра  соҳаи мазкур  манбаи хуби даромад гардида, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Хушбахтона, дар радифи дигар давлатҳо Тоҷикистон низ бо табиати нотакрор ва оби софу зулол таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ба худ ҷалб намуда метавонад. Вале ҷиҳати рушду густариш додани соҳа кадрҳои соҳибихтисос заруранд. Зарур аст дар муассисаҳои таълимӣ мутахассисони болаёқатро тарбия намуда, ба пешрафти соҳа ва кишвар мусоидат  намоем.

Тоҷиддин НАРЗУЛЛОЕВ, омӯзгори Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе