Бесарусомонӣ дар соҳаи хизматрасонӣ

№148 (4098) 10.12.2019

Ё чаро меъёри қонунҳои соҳа сарфи назар мешаванд?

Боре шоҳиди баҳси ронанда бо усто шудам, ки аввалӣ мебоист системаи гармидиҳии автомобилашро таъмир мекард. Дар баробари ин, чанд қисми ҷузъии мошинро низ иваз кардан лозим буд. Усто барои иҷрои корҳои зикршуда, дар маҷмӯъ, 1 соату 20 дақиқа сарф ва 350 сомонӣ талаб намуд. Ронанда эътироз кард, ки маблағи зиёд талаб дорад, вале ноилоҷ онро пардохт.

Ҳамсояам нақл кард, ки барои насби таҷҳизоти гармидиҳӣ усто (сантехник) даъват намуд. Баъди шинос шудан бо ҳаҷми кор ӯ гуфтааст, ки ҳаққи заҳматаш 1000 сомонӣ мешавад.

ae13cc5s-1920Вақте ки пурсидааст, чаро ин қадар гарон, усто ҷавоб додааст, ки дар биноҳои баландошёна, ки системаи гармидиҳӣ пурра тайёр аст, батареяро баъд аз пардохти 200 сомонӣ насб мекунад. Дар ҳавлӣ бошад, 300 — 400 сомонӣ, зеро ҳаҷми кор зиёдтар аст. Чун пурсидааст, ки чунин нархгузорӣ дар кадом асос аст, ҷавоб додааст, ки сантехникҳо бо чунин нарх кор мекунанд. Агар ман бо нархи арзон ин корро анҷом диҳам, хуб намешавад. Ҳамсоя маҷбур мешавад, ки устои дигар пайдо кунад ва нафареро ёфт, ки розӣ шуд корро бар ивази 300 сомонӣ иҷро намояд. Пас аз он ки омада, макони насби таҷҳизоти гармиро дид, бо нархи маслиҳатшуда розӣ нашуд ва 500 сомонӣ талаб кард. Барои иҷрои кор як рӯз вақт сарф шуд, аммо таҷҳизот кор накард. Устоҳое, ки пеш аз шурӯи кор лофи мутахассиси хуб буданро мезаданд, пас аз чунин ранг гирифтани кор «сару калобаашон»-ро гум карданд. Ба якчанд нафар занг зада, маслиҳат пурсиданд, аммо бенатиҷа. Дар охир розӣ шуданд, ки бинобар дуруст кор накардани системаи гармидиҳӣ 150 сомонӣ камтар гиранд. Хулоса, соҳибхона барои таъмир дубора усто даъват кард.

Ба чунин бесарусомонӣ дар соҳаи хизматрасонии кишвар ҳар рӯз вомехӯрем. Сари ҳар қадам нуқтаҳои таъмири телефону телевизор ва дигар техникаи маишӣ фаъолият мекунанд. Илова бар ин, дар даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, ҳатто танаи дарахтон, рақами телефони устоҳо навишта шудааст. Ин хуб аст, зеро мардум ҳангоми зарурат барои пайдо кардани онҳо саргардон намешаванд. Аммо ҳангоми иҷрои кор нодида гирифтани талаботи қонун, баъзан боиси нофаҳмӣ миёни мизоҷ ва иҷрокунанда мегардад.

Шаҳрвандон аз гарон будани ҳаққи хизмати устоҳо изҳори норозигӣ мекунанд. Мардум бисёр вақт ҳаққи хизмати онҳоро бо маоши ҳадди ақал муқоиса менамоянд. Аммо ҳангоми зарурат ба ҷуз пардохт кардан дигар илоҷ надоранд. Дар тавсеа ёфтани ин раванд масъулин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро сабаб медонанд. Далел меоранд, ки барои ҳимояи ҳуқуқашон талош намеварзанд. Чӣ кор бояд кард, то соҳибкорони инфиродӣ фаъолиятро дар доираи талаботи қонун ба роҳ монанд?

Мудири бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») Ҳабибулло Ғуломзода гуфт, ки ҳангоми додани шаҳодатномаи хизматӣ мувофиқи қонунгузорӣ соҳибкорон барои таҳия ва тасдиқи нархнома огоҳ карда мешаванд. Дар фаъолияти минбаъдаи онҳо ба назар нагирифтани нархнома масъалае мебошад, ки шаҳрвандон дар заминаи муроҷиат ба мақомоти марбута бояд ҳаллу фасл намоянд.

- То ин вақт нафаре барои набудани нархнома дар марказҳои хизматрасонӣ ба мо муроҷиат накардааст. Агар муроҷиат шавад, дар доираи қонун ҳатман чораҷӯйӣ мегардад, — изҳор дошт номбурда.

Ҳамсуҳбатам афзуд, ки мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» мақомҳои санҷишӣ 5 рӯз пеш аз оғози санҷиш дар ин ё он субъекти хоҷагидор бояд масъулини онро огоҳ намояд. Аммо дар ин муддат соҳибкор фаъолияташро ба талабот мувофиқ месозад.

 ТАВАҚҚУФГОҲҲОИ «ЗАМОНАВӢ»

 DSC_0512Масъалаи дигаре, ки «мӯд» шудааст, табдил додани саҳни бозору биноҳои истиқоматӣ ба макони пулкоркунӣ мебошад. Мутаассифона, дар чунин ҷойҳо бо кашидани як сим ва мондани нозире аз ронандагон пул мегиранд. Масалан, вақте мизоҷ барои таъмири автомобил ба нуқтаи таъмир ворид мешавад, ҳатман бояд маблағи муайянеро ба дарбони он супорад. Ин дар ҳолест, ки соҳиби мошин барои таъмири автомобил ба усто маблағ месупорад ва усто ба соҳибони маркази таъмир иҷорапулӣ медиҳад. Чунин макони пулкоркуниро дар дилхоҳ бозори кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, гирду атрофи бозори «Султони Кабир».

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гуфтанд, ки пулакӣ будани таваққуфгоҳҳои назди бозорҳои бузург, аз ҷумла, «Султони Кабир»-у «Корвон», мувофиқа шудааст. Аммо ҷойҳое, ки барои чунин кор муайян нашудаву танҳо бо кашидани як сим ва ё гузоштани монеа аз ронандагон пул мегиранд, ғайриқонунист.

 ФИРЕБИ МИЗОҶОН

Мушкили дигаре, ки боиси поймол шудани ҳуқуқу манфиати истеъмолкунандагон аст, баъзан аз ҷониби муассисаҳои хӯроки умумӣ (чойхонаву ошхона ва тарабхонаҳо) роҳ додан ба фиреби мизоҷон мебошад. Гарчанде муассисаҳои хӯроки умумӣ бо нархнома таъмин бошанд ҳам, гоҳо барзиёд ҳисоб кардани маблағ аз ҷониби онҳо ба назар мерасад. Борҳо мизоҷон аз фиребгарии пешхизматҳо дар ин ё он ошхонаву тарабхона шикоят кардаанд. Сардори нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Сайидмаҳмуд Саидов низ ҷой доштани ин мушкилро тасдиқ кард.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии роҳ додан ба ин камбудиҳо, пеш аз ҳама, паст будани малакаи касбии роҳбарон, пешхизматҳо ва дигар кормандони муассисаҳо мебошад.

 ҚОНУН ЧӢ МЕГӮЯД?

Tochikstandart-1Масъалаҳои дар мақола баррасишударо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» танзим менамоянд. Мувофиқи онҳо, ҳангоми пешниҳоди мол, кор ва ё хизматрасонӣ доштани нархнома ҳатмист ва иҷро накардани ин талабот ҷавобгарӣ дорад. Мувофиқи моддаи 633 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Начаспондани нархномаҳо ба моли фурӯхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ» ном дорад, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Мувофиқи банди 2 моддаи мазкур, агар ин амал дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир карда шавад, маблағи ҷарима мутаносибан аз панҷ то ҳафт ва аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт», дар даҳ моҳи соли равон тибқи моддаи мазкур барои мавҷуд набудани нархнома дар 2336 ҳолат ба маблағи 202 365 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст. Тибқи моддаи 632 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои надодани чек дар 215 ҳолат ба маблағи 49 645 сомонӣ ва мувофиқи моддаи 641 кодекси мазкур, барои риоя накардани қоидаҳои савдо дар 257 ҳолат гунаҳкорон ба маблағи 95 785 сомонӣ ҷарима шудаанд.

 БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Taxis_iStock.com_Foto-Maxiphoto_DL_PPT_0-702x336Таҷрибае, ки натиҷаи хуб дод, татбиқ шудани нархномаи кирокашҳо (таксиҳо)-и шаҳри Душанбе мебошад. Ба касе пӯшида нест, ки солҳои пеш, бо вуҷуди муайян будани нархнома, аксари кирокашҳо онро риоя намекарданд. Чанд сол пеш масъулини пойтахт бо талаб кардани иҷрои қонунгузории кишвар ба ин бенизомӣ хотима бахшиданд. Акнун сокинону меҳмонҳо медонанд, ки таксиҳо нархи воқеии хизматрасониро мегиранд. Чунин тарзи кор миёни ширкатҳо рақобати солимро ба вуҷуд овард. Дар баробари ин, ба ҷойи автомобилҳои фарсуда мошинҳои замонавии истеҳсоли хориҷӣ сафарбар шуданд. Ин таҷриба баёнгари он аст, ки дар сурати мавҷуд будани хоҳиш ва иродаи масъулин метавон дилхоҳ соҳаро ба танзим даровард. Пас, набояд ҳама корро ба ҳоли худ гузошт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»