Аз ҳаёти вакилони халқ

Бонуи накуном

№106 (3900) 30.08.2018

ваыфваСиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки аз оғози Истиқлолияти давлатӣ мақому манзалати зан-модар ва бонуи сарвар дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад.

Яке аз нахустин чораҷӯйиҳо  дар ин ҷода ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2005 «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои амалигардонии онҳо» ва «Барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» маҳсуб меёбанд.

Дар робита ба ин, китоби рӯзгори ибратомӯз ва роҳи тайкардаи бонуи фаъол, соҳибмаърифату соҳибхирад Санавбар Раҳимова — набераи яке аз поягузорони маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, олими маъруф, доктори илм, нахустин профессори тоҷик, дорандаи унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва нишони «Ситораи заррин» (дараҷаи 1) Аббос Алиев, ки мисли бобои бузургаш дар рушди ҷомеа саҳми намоён гузоштааст, мехоҳем варақгардон намоем. Ӯ дар иҷрои вазифаҳои базиммадош­та бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, то ин ки рисолати ба сомон расондааш дархӯри дарди ҷомеа, ҷавобгӯ ба талаби рӯз ва орӣ аз камбудӣ бошад, зеро вуҷудаш саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан, ростию ҳақиқат, садоқату назофат ва хислатҳои дигари ҳамидаи инсонист.

Ин бонуи накуномро аз замони омӯзгори Институти политехникии Тоҷикистону баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ғоибона мешинохтам. Вай соли 2005 муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардида, соҳаҳои иҷтимоиёту фарҳанг ва тандурус­тию маорифу матбуотро сарпарастӣ намуданд.

Он вақт ман дар вазифаи сармуҳаррири нашрияи ҷамъиятию сиёсии пойтахт — «Паёми Душанбе»  фаъолият мекардам. Таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, собиқ раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ва роҳбаладии бевоситаи Санавбар Раҳимова беш аз 10 сол кор карда, сабақи зиёд гирифтам.

Муаллима Санавбар Ҳусейновна (шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамеша ва бо эҳтиром чунин ном мебарем) инсонест покзамиру дилкушод, покниҳоду дилёб, ботамкину матинирода, хушкалому хушрафтор, чеҳракушод, меҳрубону ғамхор ва шикастанафсу фурӯтан. Бо назокат ва ҷиддӣ сухан меронаду алайҳи беадолатиҳо ҳамеша дар набард аст. Бо ҳақталошию ҳақшиносӣ ва поси эҳтироми хурду калон, кори неку номи накуяш маҳбуби қалбҳои хосу ом гаштааст. Ӯро метавон ба офтобе ташбеҳ дод, ки бо нурҳои зарҳалину дурахшон олами ҳастиро сафову рӯшноӣ ато менамояд.

Ёд надорам, ки муаллима дар рафти фаъолияти якҷояи корӣ боре ба тобеон ва корафтодагону шаҳрвандон муносибати сард кардаву сухани беҷое гуфта бошанд. Мудом бо тамкини хос ва меҳрубонию самимият муошират намуда, аз масъулин ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекарданд. Агар  камбуде рӯй медод, фавран роҳи ҳаллашро ҷӯё  мешуданд. Дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта аз дигарон сахтгиру серталаб ва муваффақ буданд.

Имрӯз агар саҳфаеро аз китоби рӯзгори ӯ варақгардон намоем,  бармало эҳсос мекунем, ки умри пурбаракаташ, ҳамчун ҳаёти гузаштагони бузургаш рангину ибратбахш аст.

Санавбар Раҳимова солҳои 1979-1980 дар вазифаи ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва  ташкили сохтмон»-и ДТТ, 1980-1981 котиби ташкилоти комсомолии факултети сохтмон ва 1981-1985 котиби кумитаи комсомоли донишкадаи мазкур фаъолият намуд. Соли 1985 ба аспирантураи назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил  шуда, онро соли 1988 бомуваффақият хатм кард ва рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Такмили сохторҳои ташкили идоракунии маҷмааҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи муҳандисию иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Палмиро Толяти ҳимоя  намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гардид. Баъди хатми аспирантура ба донишкадаи азизаш баргашта, аввал дар вазифаи дотсенти кафедра, баъдан ба  сифати муовини декани факултети меъмориву  сохтмон, мудири кафед­раи «Иқтисодиёт ва менеҷменти сохтмон» кор  кард.

Соли 2000-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва то соли 2005 ҳамчун раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг, экология ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа фаъолият намуд. Дар он солҳо ҳамчун узви фраксияи Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон ва узви Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисод, илм, технология ва муҳити зист дар Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) пурмаҳсул кор кард.

Солҳои 2005-2014 зимни ифои вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе корҳои шоёну назаррас ба анҷом расонид. Ду даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Муаллима барои фаъолияти пурсамар соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Шараф (дараҷаи 2) сарфароз гардид. Аз соли 2014 то соли 2017 дар вазифаи мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикис­тон фаъолият кард.

Чанд рӯз пеш ин бонуи наҷибу меҳрубон  ҷашни камолот доштанд. Аз мавриди муносиб истифода бурда, ҳамчун шогирди қадрдон ба муаллимаи азиз беҳтарин хушиҳои ҳаётро орзумандам. Ба қавли шоир:

То ки гардун пир бошад, бахти ту бошад ҷавон,

То куҳан бошад ҷаҳон, иқболи ту бошад ҷадид!

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон