Чӣ тавр Кабирӣ нисбат ба Зюганов ва Жириновский «пештоз» гардид?

№49 (3034) 22.04.2013

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои баланд бардоштани эътибори хеш ба собиқаи фаъолияташ 20 солро зам намуда, бо ин на танҳо аҳли ҷомеаи ҷаҳон, балки аъзои созмони худро низ ба иштибоҳ андохт. Ҳанӯз дар оғози соли равон аз ҷониби ин ҳизб бо садои баланд изҳор шуда буд, ки дар моҳи апрел ҷашни 40-солагии он ба таври васеъ, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил хоҳад шуд. Дар миёни аҳли сиёсат, ҳатто ҳеҷ як аз сиёсатмадори ашаддии русӣ чунин берӯйиеро ба худ раво надида буд, ки худро ноҳақ вориси ҳуқуқии асосгузори ҳизбе бихонад, ки ба номи он мушобеҳ аст ва хизматҳову солҳои фаъолияти ӯро аз худ намояд. Гарчанде ки Ҳизби коммунисти имрӯзаи Федератсияи Россия бо сардории Г.А. Зюганов воқеан ҳам идомадиҳандаи кори Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буда, нишонаҳои онро (дар шакли байрақи сурх, дос, болға, рӯзномаи «Правда» ва «Интернатсионал») ба мерос бурда ва то ба имрӯз сохтмони сотсиализмро мақсади кори худ қарор дода бошад ҳам, ҳамаи ин ба коммунистҳои муосири Федератсияи Россия иҷозати онро надодааст, ки рӯзи таъсисёбии созмони худро на моҳи июни соли 1990, вақте ки Ҳизби коммунисти РСФСР дар ҳайати Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфтааст, балки санаи дигаре бидонад. Дар ҳоле ки онҳо интихоби васеъ дар даст доштанд: соли 1898 ташкилёбии Ҳизби коргарии сотсиал-демократҳои Россия (РСДРП), баҳори соли 1917 – РСДРП (б), 1918 – Ҳизби коммунисти Россия (РКП) (б), 1925 – Ҳизби коммунисти умумишӯравии болшевикон (ВКП) (б), 1952 – Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ. Г.А. Зюганов бар хилофи М. Кабирӣ муаддабона нисбат ба гузаштагони идеологии хеш (аз В.И.Ленин то И.П.Полозков) иззату эҳтироми хосе зоҳир кард. Баръакси раиси ҲНИТ пешвои имрӯзаи Ҳизби коммунисти Федератсияи Россия сароғози фаъолияти худро оқилона ба ҳисоб гирифта, хизматҳои бегонагонро аз худ намекунад. Мутаносибан, дар ҳоле ки ҳатто сиёсатмадори ғайримуқаррарӣ В.Жириновский таъсисёбии ҲЛДСС (ЛДПР)-ро соли 1990 эълон кард, на ин ки нимаи дуюми асри XIX, ки дар Россия ин ҳизб аз ҷониби ҳаммаслакони либерал-сотсиалҳо ташкил шуда буд. Сиёсатмадорони рус ба гузаштагони худ бо эҳтиром муносибат мекунанд, корномаашонро ёд кардаву номашонро пос медоранд. Чӣ метавон гуфт, ки исломгароҳои мо кайҳо хизматҳои гузаштагонашонро аз худ намудаву боре ҳам аз ақидаҳои пешвои ғоявии хеш Мавлавии Ҳиндустонӣ, ки дар ҷаҳон чун Муҳаммадҷон Рустамов маъруф аст, ёдовар намешаванд. Тавре ки амиқ ба чашм бармехӯрад, ӯ барои ислом чун Маркс, Энгелс ва Ленин аст. Имрӯз бошад, тоҷи ифтихори ӯро ноҳақона роҳбарияти кунунии ҲНИТ аз худ намудаанд.

Санаи тавлиди ҲНИТ-и муосир, ҷашни дурӯғини он ҳам аз пешвоёни гузаштагонашон дуздида шудааст. Дар оғоз ҲНИТ ҳамчун филиали тоҷикистонии Ҳизби исломии умумииттифоқии ИҶШС, ки моҳи июни соли 1990 дар Астрахан таъсис шуда буд, дида мешуд. Бояд рӯзи таъсиси хусусии ҲНИТ 27 октябри соли 1991, ки нахустин ҷаласаи Анҷумани муассисони ҳизб доир шуда буд, ҳисобида шавад, ё ҳатто, 4 декабри соли 1991, вақте ки он расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд. Вале, аллакай моҳи июни соли 1993 фаъолияти ҲНИТ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти зиддиконститутсионӣ, ташкил ва гузаронидани митингҳои бидуни иҷозат, инчунин барои таъсиси ғайриқонунии гурӯҳҳои силоҳбадаст дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғоз кардани ҷанги шаҳрвандӣ манъ гардида буд. ҲНИТ дубора 28 сентябри соли 1999 ба қайд гирифта шуд. Ҳатто дар сурати ҷамъ намудани ин ҳама санаҳои зикршуда низ чил сол ҳосил намешавад.

Чаро маҳз ин санаро наҳзатиҳо мехоҳанд таҷлил намоянд? Барои он ки ҲНИТ дар тафовут аз шарикони сиёсии руси худ, ноҳақона Созмони пинҳонии мазҳабии ҷавонон «Наҳзати исломӣ»-ро, ки гӯё 20 апрели соли 1973 аз ҷониби С.А.Нурӣ таъсис ёфта буд, аз худ карда, сароғози фаъолияти хешро аз ҳамон рӯз шуморидаанд. Дар воситаҳои ахбори омма аллакай чандин маротиба муфассал масъалаи эҳтимоли мавҷудияти гурӯҳҳои пинҳонии исломӣ дар қаламрави ИҶШС дар солҳои 70-уми асри гузашта таҳлил шудааст. Танҳо ҳаминро ёдовар мешавем, ки дар ин солҳо ҳатто асосгузори ҳаракати мазҳабӣ-экстремистӣ дар Осиёи Марказӣ – Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) арзи вуҷуд надошт, то чӣ расад ба мавҷудияти кадом як гурӯҳи хурди ғайриқонунии исломӣ. Бахусус, дар қаламрави Тоҷикистони шӯравӣ, ки (ба мисли ҳамаи кишварҳои дигар) дар зери назорати қатъии мақомоти амният қарор дошт. Дар ин ҷо ташкилотҳои ғайришӯравӣ на ин ки фаъолият намекарданд, ҳатто таъсис дода ҳам намешуданд. Дар соли 1973, ки ҲНИТ онро соли таъсисёбии худ мешуморад, тавлиди ҳизби исломии комил ё ҳатто ҳавзаи маҳаллии он имконнопазир буд. Воқеан, ин сарусадоҳо дар мавриди санаи таъсисёбии ҳизби мазкур ҷуз хаёли хоме беш нест.

Ба ҷойи ин ҳама иддаову такаббури худ оид ба собиқаи кории дурудароз пешвоёни ҲНИТ-ро мебояд аз ҳаммаслакони хоксори россиягии худ ибрат гиранд. Ин ҷашни бардурӯғу бофтаи ҲНИТ-ро мумкин аст чун ҳазли рӯзи ханда (1апрел) пазируфт. Беҳуда нагуфтаанд, ки моҳи апрел- моҳи ҳазлу шӯхӣ аст!

 

Самир ТИЛЛОЕВ