Нуқтаи назар

Чаро ҷавонон ба роҳи каҷ мераванд?

№101 (4841) 19.08.2024

авТоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки зидди терроризму ифротгароӣ мубориза мебарад. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва асноди байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ташкил медиҳанд.

Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардид, ки мақсади он, пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ифротгароӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад: динӣ, сиёсӣ, миллию этникӣ ва идеологӣ. Имрӯзҳо ифротгароии динӣ ба худ маънии васеъ пайдо кардааст. Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсус сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми асри ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ — «Толибон», «Ал-Қоида» ва «Ҳизб-ут-таҳрир» мушоҳида карда метавонем. Дар Ғарб бошад, ифротгароии масеҳӣ низ вомехӯрад. Аммо мо — тоҷикон, дар ҳар шакле, ки набошад, ифротгароиро қабул надорем. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза чӣ амалҳои ифротгароӣ ва чӣ амалҳои террористӣ зуҳуроти номатлуб мебошанд. Он, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунад.

Террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарсу ҳарос ва даҳшат мебошад. Он воситаи пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зӯрию даҳшатафканӣ арзёбӣ мешавад. Таърихи пайдоиши мафҳуми терроризм ба соли 1792 рост меояд. Террор ба матбуоти муосир дар давраи инқилоби Фаронса бо кӯшиши жирондистҳо ва якобинчиён ворид шуд. Онҳо соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазирони ҳукуматро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрави чап иваз кунад. Маҳз ҳамин вақт ходимони инқилоб эълон карданд: «Бигзор террор масъалаи рӯз бошад».

Коршиносон шаклҳои зуҳури терроризмро ба намудҳои терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ ҷудо мекунанд. Аз рӯйи хислати иҷтимоӣ бошад, терроризм ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ ҷудо мешавад.

 Мутаассифона, рӯз ба рӯз амалҳои террористӣ дар ҷаҳон зиёд мегарданд. Масалан, аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта, аз соли 1980 то соли 1986 ин шумора ду баробар афзудааст. Аз рӯи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА дар ҷаҳон ҳар сол аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.

Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки даҳҳо абармардони таърих дар натиҷаи амалҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд. Чунончӣ, Сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ 31 октябри соли 1984 аз дасти террористони сикҳ ба қатл расонида шуд. Солҳои 1990-1993 созмони террористии «Бабрҳои озодибахши Тамил Илама» дар Шри-Ланка чанд шахсияти сиёсӣ, аз ҷумла Сарвазири Ҳиндустон Раҷив Гандӣ (1991), Президенти Шри-Ланка Ранасингҳ Премадас (1993) ва дигар ходимони баландрутбаи давлатию низомиро ба қатл расонид. Соли 2001 фарзанди фарзонаи миллати афғон, вазири мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифта, аз тарафи ду нафар наворбардор ҳангоми мусоҳиба ба қатл расонида шуд.

Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1990 инҷониб чандин амалҳои террористӣ анҷом дода шудааст. Дар давраи истиқлолият беш аз 200 гурӯҳи трансмиллии террористӣ дастгир ва сарнагун шуданд. Ин гурӯҳҳои террористӣ, дар маҷмӯъ, беш аз 3000 ҷиноят, аз ҷумла 170 амали террористӣ, содир намудаанд.

Дар ҳар давраи таърихӣ зуҳуроти манфие пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ба давлату миллати хеш зарар расонанд. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза аксарияти аъзои ин гуна гурӯҳҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бархе аз ҷавонони нодони имрӯза силоҳ ба даст гирифта, зери шиори бо ном «ҷиҳод» мардуми бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд ва дини мубини исломро бадном мекунанд, дар ҳоле ки дар дини мубини ислом хушунату даҳшатафканӣ қатъиян манъ аст.

Бисёр коршиносон ба он назаранд, ки бозиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аст, ки барои расидан ба мақсадҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Хусусан, дар ҷаҳони ислом бо истифода аз эътиқоди динии мардум ва аз он дигаргуниҳое, ки дар мазҳабҳои ислом мавҷуд аст, суиистифода менамоянд ва зиддиятҳоро роҳандозӣ карда, манфиатҳои хешро амалӣ намудан мехоҳад. Бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайрисуннатиро таъсис дода, онро дар кишварҳои исломӣ паҳн месозанд. Онҳо мардумеро, ки донишу ҷаҳонбинии саҳеҳ надоранд, бо сармоя ва аслиҳаи ҷангӣ таъмин намуда, гӯё ба роҳи ҳақ даъват менамоянд. Аммо дар асл чунин нест. Ифротгароӣ гумроҳист. Онро дар психологияи имрӯза як навъи худкушӣ низ ҳисобидаанд. Ин гуна инсон аз чизе огоҳ нест. Ӯро нафаре раҳнамоӣ мекунад ва ӯ худро қурбон месозад.

Нафароне, ки амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, гумон мекунанд дар ҷомеа ноадолатиҳо сурат гирифтааст ва гӯё барои барқарор кардани адолат мубориза мебаранд. Аммо амалҳое, ки анҷом медиҳанд, аз он ба ҷомеа ҳеҷ манфиате намерасад. Баръакс, террорис­тон аҳолии осоиштаро ба ҳалокат мерасонанд, иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятиро метарконанд, занону кӯдаконро ба асорат мебаранд, ёдгориҳои таърихию фарҳангиро несту нобуд мекунанд ва даҳҳо амалҳои номатлуби дигарро ба сомон мерасонанд. Оё сохтани муассисаҳои таълимӣ, бунёди иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ беадолатӣ аст? Ё таваҷҷуҳ зоҳир намудани давлату ҳукумат нисбат ба занону духтаронро, ки барои баланд бардоштани шароити иҷтимоӣ равона шудааст, метавон беадолатӣ номид? Ҳаргиз!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки хонанд, илму ҳунар омӯзанд ва аз амалҳои террористию ифротгароӣ дурӣ биҷӯянд. Рӯзгори худ ва наздиконашонро тира насозанд.

Ҷавонон дар навбати худ бояд дарк намоянд, ки онҳо ояндаи ин миллату давлатанд. Агар хоҳем, ки ҷомеаи мо рушд кунад ва оянда аз имрӯз зеботару шукуфотар бошад, бояд пайваста дониш омӯзанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошаду аз нигоҳи сиёсӣ зирак, ҳеҷ вақт фирефта намегардад.

Б. ХОЛИҚЗОДА,

раиси суди ноҳияи Файзобод