Пешниҳод

Чаро барои мӯйсафедон чойхонаҳо заруранд?

№7 (3957) 17.01.2019

Ба пирони забун кун дастгирӣ,

Ки дар пирӣ бидонӣ қадри пирӣ.

Хонандагони азиз, оё боре аз худ суол кардаед, ки нисбат ба пиронсолон то чӣ андоза ғамхорем? Оё онҳо барои истироҳату дамгирӣ шароит доранд? Гоҳи фориғ аз ташвишҳои рӯзгор вақтро дар куҷо ва чӣ тавр мегузаронанд? Ҷавонон бо онҳо дар куҷо нишаста, суҳбат карда метавонанд?

Эҳтимол дар баъзе деҳот, бахусус, шимоли мамлакат, шароит мавҷуд бошад. Вале дар шаҳрҳо, дар пойтахти кишвар чӣ?

Аминем, ки ҷавоби ҳар яке ба ин суолҳо он қадар хушоянд нахоҳад буд…

Имрӯз барои таҳсил, касбомӯзӣ ва истироҳату фароғати наврасону ҷавонон дар пойтахти мамлакат ҳама шароит мавҷуд аст. Дар ҳар шаҳраку маҳалла майдончаҳои зебову муҷаҳҳази варзишӣ, дар ҳар қадам қаҳвахонаву тарабхона, театру кинотеатр, варзишгоҳҳои бузург ба чашм мерасанд. Теъдоди толорҳои консертӣ низ рӯ ба афзудан аст. Вале барои пиронсолон чӣ бунёд кардем?

Солҳои пеш пиронсолони маҳаллаи «Яккачинор» ва гирду атрофи он аз субҳ то шом дар чойхонаи маҳалла ва саҳни ҳавлии мағозаи қаннодӣ, ки дар шафати он ҷойгир буду ҳоло дар ҷойи он ҳаммоми русӣ ва тарабхонаи «Форел» (собиқ «Русский двор») бунёд шудааст, ҷамъ меомаданд. Он гуна, ки имрӯз ин мавзеъ ба гӯшаҳои гуногуни кишвари рус шабоҳат дорад, он айём рӯҳу бӯи тоҷикӣ дошт. Бинои чойхона тарҳу ороиши миллӣ дошт. Табиист, ки аксари пиронсолон сарулибоси тоҷикона — ҷомаву ҷелак ба бар доштанд. Мӯйсафедон дар ин ҷо субҳона хӯрда, рӯзномаву маҷалла мутолиа менамуданд, тавассути радио суруду тарона ва хабарҳои тозаро мешуниданд, оид ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар суҳбат меоростанд, шашкаву шоҳмот мебозиданд, хулоса, дам мегирифтанд. Ҳамроҳи пиронсолон ҷавонон низ буданд, ки домино, шашка ва шоҳмот бозӣ мекарданду аз панду андарзи пиронсолон баҳравар гардида, дарси ахлоқу одоб ва зиндагӣ меомӯхтанд.

Офарин ба бунёдгарони ин ҳаммом ва тарабхона, ки ин ҷузъи маҳалларо ҳусни нав бахшидаанд, вале афсӯс, ки пиронсолон аз ҷойи ҷамъшавию суҳбат маҳрум гаштанд!

Дар гузаштаи на чандон дур, мо – тоҷикон, пеш аз ҳама, бо чойхонаҳо ифтихор мекардем. Дар бозорҳои шаҳр чойхонаҳои калон мавҷуд ва серодам буданд. Сокинону меҳмонони пойтахтро бештар чойхонаҳои «Роҳат» — у «Фароғат», «Истаравшан» — у «Саодат» ва шириниву хӯрокҳои миллии онҳо писанд буд. Меҳмононро ба тамошои чойхонаҳо даъват менамудем. Зеро дар онҳо тановули ғизо кайфияти дигар дошт.

Нархи навои ғизову маҳсулоти чойхонаҳо барои ҳама дастрас буд. Аз ин ҷост, ки чойхонаи «Роҳат» ҷойи дӯстдоштаи донишҷӯён маҳсуб меёфт. Гарчанд имрӯз нархи наво дигар ва барои ҳама дастрас нест, то ҳол, тибқи анъана, баъзе вохӯриҳои ҳамсабақони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт дар он ҷо доир мегардад. Вале «Фароғат» аз байн рафт, «Истаравшан»-у «Саодат» низ ҳамчун чойхонаҳои маъмулӣ вуҷуд надоранд. Чойхонаҳои машҳури бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Баракат» бо бозорҳо аз байн рафтанд.

Дар боғҳои пойтахт низ чойхонаҳо мавҷуд ва дар онҳо барои пиронсолон шароит муҳайё буд. Масалан, дар боғи маҳаллаи «Яккачинор», паҳлуи ошхона чойхонае арзи вуҷуд дошт, ки дар он гӯшае барои пиронсолон (ҳам дар чойхонаву ҳам ошхона) махсус гардонида шуда буд. Имрӯз дар ҷойи онҳо тарабхонаи бошукӯҳе бунёд шудааст, ки на ҳар кас дар он «чой» хӯрда метавонад ва ҷуръати ворид шудан дорад.

Дар Боғи  марказӣ, баробари чойхонаи дар ҳамон айём машҳури «Фароғат», чойхонаи дигаре низ мавҷуд буд ва пиронсолон ҳамеша имкон доштанд, ки дар он аз офтобу борону барф паноҳ баранд ва як пиёла чой нӯшанд.

Дар даврони шӯравӣ дар бисёр ҷумҳуриҳо чойхонаҳои тоҷикӣ ҳамчун рамзу муаррифгари кишвари мо бунёд гардида буданд…

Имрӯз вазъият дигар аст. Барои мӯйсафедон ба ҷуз масҷид қариб ҷой намондааст, вале магар дар масҷид пой дароз кардану дам гирифтан мумкин аст?

Ҷойи баҳс нест, ки баъзе соҳибкорон дар даврони истиқлолият чойхонаҳо бунёд намуданд, вале онҳо бо мурури замон ё аз байн рафтанд ё тағйири шаклу мазмун намуда, ба ошхонаву тарабхона табдил ёфтанд.

Соҳибкор — шодравон Баҳром Раҳмонқулов дар ҷойи чойхонаи харобгардидаи маҳаллаи «Роҳи нав» — и пойтахт чойхонаи пурнақшу нигори миллии замонавӣ — «Киропол»-ро бунёд намуд. Марҳум умед дошт, ки он ба ҷойи писандидаи пирони маҳалла ва гирду атроф табдил меёбад. Воқеан ҳам замоне чунин буд, вале хусусияти чойхона чунин аст, ки масоҳати зиёдро ишғол менамояд, яъне андоз зиёд асту даромад кам. Аз ин рӯ, андозҳои зиёд бо гузашти айём соҳибони чойхонаро маҷбур намуданд, ки анвои хӯрок ва тарзи хизматрасониро тағйир диҳанд.

Эҳтимол, сабаб масоҳати зиёдро ишғол кардан ва камдаромад будани чойхонаҳост, ки соҳибкорон ба бунёди онҳо таваҷҷуҳ надоранд. Агар биноҳои бунёдкардаро чойхона номанд ҳам, онҳо чойхона нестанд. Сокинони ҷумҳурӣ метавонанд бо ҳунари меъморӣ ва нақшу нигори чойхонаи бошукӯҳи «Наврӯз» ифтихор намоянд, вале он аз маҳалҳои аҳолинишин хеле дур ҷойгир аст ва асосан барои меҳмонони хориҷӣ муқаррар гардидааст.

Имрӯз қариб ҳамаи боғҳои мавҷудаи пойтахт-ба номи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Айнӣ, боғҳои «Ирам», «Ғалаба» ва ғайра таҷдид гардиданд ва яке аз дигаре зеботар шудааст. Барои тифлакон, наврасону ҷавонон ва миёнсолон ҳам дар боғҳо  ҳама шароит муҳайё аст. Вале мӯйсафедон на дар ҳама ҷо барои худ ҷой пайдо менамоянд. Ҳол он ки бунёди чойхонаҳо бо тарҳу нақшу нигори миллӣ боғҳоро ҳусни тоза зам намуда, теъдоди бештари одамонро ҷалб хоҳад кард. Роҳандозӣ ва амалӣ намудани чунин барномае на танҳо ба ривоҷи соҳаи меъмориву кандакорӣ, балки барои эҳёи таом ва шириниҳои бисёри миллӣ низ метавонад мусоидат кунад. Масалан, тасаввур намоед, ки субҳ ба чойхона ворид мешаведу ба шумо ширчой, гардоб, асал ё ҳалвои тари гарм пешниҳод менамоянд… Илова бар ин, ҳар ҷое, ки мӯйсафедон ҳастанд, рафтору кирдори ҷавонон дигаргуна хоҳад буд.

Дар кишварҳои Шарқ ва хусусан, Тоҷикистон, мардум ба чойхонаҳо муносибат ва муҳаббати хоса доранд. Бесабаб нест, ки чанд сол аст дар телевизиони Тоҷикистон кӯшишҳои аз нав зинда гардондани намоиши замоне машҳур ва дидании «Чойхонаи дилкушо» ба назар мерасад.

Бинобар ин, пешниҳод дорам, ки минбаъд ҳангоми бунёд ё таҷдиди боғҳо масъалаи истироҳату фароғати мӯйсафедон низ ба инобат гирифта шавад ва барои он ки соҳибкорон ба бунёд намудани чойхонаҳо таваҷҷуҳ ва дилгармӣ пайдо кунанд, ба онҳо имтиёз ва сабукӣ пешбинӣ гардад.

 Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»