Бонги изтироб!

Чаро доруҳо камтаъсиранд?

№37 (3987) 04.04.2019

166935Дар маркази ноҳияи Файзобод дувоздаҳ дорухона ҷойгиранд, ки соҳибонашон  нархи дорую сӯзандоруро бо хости дилашон баланд мебардоранд. Масалан, дар шафати Беморхонаи марказии ноҳия ду дорухона паҳлуи ҳамдигар ҷойгиранд, ки нархи дорую сӯзандоруҳояшон фарқ доранд.

Агар дар дорухонаи берун аз беморхона аналгин, ситрамон, демидролу дибазол 1 сомонию 50 дирам, малҳамҳои синепар- актив, бол- нол, лактасин, диклофенак, индометасин, камадокс- лб, випросол аз 9 то 18 сомонӣ фурӯхта шавад, дар дорухонаи даромадгоҳи беморхона нархи онҳо аз 15 то 20 сомонӣ аст.

Сифати аксари доруҳо паст буда, ба меъёри санитарӣ ҷавобгӯй нестанд. Сокинон шикоят мекунанд, ки доруҳои  дастраскардаашон камтаъсиранд. Чанде пеш сулфа шудаму ба Беморхонаи марказии ноҳия рафтам. Духтур муоина карду дорую сӯзандору навишт ва огоҳ кард, то он доруҳоро ду ҳафта истеъмол намоям.

Ӯ кафолат дод, ки баъди истифодаи доруҳо сулфа рафъ мешавад. Бо тавсияи духтур аз дорухонаи  шафати мағозаи  масолеҳи сохтмонӣ дорую сӯзандору дастрас карда, тибқи маслиҳати духтур амал намудам, аммо беҳбудӣ нашуд. Бо маслиҳати пирони барҷомонда аз тахачу қиёми зирк ва охчаҳир барин гиёҳҳои шифобахш истифода бурдам ва сулфаю шамолхӯрдагӣ рафъ шуд. Саволе пайдо мешавад, ки чаро  теъдоди дорухонаҳо бомаром зиёд шуда  истодаасту таъсири доруҳо кам?

Ҳокими САФАР, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Файзобод