Чаро «оби дари хона қадр надорад?»

№91 (4041) 27.07.2019

Organ-donorАз 653 нафаре, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» амалиёти пайвандсозии гурда ва ҷигарро паси сар карданд, қариб 100 нафар хориҷӣ мебошанд.

Пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон васила барои наҷоти ҳаёт, барқарорсозии саломатии шаҳрвандон буда, мутобиқи принсипҳои инсондӯстонаи эълоннамудаи ҷомеаи байналмилалӣ, ки дар он манфиатҳои инсон аз манфиати ҷомеа ва илм боло аст, амалӣ мегардад. Шояд кам касон донанд, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон»-ро қабул карда буд. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2017 бо мавриди амал қарор гирифтани Кодекси тандурустӣ, ки боби 20-уми он пурра ба пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон бахшида шудааст, қонуни зикршуда аз эътибор соқит карда шуд.

Тавре аз муҳтавои боби мазкур бармеояд, пайвандсозӣ (трансплантатсия)-пайванд сохтани узвҳо ё бофтаҳо бо мақсади наҷот додани ҳаёти инсон ё барқарорсозии фаъолияти организми ӯ амалӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, табибони Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон», ки соли 2011 таъсис ёфтааст, дар 612 бемор амалиёти пайвандсозии гурда, 41 нафар ҷарроҳии пайванди ҷигар ва 10 кас пайвандсозии устухонро гузаронидаанд. Қаблан теъдоди зиёди ҳамватанон барои пайвандсозӣ бо харҷи ҳазорҳо доллари ИМА ба клиникаҳои Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федеративии Германия, ­Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Исроил муроҷиат карда, баъд аз интизории зиёд баҳравар мешуданд. Табибони муассисаи зикршуда анқариб дар 100 шаҳрванди хориҷӣ пайвандсозии узв ва ё бофтаҳоро анҷом додаанд. Барои мисол, соли равон дар 28 шаҳрванди Озарбойҷон, 31 — Қирғизистон, 26 — Исроил амалиёт гузаронида шуд. Яке аз сабабҳое, ки шаҳрвандони хориҷиро барои анҷоми амалиёти пайвандсозии узву бофтаҳо дар мамлакат таҳрик мебахшад, нисбатан арзон будани нархи он дар қиёс ба давлатҳои дигар аст.

Дар ҳоле ки нархи онҳо дар хориҷа аз 30 ҳазор доллар шурӯъ мешавад, табибони тоҷик онро барои шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз пардохти 48 ҳазор сомонӣ (4800 доллар) ва барои хориҷиён бо арзиши 58 ҳазор сомонӣ (5800 доллар) анҷом медиҳанд. Илова бар ин, табибони муассиса дар пайвандсозии гурда, ҷигар ва мағзи устухон низ таҷрибаи кофӣ доранд.

Аз далелу рақамҳо бармеояд, ки пизишкони ҷумҳурӣ дар ин самт дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш доранд, мутаассифона, барои аксар ҳамватанон «оби дари хона қадр надорад». Боиси нигаронист, ки ҳоло ҳам теъдоди онҳое, ки бо харҷи маблағи зиёд рӯ ба табибони хориҷӣ меоранд, кам набуда, ҳастанд нафароне, ки касбияти табибони бумиро оид ба ин масъа­ла зери суол бурданианд.

Пайгирии масъала собит кард, ки аксарият дар бораи пайвандсозӣ, заминаи қонунгузории бахш ва дастовардҳои соҳа маълумот надоранд. Кам касон медонанд, ки тибқи муқаррароти моддаи 136-уми Кодекси тандурустӣ, танҳо дил, гурда, ҷигар, шуш, мағзи устухон, дигар узв ё бофтаҳоро метавон минҳайси маводи пайвандсозӣ истифода намуд. Узву қисмати он ва бофтаҳои марбут ба раванди таваллуд, аз ҷумла, бофтаҳои репродуктивӣ (ҳуҷайра, нутфа, тухмдонҳои мардона ва занона ё ҷанинҳо), инчунин хун ва ҳиссаҳои таркибии он маводи пайвандсозӣ шуда наметавонанд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз нафари фавтида гирифтани узв ё бофтаҳо маъмул аст. Бо дарназардошти ин, дар Кодекси тандурустӣ муқаррар шудааст, ки узв ва ё бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз майит дар ҳолате гирифта мешаванд, ки бо далелҳои бебаҳс фавт аз ҷониби гурӯҳи машваратии табибон қайд шуда бошад. Бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб иштироки мутахассисони пайвандсоз ва аъзои гурӯҳ, ки кори хадамоти донориро таъмин менамоянд ва аз ин ҳисоб музд мегиранд, ҳангоми ташхиси марг вобаста ба эҳтимолияти истифодашавии майит ба сифати донор манъ аст.

Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит бо розигии хешовандони наздик ё намояндаи қонунии ӯ ва иҷозати роҳбари ташкилоти тандурустӣ бо риояи талаботи Кодекси тандурустӣ сурат мегирад. Дар сурати пайдо гардидани зарурат, барои гузаронидани экспертизаи судию тиббӣ, иҷозат барои гирифтани узв ва бофтаҳо аз майит аз ҷониби хадамоти экспертизаи судию тиббӣ дода шуда, дар ин хусус мақомоти прокуратура огоҳонида мешавад.

Гирифтани узв ва бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозиро моддаи 140 Кодекси тандурустӣ танзим менамояд. Тибқи талаботи он, гирифтани узву бофтаҳо аз шахсони мазкур барои пайвандсозӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд набудани узв ва бофтаҳои барои пайвандсозӣ лозими майит ё усули табобати алтернативӣ, амалӣ мешавад.

Ин амал дар ҳолате имконпазир аст, ки он шахс оид ба таъсири манфӣ барои саломатии ӯ бо сабаби гирифтани узв ва бофтаҳо огоҳ буда, бо хоҳиши худ ва огоҳона ба таври хаттӣ розигиашро изҳор намуда бошад, муоинаи ҳамаҷонибаи тиббиро гузашта, хулосаи гурӯҳи машваратии табибон барои пайвандсозӣ мавҷуд бошад.

Аз донори зинда гирифтани узв дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ бо ретсипиент (шахсе, ки бо мақсади табобат ба вай узв ё бофта пайванд мешавад) ҳамбастагии ирсӣ дошта бошад, ба истиснои пайвандсозии мағзи устухон.

Ҳуқуқи донорҳо дар қонунгузорӣ меҳвар буда, чунин ашхос ҳуқуқ доранд, ки аз муассисаи тандурустӣ маълумоти пурраро оид ба таъсири манфӣ ба саломатиашон ҳангоми гирифтани узв ва бофтаҳо талаб намоянд, табобати ройгон, аз ҷумла, маводи дорувориро бо сабаби ҷарроҳӣ аз муассисаҳои тандурустӣ гиранд.

Дар маҷмӯъ, аз мадди назар дур намондани ин масъала ва дастовардҳои назарраси табибони тоҷик дар ин самт далели возеҳи он аст, ки мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ таҳрикбахшу асоси пешрафти дилхоҳ соҳа аст.

Далер Мерганов, «Садои мардум»