26 май - Рӯзи адвокатҳо

ЧАРО ТАЛАБОТИ ҚОНУН САРФИ НАЗАР МЕШАВАД?

№68 (3548) 26.05.2016

DSC_1382Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар таҳрири нав қабул гардид, ки мақсади асосии он муттаҳидсозии ҷомеаи адвокатура буда, кафолати дастрасӣ ба ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Тибқи қонуни мазкур, барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ довталабон бояд ба Комиссияи тахассусӣ имтиҳон супоранд. Тавре дар моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» омадааст: «Комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он, дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад».

Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» (18 марти соли 2015 № 1182) давоми як сол ба адвокатҳо имкон дода шуд, ки фаъолияти хешро идома дода, бо супоридани имтиҳон ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ин мақом гарданд. Тағйироти қонуни мазкур имкон медиҳад, довталабон бидуни қатъ шудани фаъо­лият ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо муроҷиат намуда, имтиҳони тахассусиро супурда, шакли фаъолияти хешро интихоб намоянд.

Ин имконият медиҳад, ки арзандаҳо соҳиби мақоми адвокат гарданд. Тибқи қонуни мазкур, агар довталаб аз имтиҳони комиссияи тахассусӣ нагузарад, ба ӯ имконият дода мешавад, ки тайёрӣ дида, баъд аз шаш моҳ имтиҳон супорад. Айни ҳол имтиҳонҳои тахассусӣ идома ёфта, шумораи адвокатҳо низ зиёд гардида истодааст.

Дар банди 4-и моддаи 45-и қонуни мазкур омадааст; «То ташкил шудани мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо иҷрои ваколатҳои онҳо оид ба иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ, ки дар моддаи 14-и қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ба Комиссияи тахассусӣ вогузор карда мешавад». Алҳол мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд ва аз ин баъд довталабони мақоми адвокатӣ метавонанд танҳо тавассути онҳо ҳуҷҷатҳояшонро ба Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Айни ҳол қариб 400 нафар адвокат баъд аз соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ ­аъзои комилҳуқуқи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар таърихи адвокатураи тоҷик аввалин маротиба ҷомеаи адвокатӣ раёсат ва комиссияҳои худро таъсис дода, дар роҳи шаклгирии ин ниҳоди мутамарказ аввалин гомҳои хешро гузошт. Раёсат фаъолона амал намуда, анқариб бист ҳуҷҷати ҳуқуқиеро, ки баҳри ба танзим даровардани ин ниҳод заруранд, ба тасвиб расонид. 9 апрели соли 2016 қарор дар бораи таъсис додани «Маркази володошти тахассуси адвокатҳо» қабул гардид.

Дар моддаи 6, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» омадааст; «Бо мақсади мусоидат кардан ба фаъолияти адвокатӣ ва таъмини дастрасии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, мақомоти давлатӣ кафолатҳои мустақилии адвокатураро таъмин намуда, фаъо­лияти адвокатҳоеро, ки ба шахсони воқеӣ ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоянд, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ба ташкилоти адвокатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои хизматӣ, таҷҳизот ва воситаҳои алоқа ҷудо менамоянд».

Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз мушкилоти асосии ин ниҳод бо биноҳои хизматӣ таъмин намудан мебошад. Масалан, мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар бинои иҷора қарор дорад. Ҳар лаҳза метавонанд бо бекор намудани шартномаи иҷора моро аз бинои хизматӣ маҳрум намоянд. Чунин ҳолат дар ҳама панҷ мақомоти Иттифоқи адвокатҳо дар кишвар ба назар мерасад. Аз ин бармеояд, ки талаботи қонун сарфи назар шудааст.

Имрӯз 94-умин солгарди таъсиси ниҳоди адвокатура таҷлил мегардад. Вақт собит сохт, ки кормандони соҳа рисолати касбии худро ба ҷо оварданд. Минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки иҷрои вазифа дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Мирзовалиён Ҳамзабек Ҳакимзода,

раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе