Овоза ва ҳақиқат

Дар «Истиқлол» Истиқлол ба дунё омад

№77 (3557) 16.06.2016

DSC_0988Тавре қаблан иттилоъ додем, чоруми марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе маҷмааи бузурги тандурустиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд. Пешвои миллат бунёду мавриди истифода қарор додани ин маркази бузургро туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ карда, пешниҳод намуд, ки маҷмааи тандурустӣ «Истиқлол» номгузорӣ шавад.

Вақтҳои охир баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» овоза паҳн намудаанд, ки гӯё маҷмаа аз замони ифтитоҳ умуман фаъолият накардаву роҳандозии фаъолияташ ояндаи наздик ба гумон аст.

Пайгирии масъала собит намуд, ки овозаи фавқ сафсатае беш набуда, Маҷмааи нави тандурустии «Истиқлол» фаъолияти муназзам ва пурмаҳсул дорад. Чанде пеш дар маҷмааи мазкур аввалин навзод ба дунё омад, ки онро Истиқлол ном ниҳоданд. Муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Лангариева ва масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ба табрики навзоди толеъбаланд омада, туҳфаи хотиравӣ низ тақдим намуданд. Ёдовар мешавем, ки бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии «Истиқлол» 3500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати бобарори иҷтимоии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум мебошад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ (аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона), дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла се бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, як адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд. Ҳамрадиф бо ин, имкониятҳои ташхису табобатии он густурда буда, аз ташхисгоҳ, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери ба интернет пайваст, озмоишгоҳ ва ғайра иборат аст. Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷо 620 номгӯйи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Россия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финландия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.

Шояд ҳама надонанд, ки лоиҳаи маҷмааи фавқуззикр соли 1987 тасдиқ шуда, тайи солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд. Хушбахтона, баъди зиёда аз 30 сол ба шарофати сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ворид намудани навгониҳо ба лоиҳа, ки онро мукаммал намуданд, бунёди иншоот соли 2013 оғоз гардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Суратгир А. ИСОЕВ