ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ШУД

№ 09.06.2016

Дар шаҳри Гулистон давраи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷамъбаст гардид.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода, дар даври аввали озмун маҳаллаи № 1-и маркази шаҳр, манзили Муродҷон Ҳомидов — сокини шаҳри Гулистон, кӯчаи А.Нозиров хонаи 9, ҳавлии 1 ва оилаи Муҳсин Раҳимов — сокини шаҳри Гулистон, кӯчаи ба номи А.Бойматов пирӯз гардиданд.

Абдувосит Салимзода,

«Садои мардум»