Нуқтаи назар

Дил дар миёни синаву бегонаи дилем

№62 (4168) 23.05.2020

ХурофотАмали баъзе аз хурофотзадаҳоро дар ин марҳилаи ҳассос мутаваҷҷеҳ гардида, муътақид гардидам, ки «кӯзапуштро танҳо гӯр рост мекунад». Яке аз чунин ба ном рӯҳониёни «муътабар» дар амри маъруфи худ, ки дар шабакаи интернет қобили дарёфт аст, гуфтааст, ки «коронавирус ҷазо барои кофирон аст ва мусулмононе, ки аз ин вабо мефавтанд, шаҳид маҳсуб мешаванд». Ёбеду гиред!

Бо чунин тафаккур ва «ҳукм» чӣ шарҳу тавзеҳ метавон дод? Дар робита ба ин Иқболи Лоҳурӣ хеле бамаврид гуфтааст:

Ғофилтар зи марди мусалмон надидаам,

Дил дар миёни синаву бегонаи дил аст.

Вақтҳои охир, хоса дар давраи паҳншавии коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва як зумра воситаҳои ахбори омма андешаҳои аз ҳақиқат фарсахҳо дур бобати дин пахш ва нашр шуда, «ривоятдиҳӣ»-и як идда, ки аз аҳкоми шариат бӯе набурдаанд, дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Мутаассифона, теъдоди онҳое, ки ин «тавсия»-ҳоро филфавр амалӣ менамоянд, кам нестанд. Яъне, барои як идда «таҳамтанон» ибораи «мулло фалонӣ гуфтанд», ҳукмеро шабеҳ аст, ки амалӣ намуданаш заруру ногузир маҳсуб меёбад.

Дар зеҳн андешае ташаккул меёбад, ки чунин ашхос аз моҳияти дин ва нақши он огоҳ нестанду аксар маврид миёни дин ва хурофот тафриқа намегузоранд. Барои тақвияти андеша ва мукаммал шудани матлаб аксар адабиёти марбут ба динро мутолиа кардам. «Амрикои нав кашф намекунам» агар гӯям, ки «дин» дар онҳо ба маънои неруи эзидӣ, виҷдони шахси некукор ё бозшиносии некӣ омадааст. Хеле ҷолиб аст, ки форс­ҳо ин вожаро ҳамчун синоними виҷдон истифода мебурдаанд.

Далелҳо аз он ҳокианд, ки арабҳо ин вожаро аз забони форсӣ — тоҷикӣ рабуданд ва дар ин замина калимаҳои адён, диёнат, тадайюн, мутамаддинро «ихтироъ» кардаанд. Дар бораи таърихи динҳо маълумот хеле зиёд аст. Барои мисол, митроизм ва зардуштӣ динҳои куҳантарин буда, таърихи 8 – 10 — ҳазорсола доранд. Ҳадафи ҳама дин эмин доштани инсон аз аъмоли нопок маҳсуб шуда, талқин мегардад, ки инсонҳо кирдору рафторашонро дар чаҳорчӯбаи ахлоқ ва ё ба гуфтаи аврупоиён, кодекси ахлоқӣ нигоҳ доранд ва аз гунаҳкорӣ бим дошта бошанд. Динҳо ин арзишҳоро ба воситаи меҳр доштан ба Худо ва муқаддас донистани дастурҳои он, аз роҳи тарс коштан дар замири одамон аз пайомадҳои гуноҳ талқин мекунанд.

Баръакси дин хурофот — сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос тафсир шудааст. Моҳиятан дин ва хурофот шакар ва заҳр буда, омезиш додани онҳо пайомади маргбор дорад. Маҳз хурофот сабаб шуда, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусулмонӣ маъмул гардад. Муътақидам, ки чунин ҳолат на танҳо банда, балки мусулмонони аз набзи ҷомеа огоҳро ба ташвиш оварда, нигарон намудааст. Шоҳиди он ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусулмоннишин аз ҷониби баъзе АЗ давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қудрату тавоноӣ табдил ёфтаанд.

Коршиносон дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки қисмати аъзами нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табаддулоте, ки чанд соли охир дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозии ҳомиёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Агар мавзӯъро амиқтар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз кишварҳои сокинонаш пайрави дини ислом мебошанд. Ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ далели возеҳи оқибатҳои манфии афзоиши сатҳи ифротгаройии динӣ ва хурофотпарастӣ мебошад.

Дар мамлакат то як андоза канораҷӯйӣ намудани ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти дунявӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли илму фарҳанг ва истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон то андозае ба густариши ин раванд боис шуд.

Ба касе пӯшида нест, ки аксар маврид маҳз зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум ҷанбаи асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна аст. Яъне, қувваҳое, ки дар хориҷ аз кишвар тасмими роҳандозии амалҳои барояшон мувофиқу зарурӣ ва ҷавобгӯйи манфиатҳояшонро гирифтаанд, ба қавли Аллома Иқбол, бобати он ки «мусалмон фоқамасту ҷандапӯш аст», муътақиданд ва аз ин усул ба таври густурда истифода намуда истодаанд.

Дар мамлакати мо давлат баҳри такомули афкори динӣ ва суннатҳои ба он марбут дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст ва онҳо ба талаботи ҷомеа созгоранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон қабул шудааст, далели бебаҳси ин гуфта мебошад. Аз далелу арқоми таърихӣ бармеояд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

Банда низ бо андешае ҳамфикрам, ки ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс, онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Бидуни баҳс ҳар фарди мусулмон ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорад, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа табдил ёфтааст.

Мушкилӣ дар он зоҳир мегардад, ки баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад. Дар натиҷа, баъзе аз шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд. Масъалаи мазкур дар моддаи 5 қонуни зикршуда возеҳ шарҳу тафсир ва танзим шуда, тибқи муқаррароти он, «давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад».

Давлат ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад, ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад, ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда дахолат намекунад, хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд, барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгаройӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.

Таъкид менамоям, ки дингароии дар ҷомеа роиҷбуда сунъӣ буда, дар навбати аввал ба хурофот рабт дорад. Бояд фаромӯш накунем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав — ба таври густурда тарғиб намудани арзишҳои динӣ маъмул гардид. Кор то ба ҷое расид, ки олиме, ки дониши мукаммали гуногунҷанба дорад, дар радифи ба ном муллои камсавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»- и чунин муллоҳо «об мерехт».

Пажӯҳиши масъала собит намуд, ки аксар маврид дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ин масъала аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор бо мусоидати баъзе аз ташкилоту давлатҳо ба сиёсат омезиш дода мешавад. Табиист, ки дар ин ҳолат доираҳои манфиатдор мехоҳанд ба хостаҳояшон дастёб шуда, кӯшиш менамоянд дар ин гуна кишварҳо бавуҷудории ихтилофи мазҳабӣ ва сармоягузорию дастгирии дингароёнро пайваста идома диҳанд. Инчунин, то ҳадди имкон аз ҷониби давлатҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки онҳо дар доираи тафаккури динию мазҳабӣ боқӣ монанд. Зеро, агар донишҳои илмӣ рушд кунанд, тафаккури миллӣ боло мегирад, ки дар пайи он манофеи миллӣ ба вуҷуд меоянд, ки ба манфиати доираҳои зикршуда нест.

Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муқаррар кардааст, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад».

Хуб дар хотир дорем, ки пас аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ва соҳибис­тиқлол шудани кишварҳои тобеи он фазои озоди динӣ дар ин кишварҳо хеле паҳновар гардид. Зеро аксари мардум, ки дар бунбасти фазои динӣ қарор доштанд, бо орзуи дарёфти озодӣ ба дину диндорон рӯ оварданд. Дар ин замина, дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX ҳарчанд дар Тоҷикистон аҳзоби гуногун ва то андозае аз назари идеологӣ ба ҳам мухолиф ба вуҷуд омада, дар ин раванд ҳизби гӯё ба дин рабтдошта ҷойгоҳи хосро соҳиб шуд.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки ҳамрадиф бо арзишҳои миллӣ арзишҳои диниро эҳё намоем. Натиҷа ин аст, ки ҷомеа ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон шаҳодати гуфтаи болост. Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабӣ мебошад.

Моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияиҳои динӣ» муқаррар кардааст, ки «масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад». Тибқи маълумоти мавҷуда, алҳол шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва коршиносон муайян намуданд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ дар мақоми аввал қарор дорад.

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии мост, ки ин дини покро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгаройӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Эътироф бояд кард, ки масъулони сохтору мақомоти давлатӣ, ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, ба ин масъала на ҳамеша бо ҷиддият машғул мешаванд ва баъзе аз мавридҳо дар рафъи ин камбудиҳо камфаъолиятӣ ё ҳатто бепарвоиву бетарафӣ зоҳир менамоянд.

Дар натиҷа, баъзе аз шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд. Дар ояти 6 сураи «Ҳуҷурот» омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед».

Иқтибос аз «Қуръон»-и маҷидро анҷомбахши матлаб интихоб намуданам бесабаб нест, зеро он бояд сармашқи кори ҳама бошад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»