Солҳои 90-уми қарни гузашта, бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ соҳибистиқлолиашро ба ҷаҳониён эълон намуд.
Орзуи ҳазорсолаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Нишоту сурури мардуми озодихоҳро интиҳо набуд. Аммо он ҳолат дер давом накард. Бадхоҳони миллат нагузоштанд, ки ин неъмати бузург баҳри ободии кишвар истифода гардад ва бо ҷалби афроди ноогоҳ аз дохил, ки манфиати фардиро бар манофеи миллӣ тарҷеҳ медоданд, ба ваҳдати миллат рахна ворид намуда, кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашиданд. Ҳастии миллат ва якпорчагии давлатро хатари нестӣ ва қисмат шудан ба пораҳо таҳдид мекард. Муқовимати мусаллаҳона оғоз ёфт. Вазъи ноороми дохилӣ ба беҳокимиятӣ, хонавайронӣ, муҳоҷират, ҳалокати одамон, камбуди ғизо, авҷ гирифтани бемориҳо ба саргардонию сарсониҳо афтодани мардум боис гардид. Халқе, ки ба исботи таърих замоне тамаддунсоз ва ҳодии мардум ба сӯйи саодату хушбахтӣ буд, дар вартаи ҷаҳолату бераҳмӣ афтод ва ниёз ба фарде дошт, ки дасти ёрӣ ба сӯяш дароз намояду ӯро аз доми ҳалокат наҷот бахшад. Ва дар он давраи барои миллат бисёр ҳассосу сарнавиштсоз ба майдони сиёсат марди дилсӯз ва ҷонфидо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад. Бо баромаданаш ба минбари Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, мардуми кишвар дар симои ӯ наҷотбахшро дид. Дар дили ғамзадаи миллионҳо сокини сарзамини аҷдодӣ шуълаи умед ба ояндаи нек фурӯзон гардид. Умед бар он бастанд, ки ин марди далер ба тағйири авзои ногувор қодир аст. Роҳбари нави тоҷикон, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб медонист, ки сохторҳои умдаи давлат фалаҷ гардида, беҳокимиятӣ ҳукмфармост, артиш вуҷуд надорад, мақомоти қудратӣ аз фаъолият бозмондаанд, хазинаи давлат холист, аз дохилу берун таҳдиду хатар сар хоҳад зад, аммо тақдиру сарнавишти миллатро аз ҳама, ҳатто аз ҳифзи ҷонаш, боло гузошт ва барои ислоҳи вазъ камари ҳиммат баст. Аз минбари Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба халқ муроҷиат намуда, боитминон эълон дошт, ки сулҳ меорад ва саъй хоҳад кард, ки то охирин гурезаро ба Ватан баргардонад. Ӯ мардонавор ба аҳди дода вафо намуд. Барои расидан ба умдатарин ҳадаф дар самти аз миён бурдани даргириҳо ва эъломи оташбас барои мулоқот бо сарварони мухолифин тасмим гирифт, ки ба Хустдеҳи Афғонистон равад. Ин тадбир бори дигар ҷасорату шуҷоат ва барои наҷоти миллат ҳатто ба ҷоннисорӣ омода будани Роҳбари давлатро собит намуд. Хислати дигари наҷиб ва ҷавонмардонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон рӯзҳои душвор дар он таҷассум меёфт, ки пеш аз ҳама, ба хиради волои халқи азиз такя намуда, ба фиристодани намояндаҳо ба манотиқи даргири кишвар ҳаргиз иктифо намекард, балки барои анҷоми суҳбати рӯ ба рӯ бо халқ мерафт ва вазъро бозгӯ намуда, мардумро ба ваҳдату якдилӣ даъват мекард. Маҳз бо ибтикору ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди музокироти миёни тарафҳо оғоз ва он тӯли чаҳор сол идома ёфт. Билохира, баъд аз гуфтушуниду баҳсҳои тезутунди чаҳорсола 27 июни соли 1997, дар шаҳри Москва, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Бо таъмин шудани сулҳу оромӣ давлати тозабунёди тоҷикон ҳифз гардид. Акнун шароит фароҳам омад, ки пояҳои давлатдорӣ таҳким ёбанд. Аммо ба танҳоӣ ҳал кардани мушкилоти иқтисодию иҷтимоии солҳо рӯйи ҳам замшударо рафъ кардан душвор ва барқарору ҷоннок кардани робитаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ногузир буд. Роҳбари хирадманди тоҷикон зарур донист, ки бо истифода аз ҳар роҳу васила бояд ба ҷаҳониён собит карда шавад, ки миллати тоҷик ҷангҷӯ нест, миллатест дорои таъриху фарҳанги пурғановату куҳан ва бузургонаш дар ташаккули тамаддуни башарӣ хидмати босазо кардаву саҳми бузург гузоштаанд. Бо суханронӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ ин муяссар гардид. Тадбири хирадмандонаи дигаре, ки барои роҳандозии ҳамкории густурда бо дигар давлатҳо заминаи мусоид фароҳам овард, эълон гардидани сиёсати дарҳои боз буд. Ин ду тадбири муҳим ва саривақтӣ боис ба он гардид, ки ҷаҳониён ба Тоҷикистон бо нигоҳи дигар бингаранд ва нисбат ба он некбин бошанд.
Қадами муҳими дигаре, ки солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ гузошта шуд, 6 ноябри соли 1994 бо дарназардошти раъйи мардуми ҷумҳурӣ қабул гардидани яке аз ҳуҷҷатҳои хеле муҳим дар умури давлатдорӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бешубҳа, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург аст. Дар ин маврид иқтибос овардани назари Роҳбари давлатро бамаврид медонам: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Бо дарназардошти он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳими ҷомеа ва фаъолияти сокинони кишварро, ки барои дарёфти саодати зиндагӣ равона шудаанд, ба танзим медарорад, ҳақ дорем, онро бахтномаи миллат биномем. Конститутсияро шиносномаи давлату миллат медонанд, ки воқеият дорад, зеро он дар кори давлатдорӣ муҳимтарин ва умдатарин ҳуҷҷат буда, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода шудааст. Тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки ифодагари манфиатҳои мардум буда, орзуву ормони сокинони кишварро инъикос менамояд ва барои волоияти қонун, пойдории ҳамешагии сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ саҳмгузор аст. Нуктаи дигаре, ки дар ин маврид бояд зикр гардад, ин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ақидаи коршиносони сатҳи байналмилалӣ, дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо қарор гирифтааст.
Бидуни шак, баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолӣ метавон дар баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳим, таърихӣ ва сарнавиштсоз баҳогузорӣ намуд.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқшиносӣ