Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи хунрезии калонро гирифт

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

33999Муҳовара бо вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (солҳои 1990 — 1995) аз ҳавзаи интихоботии Янгибозор № 77, шаҳри Ваҳдат Муродалӣ Маҳмадалиев

- Шумо рӯзҳое депутат шудед, ки дар ҷомеа таҳаввулоти бузурги таърихӣ  ба амал омад. Давлати абарқудрати шӯравӣ аз байн рафт ва кишварҳои тобеи он мус­тақил шуданд. Мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар  Тоҷикистон муноқишаҳо сар заданд, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Вазъияти он айёмро чӣ гуна шарҳ медиҳед? 

- Дарвоқеъ, соли 1990 низоми ҷомеаи шӯравӣ, ки дар он зиндагӣ мекардем, дигар шуд ва бесарусомонӣ оғоз ёфт. Ман ҳамчун роҳбари хоҷагӣ бо мардум сарукор доштам ва медидам, ки вазъияти баамал­омада онҳоро ноумед мегардонд. Ин маро бетараф намегузошт. Бинобар ин, номзадии худро ба депутатии Шӯрои Олӣ гузоштам. Тақдир будааст, моҳи феврали соли 1990 мардум маро вакил интихоб карданд.

Вазъият рӯз ба рӯз муташанниҷ мегардид. Хоҷаҳои хориҷӣ аз бесарусомонӣ ва мухолифат истифода карда, зархаридонро дар дохили кишвар ҳавасманд карда, ба муқобили якдигар шӯрониданд. Ба дараҷае вазъият мураккаб гардид, ки ягон кас пеши роҳи онро гирифта наметавонист. Мардум ба ду майдон тақсим шуд. Ҳизбҳо ва гурӯҳҳои зиёд пайдо шуданд. Дар маҳалҳо идора кардани силоҳбадастон номумкин буд. Ҳатто Ҳукумати марказӣ низ фалаҷ шуд. Дар ҷаласаҳои иҷлосия ҳам вакилон бо ақидаю андешаҳои мухолиф бо ҳам баҳсу талошҳои тезутунд мекарданд, вале вазъиятро наметавонистанд ба эътидол биёранд. Вазъияти пойтахти ҷумҳурӣ низ бисёр мураккаб буд.  Бинобар ин, қарор шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки минтақаи бехавф буд, доир карда шавад.

- Он вақт вазъияти пойтахт ва атрофи он, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, ки шумо истиқомат мекунед, ноором буд. Чӣ тавр ба Хуҷанд сафар кардед?

- Он шабу рӯз имкони аз хона баромадан набуд. Силоҳдорон ҳукмрони роҳу маҳалҳо буданд ва ба касе гӯш намекарданд. Шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат холӣ, қариб ягон нақлиёт намегашт. Вақте ки даъвати ба шаҳри Хуҷанд рафтанро гирифтам, андеша мекардам, ки чӣ тавр ба шаҳри Душанбе равам? Агарчӣ фарзандон ва домодҳо хоҳиши маро ҳамроҳӣ кардан доштанд, вале розӣ шуда наметавонистам, зеро метарсидам, ки бо онҳо воқеае рух надиҳад. Вале ҳамсарам ба норозигиам нигоҳ накарда гуфт: «Ман ҳамроҳат меравам, бигзор маро парронанд, вале ту бояд зинда монӣ, ба мардум хизмат кунӣ!». Ба ростӣ, баъди ин суханон чизе гуфта натавонистам ва якҷо то ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе пиёда рафтем ва  сипас бо ҳавопаймо ба Хуҷанд расидем.

Иҷлосия дар Қасри Арбоб шурӯъ шуд ва дар оғоз мушкилот хеле зиёд буд. Ягон нафар масъулияти сангини роҳбарии кишварро намехост ба дӯш гирад. Ва Худо дар он лаҳзаҳо роҳи кушоишро бароямон муайян кард ва ҷавонмарди меҳнатқарину ҷасур Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Нахустин суханони Ҷаноби Олӣ аз минбари иҷлосия рӯҳияи аҳли толорро дигар кард. Онро воситаҳои ахбори омма ба мардум расониданд ва дар қалби сокинони кишвар шуълаи умед пайдо шуд.

- Аммо дар он лаҳзаҳои умедбахш авзои Ваҳдат муташанниҷ гардид ва як гурӯҳи мусаллаҳ ба он ҷо ҳуҷум кард. Бо шунидани  ин хабар чӣ тавр амал кардед?

- Бале. Мо дар шаҳри Хуҷанд якдигарро фаҳмидем, бахшидем, ба як қарор омадем, вале  ҳамон рӯзи даст ба дасти якдигар додан қувваҳои носолим ба Ваҳдат ҳуҷум карда, вазъиятро ноором карданд. Баъди шунидани ин хабар ман онро ба раёсати иҷлосия ва вакилон расонида, хоҳиш намудам, ки чорае бояд андешид. Хушбахтона, зуд пеши роҳи воқеа гирифта шуд.

- Баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард ва 25 сол боз самараи онро дида истодаем. Дар ҳаёт ва фаъолияти шумо чӣ дигаргунӣ ба амал омад?

- Ман хоҷагидор  ҳастам, сулҳу осоиштагӣ бароям имкон дод, ки корҳоро вусъат бахшам ва айни ҳол натиҷаи фаъолият хуб аст. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар заминаи колхози «Коммунизм»,  соли 1990 мо хоҷагии фермерии ба номи «Фирдавс»-ро ташкил кардем. Он солҳои 2000- 2012 ҳамчун Кооперативи истеҳсолии ба номи Авалмурод Кенҷаев фаъолият дошт ва 30 майи соли 2012 ба хоҷагии истеҳсолии зотпарварии ба номи Авалмурод Кенҷаев табдил ёфт.

Айни ҳол, дар хоҷагӣ, ки мавсими корҳои саҳроӣ ва ҳосилғундорист, қариб 500  нафар ба кор ҷалб шудаанд ва маоши хуб мегиранд. Коргаронро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроки гарм таъмин мекунем. Ҳашт бошишгоҳи саҳроии хуби доимоамалкунанда дорем. Дар хоҷагӣ ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду боғчаи доимоамалкунанда мавҷуд аст. Дар боғчаҳои кӯдаконаи «Баҳор» ва «Ганҷина» 220 нафар фарзанди меҳнаткашон парвариш меёбанд. Як беморхонаи дорои 75 кат сох­тем, хонаи фарҳанги хоҷагиро таъмири асосӣ кардем.  Ба қадри имкону дастрасӣ ба аҳли илму маориф, эҷодкорон, муаллимону донишҷӯён, хонандагони мактаб­ҳо ва дигар эҳтиёҷмандон кумак мерасонем

Шукр, соҳиби шаш фарзанд, 24 набера ва шаш абера мебошам. Фарзандон ва набераҳои баркамолам соҳиби маълумоти олӣ ва ба шарофати таълиму тарбияи хуб, донишу маърифати баланд дош­та, соҳиби обрӯю  иззатанд. Хизматҳои банда бо ордени «Шарафи меҳнат» (1985), Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1989), чанд ифтихорномаю раҳматнома қадрдонӣ шудааст. Бинобар сабаби саҳмгузорӣ дар тараққии соҳаи маориф, бунёди боғчаҳои бачагона ва таълимгоҳҳо, бо унвони «Аълочии маорифи халқ» низ сарфароз шудам. Ин ҳама ба шарофати тинҷию амонӣ, сулҳу оромии Ватан ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки заминаи он дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

ДАР СУРАТ: Муродалӣ Маҳмадалиев зимни баромад дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ