Эътироф далели эътимод аст!

№155 (3792) 28.12.2017

Аммо чаро дастовардҳои кишварро баъзеҳо нодида мегиранд?

Дар ҷаҳони муосир  таҳияи рейтингҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз падидаи маъмул буда, дар ин раванд, ки муқоиса омили меҳварист, беҳтаринҳо муайян ва баҳогузорӣ мешаванд.  Муҳимтар аз ҳама, хулосаи ин ташкилотҳо  мунсифона буда, дар заминаи омӯзиши амиқу ҳамаҷониба рӯи кор меояд. Тибқи иттилои сомонаи Ташкилоти байналмилалии «Social Progress Imperative» (ИМА), Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимоӣ  (Social Progress Index, SPI) аз 100 холи  имконпазир 58,87 хол гирифта, ҷойи 92-юмро ишғол намуд. Дар ин раддабандӣ (рейтинг) Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои калони Осиё, ба мисли Ҳиндустон (ҷойи 93 — юм, 58,39 хол), Бангладеш (ҷойи 97 — ум, 54,84 хол), Покистон (ҷойи 105 — ум, 51,54 хол), Яман (ҷойи 122 — юм, 43,46 хол) пешсаф аст. Россия бо 67,17 хол зинаи 67 — ум ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бо  63,72 хол мақоми 83-юмро ишғол намудаанд. Индекси мазкур на танҳо омилҳои иқтисодиро дар бар мегирад, ҳамчунин ҷанбаҳои иҷтимоию экологӣ, аз қабили маориф, тиб, ҳифзи муҳити зист, озодии шахсиятҳо, таҳаммулгароӣ нисбат ба ақаллиятҳоро низ  фарогир аст. Тибқи он, Данияи масоҳаташ хурд бо гирифтани 90,57 хол кишвари аз ҳама пешрафтаи ҷаҳон эътироф гардид.

Дар даҳгонаи охир 8 кишвари африқоӣ ва ду кишвари Осиё — Афғонистон ва Яман ҷой гирифтаанд. Дар умум 128 кишвар аз рӯи 50 категория мавриди баҳогузорӣ қарор гирифтанд. Хурсандиовар аст, ки дар аксари рейтингҳое, ки ташкилотҳои муътабар мегузаронанд, кишвари мо ҷойгоҳи хос дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ҷониби  созмони муътабари  британии «Институт Legatum» рейтинги кишварҳои олам дар робита ба шукуфоӣ гузаронида шуд.  Бояд боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикис­тонӣ бошад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд.  Аз лиҳози нишондиҳандаҳо дар бахшҳои амният ва маориф ба кишвари мо мутаносибан мақомҳои 49 ва 54-умро сазовар донистанд. Соли гузашта дар ин рейтинг вобаста ба бахшҳои зикршуда кишвари мо дар ҷойи 100-ум қарор дошт. Аз рӯи нишондиҳандаҳои маҷмӯӣ Тоҷикистон зинаи 102 — юмро соҳиб гардид.  Гуфтан бамаврид аст, ки Федератсияи Россия дар ҷои 101, Қазоқистон — 72, Қирғизистон — 82 ва Беларус  зинаи 95 — умро соҳиб шуданд.  Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш аз ҷониби созмонҳои бонуфуз шаҳри Душанбе дар қатори пойтахти кишварҳои мутамаддин  амнтарин  шаҳри сайёра  эътироф гардид. Ба ғайр аз ин, ду моҳ қабл аз ҷониби созмони дигари бонуфуз — «Форуми байналмилалии иқтисодӣ» рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд, ки дар он низ  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақоми қобили таваҷҷуҳро соҳиб гардид. Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар зинаи 70 — ум қарор гирифта,  ба Қазоқистон ва  Қирғизистон  мутаносибан ҷойҳои 115 ва  122 — юмро сазовор донистанд. Ба даҳгонаи беҳтарин Сингапур, Швейтсария, Ҳонконг, Нидерландия, Ҷопон,  Франсия, Португалия, Австралия ва ИМА шомил шуданд.

На ба ҳама мамлакатҳо  имкон даст медиҳад, ки дар рейтингҳо комёб гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд. Тибқи қавонини байналмилалӣ, эътирофи созмонҳо  омили саҳлу сода набуда, далели эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дурнамои неки ин ё он мамлакат маҳсуб мешавад. Вақте бо иттилои мазкур ошно шудам, аз амалкарди баъзе нафарон ҳайратам афзуд. Он нокасон (агар онҳоро ҳамин тавр гуфтан мумкин бошад),  ки аз «хулоса» -и баъзе аз созмонҳои  хориҷӣ, ки бар зидди кишвари мо ҳаст,  истиқбол ва онро филфавр расонаӣ мекунанд, чаро дар ин маврид хомӯшанд?

Ба ҳар сурат, бо «аз зери нохун чирк кофтан» онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд ба обрӯи ҳукумати ҷумҳурӣ латма ворид созанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати на чандон тӯлонӣ ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш ноил шудааст. Аз он ки дастовардҳои мо иддаеро бемор кардааст, бим надорем. Зеро:

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

Таҳияи Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»