Мушкилот ва пешниҳод

Гипрозем: мошинбозор «кӯчид», нуқтаҳои охири хатсайрҳои беруназшаҳрӣ низ набояд «фаромӯш» шаванд

№82 (3383) 16.06.2015

АторїнокҲадафи асосии ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дастгирии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар самти инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон тибқи талаботи Фармони фавқуззикр, роҳбарони мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъд аз тасвиби Фармони мазкур мақому манзалати воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа боз ҳам болотар рафта, эътимоди аҳолӣ ба онҳо дар самти инъикос ва рафъи мушкилоти пешорӯяшон қарордошта қавитар гардид.

Тамбашавии нақлиёт, ки миёни мардум чун «пробка» маъруф аст, яке аз падидаҳои маъмули шаҳрҳои бузурги ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, одатан дар шаҳрҳои калон ба мушоҳида расида, дар тамоми олам бо истифода аз усулҳои гуногун масъулин пайи аз байн бурдани он аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд. Дар шаҳри Душанбе  низ тамбашавии нақлиёт давоми солҳои охир ба мушкилоти доғи рӯз мубаддал гардида, боиси нороҳатии сокинону меҳмонони пойтахт шудааст. Дар натиҷа, шаҳрвандон сари вақт ба макони зарурии худ рафта наметавонанд, вақти зиёди хешро дар интизории нақлиёт сарф мекунанд. Яке аз чунин маконҳо маҳаллаи Гипроземи пойтахт маҳсуб меёфт. Давоми ду соли охир, бо дарназардошти шиддат пайдо намудани ин мушкилӣ дар маҳаллаи фавқуззикр (муаллифи сатрҳо) дар рӯзнома чанд маводи танқидӣ ба нашр расонидем. Дар мавод ҳамрадиф бо инъикоси проблема чанд пешниҳод, ки ба рафъи он мусоидат менамоянд, ба масъулин ироа гардида буд. Аз ҷумла пешниҳод шуда буд, ки дар навбати аввал зарур аст, мошинбозор, ки  аксарияти мушкилоти маҳаллаи фавқуззикр аз он маншаъ гирифтаанд, бояд ба минтақаи дигар кӯчонида шавад.

Чанде пештар бо супориш ва дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мошинбозорро ба ҷойи дигар кӯчониданд. Тибқи иттилои дастрасшуда, бозори фавқуззикр, ки дар масоҳати 3,7 гектар дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе воқеъ буд, ба деҳаи Чимтеппаи деҳоти «Чимтеппа» — и ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шуд.

Бино ба гуфти Сайфулло Амонов сардори Раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нашр шудааст: «Ин тадбир бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва аз рӯи таъинот фаъолият намудани ҶДММ «Деҳқон», инчунин халал наёфтани рафтуомади сокинони маҳаллаи Гипрозем ва кормандони идораҳои атрофи он андешида шудааст».

Тибқи иттилои манбаъ, мошинбозори нав алҳол дар масоҳати беш аз даҳ гектар дар заминҳои ҶДММ «Сангреза», ки соҳибкори инфиродӣ Касир Мирзоев роҳбараш аст, ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар маҷмӯъ, дар ояндаи наздик ин соҳибкори инфиродӣ тасмим гирифтааст, ки мошинбозори навро дар масоҳати 30 гектар, бо дарназардошти ҷой кунонидани воситаҳои нақлиёт ва техникаи вазнину мусофиркаш васеъ намояд. Зимни боздид мушоҳида намудем, ки мошинбозори нав дар масофаи як километр дуртар аз дидбонгоҳи БДА (дар канори шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа), дар заминҳои ҳамвори бекорхобидаи ғайрикишоварзӣ воқеъ аст. Иншооти мазкур дорои ҳавзи оббозӣ, роҳҳои даромаду  баромад, болопӯшҳои андозаашон  20 х 30 метр, дӯконҳо ва дигар инфрасохтори зарурию шароити мусоид мебошад. Ҳарчанд баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном «мустақил» аз мавҷуд набудани шароити муосир дар ин макон «ливо» сохта истодаанд, вале фаромӯш набояд кард, ки «Москваро низ филфавр насохтаанд». Биноан, тасмими Раиси шаҳри Душанбе оид ба ин масъала хеле муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир аст. Табиист, ки бо кӯчонидани мошинбозор мушкилоти зиёде, ки сокинони маҳаллаи Гипроземи пойтахт бо он мувоҷеҳ буданд, рафъ гардиданд. Вале мавҷудияти нуқтаҳои охири хатсайрҳои «Душанбе — Сарикиштӣ», «Душанбе — Шайнак», «Душанбе — Озодии занон» боиси нороҳатии сокинони маҳаллаи фавқуззикр аст. Шоҳиди ҳол ҳастам, ки дар чорроҳаи кӯчаи Борбад — Гипрозем ва роҳи автомобилгарди Чимтеппа — Сомон бо сабабҳои зерин ҷойгир будани бозорҳои ҶДММ «Сомон», ҶДММ «Саиди Ҳалим» ва ҶДММ «Деҳқон», набудани таваққуфгоҳҳо дар назди бозорҳои мазкур, ҷойгир будани хатсайрҳои «Душанбе — Сарикиштӣ», «Душанбе — Шайнак», «Душанбе — Озодии занон», ки нуқтаи охири ин хатсайрҳо дар ҳамин чорроҳа пешбинӣ гардидааст, назорати нокифоя аз тарафи БДА ва Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, инчунин ба бозор табдил додани пиёдароҳҳо ва қисми кабудизоршудаи кӯчаҳои гирду атроф боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа гаштааст. Бояд зикр намуд, ки чорроҳаи мазкур ҳамчун чорроҳаи танзимшаванда маҳсуб меёбад. Дар дохили чорроҳаи болозикр таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва таксиҳо, ки ба  хатсайрҳои зикршуда мансубанд, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халали ҷиддӣ ворид намудааст.

Итминони комил аст, ки масъалаи мавриди назар низ мавриди вокуниши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута қарор гирифта, дар як муддати кӯтоҳ мушкили мавҷуда рафъ мегардад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»