ҲИСОР. НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ ДАР БЕМОРХОНА

№70 (3550) 31.05.2016

Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор дар давоми ду соли охир пурра таъмир шуда, фаъолияташ беҳтар гардид. Он дорои 710 кати хоб буда, кормандонаш барои расонидани кумаки тиббӣ ба мардум ҳамеша омодаанд.

Сардухтур — Эмомалӣ Маҷидов иброз намуд, ки солҳои охир беморхона ҳуҷраи безараргардонии лавозимоти тиббӣ надошт.

- Биноан, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳуҷраро аз таъмири ҷорӣ баровардем ва дар онҳо чор таҷҳизоти безараргардонии лавозимоти тиббиро васл кардем, ки айни ҳол пурра фаъолият доранд.

Барои кор бо таҷҳизоти замонавӣ се нафар табибон  дар Федератсияи Россия бозомӯзӣ шуда, ҳоло дар беморхона фаъолият доранд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»