Қонун ва ҷомеа

Истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир бештар мегардад, агар…

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_1503Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро 26 апрели соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 12 июн Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июн ба имзо расонид. Лоиҳаи он бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева ва Баҳром Абдуалимов пешниҳод гардид. Дар робита ба ин, хабарнигорамон бо яке аз муаллифон — Мирзоанвар Ахмедов мусоҳиб шуд.

- Ҷараёни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» чӣ гуна сурат гирифт?

- Вақте бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқот доштем, аксари онҳо мушкилоти мавҷуда нисбат ба истифодаи чарогоҳро баён карданд. Аз ин рӯ, дар асоси дархосту пешниҳодоти интихобкунандагон масъаларо баррасӣ намудем. Дар ибтидо хостем, ки ба қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид намоем. Вале дидем, ки зарурати қабули қонун дар таҳрири нав пеш омадааст. Сипас, аз ҳисоби мутахассисони вазорату кумитаҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода, онро мукаммал намудем.

Тӯли як сол бо иштироки истифодабарандагони чарогоҳ дар минтақаҳо лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни мулоқот истифодабарандагони чарогоҳ таклифу пешниҳодҳо карданд, ки онҳоро ба лоиҳаи қонун ворид намуда, барои хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудем. Ҳамин тариқ, ба қонун 1 боб ва 5 моддаи нав илова карда, моддаҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда таҳрир ва мушаххас гардонида шуданд. Ҳамчунин, ба қонуни пешниҳодшуда 10 истилоҳу мафҳум бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм илова гардид.

- Тағйиру иловаҳо бештар кадом самтҳоро дар бар мегиранд?

- Вақте аксар истифодабарандагон дар масоҳати зиёд замини чарогоҳро ба иҷора ё истифода гирифтанд, барои гузаронидани чорво аз як мавзеъ ба мавзеи дигар мушкилӣ пеш омад. Аз ин рӯ, дар қонуни қабулшуда оид ба сертификати оммавию сертификати хусусӣ тағйирот ворид намудем, ки дар асоси он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо метавонанд барои муайян намудани роҳҳои чорвогузор сертификати оммавиро пешниҳод кунанд. Мувофиқи моддаи 9 — и қонун назорати истифодаи минтақаҳои барои чаронидани чорво пешбинишуда ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи чарогоҳ вогузор шуд.

Ҳангоми мулоқот интихобкунандагон аз он изҳори ташвиш мекарданд, ки истифодабарандагони чарогоҳ садҳо гектарро гирифтаанд, лекин истифодаи онро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ намемонанд. Қисми зиёдашон ба ҷои истифодаи самаранок ба иҷорадиҳии чарогоҳ оғоз кардаанд. Қаблан дар бисёр маврид додани чарогоҳ тибқи пардохти яктарафа сурат мегирифт. Соҳибони чарогоҳ истифодабарандагони якуминдараҷа ҳисоб ёфта, андоз месупурданд, вале онро ба иҷора медоданд.

Дар таҳрири нави қонун пешниҳод шуд, ки ҳама намуди иҷорадиҳӣ, аз ҷумла, ба иҷораи фаръӣ додани чарогоҳ, аз қайди давлатӣ гузаронида шавад.

Тибқи моддаи 22 қонун дар шартномаи иҷораи чарогоҳ ғайр аз муқаррароти пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти зерин низ муайян шудааст: ҳудуди майдон, ҷойгиршавӣ, сарҳад ва объектҳои инфрасохтории чарогоҳ, намуд ва саршумори чорвои дар он чаронидашаванда, муҳлати истифодаи чарогоҳ, андозаи маблағи иҷора ва тартиби пардохти он, ҳуқуқу уҳдадории тарафҳо вобаста ба истифода ва ҳифзи чарогоҳ, ҷавобгарии тарафҳо дар ҳолати риоя накардани шартнома, тартиби ҳалли баҳсҳо ва қатъ кардани шартнома.

- Коршиносон бонги изтироб мезананд, ки ҳолати экологии чарогоҳҳо торафт бад гардида истодааст ва барои пешгирии фарсудашавии онҳо чораандешӣ намешавад. Дар қонун вобаста ба ин масъала чӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст?

- Борҳо шоҳиди он будем, ки бо вуҷуди тобистона будан чарогоҳҳоро тамоми сол истифода мебаранд. Бо ҳамин сабаб, биёбоншавии чарогоҳ ба вуҷуд омада, оянда вазъи соҳаро мушкил мегардонад. Ба ҳамин хотир, боби 4 — уми қонун ба ҳифз ва беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳҳо бахшида шудааст. Чунончӣ, дар моддаи 26 — уми қонун омадааст, ки беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ бо роҳи зиёд кардани ҳосилхезии замин, обёрӣ, кишт ва парвариши растаниҳои бисёрсолаи серҳосил дар чарогоҳ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда мешавад. Гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ таъмин менамоянд.

- Оё дар ҳудуди чарогоҳ анҷом додани корҳои сохтмонӣ ё фаъолияти сайёҳӣ мумкин аст?

- Тибқи талаботи қисми 4 — уми моддаи 25 — уми қонун дар ҳудуди чарогоҳ анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул (рег, шағал, хок, санг, манбаъҳои об), кушодани роҳҳо, ки ба истифодабарии чарогоҳ ва ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ алоқаманд намебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дар қисми 2 — юми моддаи 15 муқаррар шудааст, ки истифодабарандагони чарогоҳ уҳдадоранд ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва объект­ҳои мероси фарҳангии дар ҳудуди чарогоҳ ҷойгиргардидаро таъмин намоянд.

- Баъзан дар хусуси оқилона истифода набурдани чарогоҳ шикоят мекунанд. Назорати таъмини истифодабарии оқилонаи чарогоҳ ба зиммаи кист?

- Моддаи 20-и қонун ба ин ­масъала бахшида шудааст. Бо мақсади таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи чарогоҳ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (шаҳр) ва вилоят комиссияи танзими истифодаи чарогоҳ таъсис дода мешавад. Ба ҳайати он намояндагони ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳал дохил мешаванд. Назорати истифодаи босамари чарогоҳ, таҳия намудани нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодаи чарогоҳ бо ҷалби мутахассисони соҳа, мутахассисон барои гузаронидани мониторинги вазъи чарогоҳ ва ҳолати истифодаи он ба салоҳияти комиссия мансуб аст. Аз ин рӯ, ба ҳайати комиссия бояд мутахассисоне дохил шаванд, ки соҳаро хуб медонанд.

- Комиссия, дар сурати ошкор намудани камбудӣ, ба субъект­ҳои хоҷагидор таъсир расонида метавонад?

- Ба комиссия ҳуқуқ дода шудааст, ки зимни мушоҳида кардани истифодаи ғайриоқилонаи чарогоҳ ба мақомоти дахлдори давлатӣ хулоса пешниҳод намояд. Муқаррар намудани сарҳади чарогоҳи ҳудуди шаҳрак ва деҳот дар шаҳру ноҳияҳо ва муайян намудани муҳлати истифодаи чарогоҳ дар ҳудуди дахлдор, ҳалли баҳсҳо вобаста ба тақсимот ва истифодаи чарогоҳ дар ҳудуди дахлдор ба ваколати комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ дохил мешавад. Агар комиссияҳо бо ҷалби мутахассисони огоҳ фаъолиятро хуб ба роҳ монанд, барои беҳбуд бахшидани ҳолати чарогоҳҳо бисёр корҳои муфидро анҷом додан мумкин аст, зеро заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.

- Баҳори соли равон, ҳангоми баланд шудани нархи гӯшт, иддае пешниҳод намуданд, ки саршумори чорвои гӯштиро зиёд кунанд, вале олимони соҳа изҳори норозигӣ намуданд ва гуфтанд, ки чарогоҳҳои мамлакат сарбории иловагиро бардошта наметавонанд. Назари шумо дар ин бора чист?

- Ба андешаи ман, тавассути хушзоткунию баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ба ҳадафҳои дарпешгузошта ноил шудан мумкин аст. Масалан, як сар модагови хушзот дар як шабонарӯз 35 — 40 литр шир медиҳад. Аммо чорвои маҳаллӣ 4 — 6 литр. Аз ин рӯ, барои хоҷагиҳо нигоҳ доштани 100 сар чорвои хушзот нисбат ба 400 — 500 сар чорвои каммаҳсул камхарҷтар аст. Бо ин роҳ сарбории чарогоҳ низ кам мешавад. Зимни парвариши чорвои гӯштӣ ҳам аз ин усул истифода кардан лозим аст. Зеро чорвоҳои хушзоте ҳастанд, ки дар муддати кӯтоҳ вазн мегиранд.

Ҳоло бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ баҳри хушзоткунии чорво тадбирҳо андешида истодаанд. Агар муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳо сурат гирад, истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир бештар мегардад. Ҳоло маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқоние, ки 100 то 500 сар чорво доранд, рақобатпазир шуда наметавонанд, зеро истифодаи комёбиҳои илму техника, харидани зотҳои сермаҳсули чорво, парвариши зироатҳои баландҳосил танҳо дар сурати мавҷуд будани маблағ имконпазир мегардад. Вале бояд қайд кард, ки танҳо дар муттаҳидӣ ба ин ҳадафҳо метавон расид.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»