«Истиқлолу озодӣ — муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат»

№107 (4057) 05.09.2019

Таҳти ин унвон дар деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ бахшида ба 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз баргузор шуд.

Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Сафарбегим Сафармамадзода таъкид кард, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Ванҷ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил гардид.

- Пешрафту ободии кишвар ва гиромидошти арзишҳои миллӣ орзуи чандинасраи ниёкону аҷдодон буд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуи худ расидем, вале барои ҳифзи истиқлолият, арзишҳои миллии кишвар ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, худогоҳ бошем, баҳри пешрафту шукуфоии боз ҳам бештар ҷаҳду талош намоем, — гуфт муовини раиси ноҳия.

Дар чорабинӣ кормандони идораю муассисаҳои маҳаллӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ перомуни дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардош­тани савияи дониши наврасону ҷавонон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа андеша баён доштанд.

М. ИМОМНАЗАРОВ, рӯзноманигор