Кӯдакон гулҳои ҳаётанд

№68 (3862) 02.06.2018

c3466277ebe9e51c821571d5e1adb543Маънии ҳаёти инсон фарзанд аст ва волидайн ҳамеша пайи солимии онҳо мекӯшанд. Моҳиятан кӯдакон гулҳои ҳаётанд ва Давлат низ ба онҳо чун ояндаи ҷомеа муносибат намуда, дар доираи қонун ҳуқуқи онҳоро муайян ва риояи онҳоро талаб менамояд. 

Дар арафаи  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳар сол  якуми июн таҷлил мегардад, бо муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ — клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона Маҳмадқул Муродов ҳамсуҳбат шудем.

Ӯ гуфт, ки Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмӣ — клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми октябри соли 2008 таъсис ёфта, мақсади асосии он муайян намудани вазъи саломатии кӯдакон, дар амал ҷорӣ намудани дастовардҳои илми педиатрия, расонидани ёрии машваратӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар ординатура, аспирантура ва докторантура, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос аз рӯи ихтисосҳои педиатрия, ҷарроҳӣ, беҳисгардонӣ ва эҳёгарии кӯдакона, таҳияи дастурҳои методӣ, раҳнамоӣ барои дифои рисолаҳои илмӣ, пешниҳоди усулҳои муосири ташхису табобат мебошад.

Дар марказ шуъбаҳои неонатология, кӯдакони хурдсол, кӯдакони калонсол, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳӣ ва эҳёгардонии тифлҳои навзод, бемориҳои сироятии кӯдакона, ҷарроҳии қалбу рагҳо ва ғайра фаъолият мекунанд.

- Ҷое, ки кор ҳаст, мушкилӣ ҳам вуҷуд дошта метавонад. Айни замон бо чӣ мушкил мувоҷеҳ ҳастед?

- Норасоии мутахассисон, аз қабили неонатолог, педиатр, сироятшинос, ҷарроҳ, эҳёгар ва беҳискунандаи кӯдакона ва таъмин набудани матолиби методӣ-илмӣ, таҷҳизоти муосир аз мушкилоти мавҷудаанд.

- Барои рушди соҳа ба кадом даст­овард ноил гаштед? 

- Дар давоми фаъолият ду анҷуман ва конгрессро бо иштироки олимони 20 давлати дунё гузаронидем, ки дар онҳо мавзӯъҳои мубрами соҳаи тибби кӯдакона мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳри рушди соҳа тавсияю пешниҳодҳои мушаххас дода шуд. Илова бар ин, бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва ғайра се тадқиқоти илмию назариявӣ дар мавзӯъҳои: «Баҳодиҳии ғизои кӯдакон ва модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баҳогузории таркиб ва сабабҳои фавти навзодон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Баҳодиҳии сифати ғизои кӯдакон ва занҳои қобили таваллуд» гузаронида шуд.

Дар марказ 93 нафар, аз ҷумла 5 доктори илми тиб, 10 номзади илми тиб, 3 аспирант, 54 ходими илмӣ ва 21 мутахассис фаъолият доранд. Дар давоми мавҷудият 11 унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Дар маҷаллаи илмии «Педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Тоҷикистон» мақолаҳои илмию тадқиқотӣ ва назариявии кормандон дар се моҳ як маротиба чоп мешаванд.

- Алҳол кадом намуди бемориҳо дар кӯдакон зиёдтар ба назар мерасад? Роҳҳои пешгирии онҳо чӣ гуна аст?

- Вобаста ба синну сол бемориҳо гуногунанд ва бо иваз шудани фасл  низ авҷ мегиранд. Дар фасли зимистон бештар бемориҳои илтиҳоби роҳҳои нафас, зуком, аллергия ба назар мерасад. Дар фасли гармо дарунравӣ зиёдтар аст ва мутахассисон бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, роҳҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ, пешгирии ин беморӣ ва тарзи тайёр намудани маҳлули регидронро мефаҳмонанд. Баробар бо бемориҳои зикршуда бемориҳои фишорбаландии шараёни мағзи сар (черепное давление) ва нуқсонҳои модарзодии ирсӣ низ бештар аст. Аз ин рӯ, Дастурамал оид ба рушди бармаҳали кӯдакон, омилҳои таъсиррасон ва модули заминавии дахолату скринингҳои барвақтӣ аз ҷониби мутахассисони марказ таҳия гардида, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 июли соли 2017 тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин, дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои нуқсонҳои модарзодии ирсӣ дар кӯдакон барои солҳои 2017-2020», ки бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Академияи илм­ҳои Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, тадқиқоти илмӣ идома дорад. Дар ин замина ба таври таҷрибавӣ дар таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе мониторинги инкишофи навзодон «оид ба нуқсони модарзодӣ»-ро дар робита ба никоҳи хешутаборӣ мавриди тадқиқ қарор додем. Муайян гардид, ки аз 28052 таърихи шаклҳои инкишофи навзодон 1683 нафар бо никоҳи хешу таборӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 99 нафар бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудаанд.

- Далелҳо ҳокианд, ки яке аз сабаб­ҳои асосии фавти навзодон нуқсони модарзодии дил низ маҳсуб мешавад…

- Дуруст гуфтед. Баҳри табобати ин намуди беморӣ марказҳои махсусгардонидаи ҷарроҳии дил дар шаҳри Душанбе барои 30 кат, аз он ҷумла 10 кат барои кӯдакон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 25 кат, аз он 5 кат барои кӯдакон, фаъолият доранд ва дар онҳо 8 мутахассиси баландихтисоси ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгарди кӯдакон ба табобат машғуланд. Ҳар сол дар ин марказҳо аз 130 то 190 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад, ки дар маҷмӯъ қонеъкунанда нест.

- Кадом намуди хизматрасонӣ ройгон аст?

- Ҳама хизматрасонии марказ ройгон аст, зеро он аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»