Стратегия - омили рушд

Камбизоатӣ коҳиш меёбад

№47 (3032) 16.04.2013

Бо иқдом ва тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат батадриҷ коҳиш меёбад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст сатҳи камбизоатиро то соли 2015 ба 31,5 фоиз паст намояд.

Бо ин мақсад, чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи баландбардории некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» муаррифӣ шуд. Ҳадафи барномаи мазкур коҳиши сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши теъдоди табақаи миёнаи аҳолӣ мебошад. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯбаи Стратегияи мазкур табақаи миёнаи аҳолӣ мутаносибан аз 19,5 фоиз то ба 29,4 фоиз расонида шавад.

Бино ба маълумоти ин вазорат, соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 83 фоиз, соли 2008 — 50 фоиз, соли 2009 — 46,7 фоиз, соли 2010 — 45 фоиз, соли 2011- 41 фоиз ва соли 2012 ба 38,3 фоиз баробар шуд.

Ин равандро масъулини соҳа ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ вобаста медонанд. Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ қаблан гузориш доданд, ки мизони камбизоатӣ дар кишвар муддати панҷ соли охир аз 60 ба 40 фоиз коҳиш ёфтааст. Илова бар ин, чанде пеш муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод гуфт, ки дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тибқи меъ-ёрҳои тасдиқшудаи Бонки Умумиҷаҳонӣ муқаррар мешавад ва ба қишри камбизоатон ашхосе мансуб дониста мешаванд, ки сатҳи даромаднокиашон камтар аз ду доллару 15 сент дар як шабонарӯз аст. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи Стратегияи мазкур ба қишри миёнаи байналмилалии аҳолӣ оилаҳоеро метавон мансуб донист, ки бо назардошти қобилияти харидорӣ, хароҷоти шабонарӯзиашон аз 5,6 то 11,5 доллари ИМА барои як нафар узви оиларо ташкил диҳад.

Дар ҳар сурат, масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон равиши муайян намудани сатҳи камбизоатӣ пурра ошкор нагардидааст ва он дар шаклҳои гуногун сурат мегирад.

Зимни пурсишу таҳлилҳо маълум гардид, ки дар ҷомеа шахсоне мавҷуданд, ки худро дар радифи камбизоатон намебинанд. Гузашта аз ин, падидаи дигаре низ зуҳур кардааст, ки коршиносон онро басо ташвишовар ва нигаронкунанда арзёбӣ намудаанд. Яъне, дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки даромаднокиашон ба қадри имкон кофист ва он барои баровардани ниёзҳои оилавиашон басанда буда, дастнигари касе нестанд, вале тафаккурашон қашшоқ аст ва дар талоши онанд, ки худро дар рӯйхати камбизоатон муаррифӣ созанд. Коршиносон изҳор медоранд, ки феълан чунин мафкураи маризнамо бештар дар деҳот ба чашм мехӯрад, ки тавассути ёру ошнобозӣ, ба хотири бенасиб намондан аз имтиёз ва кӯмакпулиҳо худро дар рӯйхати камбизоатон сабти ном мекунанд. Рафтори чунин ашхос, ки дидаву дониста худро камбизоат меҳисобанду нисбат ба онҳое, ки даромадашон ночиз аст ва мафкураи тангу қашшоқона надоранд, бераҳмие беш нест, зеро аксари ашхоси камбизоат, нодор бошанд ҳам, қаноатро пеша намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки назди ҷомеа оилаи хешро мисли бархе афроди «доро» дар рӯйхати фақрзадагон нишон надиҳанд.

Қобили зикр аст, ки феълан камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои рӯйи олам, яке аз мавзуъҳои аввалиндараҷа боқӣ мондааст. Роҷеъ ба сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ҳанӯз омор ва андешаҳои масъулини Ҳукумат, дар муқоиса ба натиҷагирии коршиносони муассисаҳои байналмилалӣ, якранг нест. Аз ин бармеояд, ки минбаъд масъулини соҳа фаъолиятро дар ин ҷода густариш дода, барои дар амал татбиқ намудани «Стратегияи баландбардории некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дастҷамъона талош варзанд.

 

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ,

«Садои мардум»