КМИР рӯйхати номзадҳои аҳзоби сиёсиро тасдиқ намуд

№12 (4118) 23.01.2020

Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикис­тон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳоеро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод шудаанд, тасдиқ кард.

Акнун ҳизбҳои сиёсӣ вазифадоранд ҳуҷҷати номзадҳоро мувофиқи рӯйхати тасдиқгардида, тибқи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.

Тибқи иттилои расида, рӯйхати тасдиқкардашудагон 74 нафарро ташкил медиҳад.

Аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — 28 нафар: Саймурод Фаттоҳзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ранохон Бобоҷониён, Насиба Содиқӣ, Дилрабо Мансурӣ, Сумангул Тағойзода, Фирӯза Шарифӣ, Идигул Қосимзода, Хайрулло Амонулло, Саодатшо Матробиён, Абдураҳим Холиқзода, Абдулло Табарӣ, Музаффарҷон Маҳмудов, Файзалӣ Идизода, Муҷибахон Ҷавҳарова, Бибиосия Аюбӣ, Шарофиддин Ҷӯразода, Файзалӣ  Назаров, Тағоймурод Ҳасанзода,  Рухсора Давлатзода, Сафиямоҳ Тешаева, Саёҳат Дадаҷонова,  Ҳабибулло Амирбекзода, Зулфия Давлатзода,    Дилноза Аҳмадзода, Бахтиёр  Ҳамдамов, Фирдавс Ёдгорӣ,  Фариза Абдуллозода.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 13: Рустам  Латифзода, Фазлиддин Икромов, Мансур Усмонов,  Неъматулло Холбойзода, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Шодӣ Мӯсозода, Музаффар Мирзозода, Бахтиёр Аҳмадзода, Ҷонона Ҳайдарзода, Нуралӣ Ниёзов, Рупия Сафарова, Раҳмон Зиё.

Ҳизби демократи Тоҷикистон – 4: Саидҷаъфар Усмонзода, Диловар Холов, Таваралӣ  Зиёзода, Зӯҳро Мирзоева.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 7: Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашӯров, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Зафар Ализода, Абдулатиф Раҳимов, Баҳодур Раззоқов.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 6: Мироҷ Абдуллоев, Зарагул Мирасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Ҳамидов,  Азизҷон Раҳмонов.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 8:  Абдуҳалим Ғаффоров, Маъруфхуҷа Юсупов, Зариф Наимов, Миҷгона Рустамова, Фаррух Боқиев, Давлатхоним Саидошурова, Наргиза Бобоҷонова,  Уғул  Қобилова.

Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон — 8 нафар — Раҳматилло Зойиров, Шокир Ҳакимов, Дилбар Самадова,  Бахтиёр Насруллоев, Нигина Шоназарова, Маҳмурод Одинаев, Қиёмиддин Азизов, Сиддиқ Саидов.

 «Садои мардум»