Кумаки хайрияи Фирдавс Наимов ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистону Қирғизистон

№61 (4067) 21.05.2020

изображение_viber_2020-05-18_17-13-14Яке аз фазилати инсонҳои нек он аст, ки ҳангоми  мусибату мушкилӣ ба дармондагону ранҷурон дасти мадад дароз мекунанд. Зеро некӣ кардану дасти сахо кушодан, дар баробари аҷру савоб доштан, дилҳоро шоду меҳру муҳаббатро афзун менамояд. Алалхусус, дар айёми ҳассосе, ки аҳли ҷаҳон аз сироятёбӣ ба бемории нави коронавирус – COVID – 19 азият мекашанд, дастгирии моддию маънавии ашхоси осебпазир аз ҳарвақта бештар муҳим аст.

Тавре аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия иттилоъ доданд, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Русмостранс», ки сарвариашро Фирдавс Наимов ба зимма дорад, бо соҳибкори дигари тоҷик Зафархон Ҳасанов 17 майи соли равон боз ба иқдоми хайриявӣ даст зад. Аз ҷониби ризокорони ширкати зикршуда барои 917 оилаи муҳтоҷ дар шаҳри Москва ва вилояти Москва маҳсулоти озуқаворӣ тақсим карда шуд. Аз ҷумла, барои  ятимон ва оилаҳои камбизоати шаҳри Любертсии вилояти Москва 110 ва барои Бунёди «Хонаи некӣ» 50 қуттӣ маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим гардид.

2Инчунин, аз ҷониби  ризокорони ҶДММ «Русмостранс» дар ҳузури намояндагони Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 500 бастаи озуқаворӣ эҳдо карда шуд. Гузашта аз ин, ба ду ҳостел, ки дар онҳо 40 нафар  ҳамватанон ҷойгир шудаанд, маҳсулоти озуқа  дастрас гардид.

Аз эҳсонкории ҶДММ «Русмостранс» муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ бенасиб намонданд. Чунончӣ, барои муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон 130 баста, Қирғизистон – 55 ва донишҷӯёну муҳоҷирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 60 баста озуқаворӣ тақдим шуд.

1- Ба маъракаи хайриявӣ варзишгари маъруфи тоҷик Аъзам Ғафуров ҳамроҳ шуда, 10 тонна картошка овард. — Аз ин рӯ, ба маҳсулоти озуқавории барои донишҷӯёну муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пешбинишуда 20 килоӣ картошка низ илова намудем, ки ин боиси хушнудии ҳамватанон гашт, — гуфт Фирдавс Наимов.

Дар маҷмӯъ, тавассути 55 мошини сабукрав ва 12 мошини боркаш ба маблағи зиёда аз 1 миллион рубл маҳсулоти озуқа, аз қабили орду равған, шакар, макарон, шири хушк, биринҷ, пиёзу картошка ва ғайра ба донишҷӯёну муҳоҷирони меҳнатӣ дастрас гардид.

изображение_viber_2020-05-18_16-48-14Ҳамчунин ҶДММ «Русмостранс» ба кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Любертси ҳазор ададӣ дастпӯшак, ниқобҳои тиббӣ, пойафзол ва антисептикҳо ҳадя намуд. Зеро кормандони умури дохилӣ шабонарӯзӣ фаъолият дошта, мудом бо шаҳрвандон сарукор мегиранд. Аз ин рӯ, ба лавозимоти муҳофизатӣ бештар ниёз доранд.

- Мо ҳангоми таҳияи маҳсулот  барои хайрия  ба сифати он таваҷҷуҳи зиёд менамоем. Кӯшиш мекунем, ки ба дасти ниёзмандон танҳо маҳсулоти баландсифат бирасад, — гуфт Фирдавс Наимов.

изображение_viber_2020-05-18_16-48-15Сарвари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Любертсии вилояти Москва Владимир Ружитский барои эҳсонкорӣ ва нишон додани мавқеи баланди шаҳрвандӣ ба соҳибкори тоҷик Фирдавс Наимов ба нишони сипос аз номи маъмурияти шаҳр ҷоиза супурд.

Иқдоми соҳибкори тоҷик Фирдавс Наимов шоистаи таҳсин буда, боиси ба эҳсонкорӣ ҷалб гардидани дигар соҳибкорон хоҳад гашт. Аттори Нишопурӣ дар хусуси ашхоси эҳсонкор фармудааст:

Эй бародар, ҳоҷати мискин барор,

То барорад ҳоҷататро Кирдугор.

Бо сахо бошу  тавозуъ пеша гир,

То шавад рӯи дилат бадри мунир.

Ёдовар мешавем, ки Фирдавс Наимов дар ҳамкорӣ бо соҳибкор Зафархон Ҳасанов 26 апрели соли равон низ ба маблағи 2 миллиону 510 ҳазор рубл ба 1900 оилаи донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Москва ва вилояти Москва қуттиҳои пур аз озуқавории ҳар кадом 50 килоӣ тақдим карда буд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»