КУМАКИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА ЗАРАРДИДАГОН

№71 (3551) 02.06.2016

Шаби 11-ум ба 12-уми майи соли 2016 дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, бо омадани сел зиёда аз 1400 хоҷагии деҳаҳои деҳоти

«Зайнабобод» -и ноҳияи Рӯдакӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Вобаста ба ин Маркази исломии Тоҷикистон якҷо бо масҷидҳои ҷомеи шаҳрҳои Душанбе, Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав  барои зарардидагон маҳсулоти хӯрока дар ҳаҷми 14000 сомонӣ ва 60 дона қолину палос кумак  намуданд.

Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни дидорбинӣ мардумро ба сабру таҳаммул даъват намуда, қайд кард, ки ин ҳодиса як озмоиш аз ҷониби Худованд аст ва Худованди меҳрубон агар дареро бибандад, ба раҳмати бепоёни худ чанд дари дигарро ба рӯи банда хоҳад кушод. Ӯ таъкид кард, ки ходимони дин дар оянда низ ба мардуми зарардида кумак мерасонанд.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»