ЛАХШ: БУНЁДИ ИНШООТ ВУСЪАТ ЁФТ

№ 09.06.2016

Даври аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар ноҳияи Лахш  ҷамъбаст гардид. Тибқи маълумоти котиби комиссияи ноҳиявӣ Сайрам Насриддинова, Ҷамоати деҳоти Пилдон, шаҳраки Ваҳдат, деҳаи Қушунбоғи Ҷамоати деҳоти Сурхоб ғолиб дониста шудаанд. Хонаҳои Худоёров Давлатёр аз деҳаи Пилдон, Шомуродов Аброр аз деҳаи Ҷиргатол, Ахмедов Юнус аз деҳаи Сасибуклоқи Ҷамоати деҳоти Муксу хонаи беҳтарин  ва оилаи Зууров Тоҷиддин сокини деҳаи шаҳраки Ваҳдат, Рисқулов Абдуқаҳҳор сокини деҳаи Сартало, Ваҳобов Толиб сокини деҳаи Пилдони Боло оилаи намунавӣ эътироф гардиданд.

Раиси комиссияи ноҳиявӣ, раиси ноҳияи Лахш Зоҳирзода Умед Тоир ҳангоми суҳбат изҳор намуд, ки мардуми ноҳия ба давраҳои минбаъадаи мусобиқа омодагии ҷиддӣ доранд. Мавсуф зикр дошт, ки дар ноҳия ба ин муносибат сохтмон ва таъмири 2 иншоот ба анҷом расида, сохтмони 6 иншоот дар арафаи анҷомёбист.

Диловари МИРЗО,

Садои мардум