Мудири маориф чӣ гуна «Стипендияи президентӣ» мегирифт?

№149 (4099) 12.12.2019

1Давлату Ҳукумати кишвар ба мансабҳои масъулиятноки хизмати давлатӣ, албатта, ашхоси лоиқу сазоворро таъин менамоянд. Вале дар миёни онҳо баъзан афроде низ дучор меоянд, ки бар ивази хизмати содиқона, қолаби эътимод шикаста, аз ваколатҳои хизматӣ суиистифода мекунанд. Барои мисол, моҷарое, ки соли 2015 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваст, на танҳо соҳаи маориф, балки ҳокимияти давлатии ноҳияро низ доғдор кард.

Бисту якуми октябри соли 2013 бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайхоҷа Ширинов ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг таъин гардид. Маорифчиён гумон карданд, ки баробари омадани мудири тозаинтихоб соҳа рушд карда, монеаҳо рафъ мегарданд. Мутаассифона, баъди муддати начандон тӯлонии фаъолияти С. Ширинов овоза паҳн гардид, ки мақомоти қудратии ноҳия ӯро ҳамчун гумонбар дар ҷиноят дастгир намудаанд. Касе дақиқан аз қазия воқиф набуд. Баъди чанд вақт маълум гардид, ки мақомоти прокуратураи ноҳия нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Барои шинос шудан бо парванда ба прокурори ноҳия муроҷиат намудем. ­Масъулони прокуратура парвандаи ҷиноятии №93135 — ро нисбат ба собиқ мудири шуъбаи маориф Ширинов Сайхоҷа Файзович барои шинос шудан пешниҳод намуданд.

Баъди омӯзиши парванда маълум шуд, ки Ширинов С. ҳангоми мудири шуъбаи маорифи ноҳия будан, бо истифода аз компютер, аз номи шӯрои кумитаи педагогии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 — юми ноҳия таҳти №10 /3 қарор бароварда, ба ҷойи раиси шӯро Сироҷов М. Ғ. имзо намуда, муҳри аз эътибор соқитгардидаи Вазорати маорифро истифода бурда, хонандаи синфи 10- уми мактаби мазкур Сорбони Саидмуҳаммадро дар табели пешрафти №17/2 ҳамчун хонандаи фаъол нишон додааст. Баъди «дуруст» — у «мукаммал» намудани ҳуҷҷатҳо, парвандаи Сорбонро ба Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳамчун гирандаи «Стипендияи президентӣ» пешниҳод кардааст. Ин ҳама «меҳнат» -у «заҳмат» ва «ҳуҷҷатсозӣ» — ро ҷаноби Ширинов на ба хотири дастгирии хонандаи мактаб, балки барои манфиати шахсӣ истифода бурдааст. Дар марҳилаи аввал — моҳҳои сентябр, октябр ва декабри соли 2014 ҷамъ ба маблағи 1512 сомонӣ пули стипендияро аз номи Сорбони Саидмуҳаммад гирифта, ба ҷайб задааст. Моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2015 бошад, 1134 сомонии дигарро аз номи толибилм соҳиб шудааст.

Мақоли хуби халқист: «Бори каҷ ба манзил намерасад!». Хушбахтона, «ҳилла»- и мудири маорифро падари хонанда пай бурда, ба мақомоти прокуратура муроҷиат кардааст. Ҳамон замон кормандони ин ниҳод далел ҷамъоварӣ намуда, дар асоси онҳо нисбат ба Ширинов С. бо дастрасии моддаҳои 314 қисми 1 ва 323 — юми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.

Тибқи тартиб, баъди анҷоми тафтишот, парванда барои моҳиятан баррасӣ шудан бояд ба суд ирсол мегардид. Аммо соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул ва Ширинов муфт аз ҷазои ҷиноятӣ раҳо шуд. Парвандаи ҷиноятиаш ҳоло дар мақомоти прокуратура маҳфуз аст. Мудири маорифи «стипендиягир», аҷаб шармандагие…

Вале «қаҳрамонӣ»-и Ширинов дар ин ҷо хотима намеёбад. Ӯ бо мақсади таъмин намудани муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия бо сарулибоси мактабӣ 1 декабри соли 2014 аз номи шуъбаи маориф бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алишер АСК» шартнома бастааст, ки мувофиқи он ҷамъият хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин кардааст. Дар қарордод гуфта шудааст: «…Шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг уҳдадор мешавад, ки либосҳои гирифташудаеро, ки дар муҳлати муайяншуда дар мактабҳо ба савдо нарафтаанд, то саршавии соли хониши 2015 — 2016 фурӯхта, маблағи боқимондаро ба хазинаи ҶДММ «Алишер АСК» месупорад…». Ҳоло аз имзои шартнома панҷ соли расо гузаштааст. Дар ин муддат Ширинов аз кор рафт (соли 2017), аммо то ҳол шуъбаи маориф дар назди корхона қарздор аст.

- Тасаввур кунед, директорони мактаб­ҳои либосгирифта баёнот додаанд, ки либосҳоро фурӯхта, пулҳоро ба манфиат истифода бурдаанд. Он вақт Ширинов мудири маорифи ноҳия буд. Шартномаи дуҷониба низ бо муҳри шуъбаю имзои ӯ баста шудааст. Барои маҷбуран ситондани маблағҳо қариб ба ҳама мақомоти дахлдор муроҷиат намудем, вале бенатиҷа. Албатта, нисфи либосҳоро пас гардонданд, вале маблағи калони корхона аз гардиш бозмонд ва ба муфлисӣ мувоҷеҳ шуд. Ҳоло ҳам шуъбаи маориф зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ қарздор аст, — мегӯяд Қурбонбӣ Ниёзова — роҳбари ҶДММ «Алишер АСК».

Мудири ҳозираи шуъбаи маориф Нафиса Сафарова дар робита ба ин масъала тазаккур дод, ки «Вақте шуъбаро қабул кардам, он аз пули либос 86 000 сомонӣ қарздор буд. Гарчанде он дар замони роҳбарии ман ба миён наомада бошад ҳам, аз мактабҳо маблағ ҷамъоварӣ карда, пули либосро пардохтем».

ҶДММ «Алишер АСК» дар назди ҶДММ «Султони Кабир»-и ноҳияи Восеъ фаъолият мекунад. Он соли 2013, зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид ва дар он зиёда аз сад нафар фаъолият мекард. Аммо шартномаи бо Ширинов басташуда фаъолияти муназзами онро халалдор кард. Бовари кас намеояд, ки директорони муассисаҳои таълимӣ либосҳоро фурӯхтаю пулашро ба манфиат истифода баранду мудир аз он бехабар монад? Албатта, «зери коса нимкосаест». Агар мудир вазифаашро дар сатҳи зарурӣ ва бо дарки масъулият иҷро мекард, на директорон пулҳоро ғайримақсаднок истифода мебурданду на шуъбаи маориф қарздор мешуд.

Аҷобат боз дар он аст, ки Ширинов С. аз мансаб суиистифода намуда, ба номи хизматчии давлатӣ иснод оварда бошад ҳам, боз ӯро дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба ҳайси мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ба кор қабул намудаанд. Тибқи маъмул, хизматчиёни давлатӣ дар асоси озмун қабул мегарданд, ки онро намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ ҳакамӣ мекунанд. Пас онҳо бояд парвандаи шахсии иштирокчиёни озмунро аз зери заррабин гузаронанд. Агар чунин бошад, ин ҷо суоле ба миён меояд: Дар хусуси Ширинов, ки ҳатто дар маркази маълумотдиҳии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо моддаҳои нисбаташ айб эълоншуда ва рақами парвандааш сабт шудааст, чӣ гуна маълумоте пайдо накардаанд?

Ҳадаф аз нашри матлаб сиёҳ кардану бадномсозии касе нест. Танҳо парда бардоштан аз рӯи кирдори зиддиқонунии нафарест, ки давлат ба ӯ курсии роҳбариро бовар карда буд.

Баҳри риояи тавозуни андеша, хостем бо Ширинов ҳамсуҳбат шавем, вале ӯро дар ҷойи кораш пайдо карда натавонистем. Магар ҳайратовар нест, вақте ба мансабдоре, ки навраси синфи 10 — ро манбаи даромад қарор дод, боз вазифаи масъулро бовар мекунанд. Чун ноҳияи Ховалинг, ҳоло дар шаҳри Турсунзода низ шояд «қаҳрамонӣ» — ю «корнамоӣ» — ҳояш идома дошта бошад?! Кӣ медонад?

Таҳқиқи журналистӣ дар робита ба ин масъала идома дорад. Вобаста ба мавзӯъ бо далелҳои тоза хонандагонро огоҳ хоҳем кард.

Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»