Гумон меравад, ки дар ягон давру замон масъалаи нақлиёти мусофирбари пойтахти кишвар то ба он дараҷае, ки имрӯз аст, ба танзим надаромада буд. Саҳару бегоҳ, нисфирӯзию шабона чандин намуди нақлиёт, аз автобусу троллейбус то тамғаҳои гуногуни микроавтобусу таксиҳо дар ихтиёри шаҳрвандон қарор доранд. Шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, кормандони рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизиону радио аз болои фаъолияти нақлиёти мусофирбар назорати доимӣ бурда, ба ин сатҳ муваффақ шуданд. Умуман, дар таъмини нақлиёти хатсайрҳо аз ҷониби шаҳрвандон қариб шикояте ҷой надошта, баъзан аз меъёр зиёд будани онҳо ба назар мерасад.
Алҳол дар шаҳр 93 хатсайр фаъол аст, ки аз он дар 19-тоаш автобус, 11-тоаш троллейбус ва 63-тоаш микроавтобусҳо ҳаракат доранд. Ҳар рӯз то 2450 нақлиёт машғули хидматрасонӣ буда, зиёда аз 2600 ҷойи кор муҳайё шудааст.
-Аз теъдоди умумии нақлиёти мусофирбар 320-тоаш нақлиёти коммуналӣ буда, дар 3 Корхонаи воҳиди давлатии коммуналӣ гирд оварда шуданд, — мегӯяд Абдуҳалим Маҷидов, мудири шуъбаи равобит бо аҳолӣ ва ахбори оммаи Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон». – Баробари микроавтобусҳои шахсӣ дар шаҳр 60 нақлиёти коммуналӣ дар ҳаракат мебошад, ки аз соати 5-и саҳар то 23-и шаб кор мекунанд. Талаботи афзояндаи сокинони шаҳрро ба инобат гирифта, дар ду соли охир 7 хатсайри нав кушода шуд. Автобусҳои хатсайри № 90 аз кӯчаи Муҳаммадиев то фурудгоҳи куҳна ҳаракат дорад. Дар хатсайри № 48 микроавтобусҳо аз маҳаллаи Гулпарвар то Маҷмаи савдои «Пойтахт- 90» равуо мекунанд. Бо васеъ шудани ҳудуди пойтахт ва афзудани рафтуомади сокинони гирду атроф хатсайри № 5А, ки аз ҶДММ «Чимтеппароҳсоз» то ба фурудгоҳ ҳаракат мекард, то маҳаллаи Обшорон дароз карда шуд. Ҳамчунин, микроавтобусҳо дар хатсайри № 35 аз маҳаллаи Зарафшон то Ховарон ва № 32 аз Маркази ташхиси техникӣ то Боғи Ғалаба ба мусофиркашонӣ машғуланд. Мавриди зикр аст, ки зимни истифода қарор гирифтани «Наврӯзгоҳ» хатсайрҳои № 40, № 40 А ва № 90 ба он мутобиқ карда шуданд. Автобусҳои хатсайрҳои № 40, № 40 А тавассути кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ — Саъдии Шерозӣ — Айнӣ — Рӯдакӣ – Исмоили Сомонӣ тариқи ҳалқавӣ, яке ба самти ҳаракати ақрабаки соат ва дигаре баръакси он мегарданд.
Тавре аз суҳбат аён гашт, бештар аз 95 дарсади нақлиёти хурди мусофирбар хусусӣ буда, маҳз онҳо бори вазнини мусофиркашониро ба дӯш доранд. Соҳибони мошинҳои шахсӣ мекӯшанд, хидматрасонии хубро ба мусофирон ба роҳ монда, ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаашонро ёбанд. Барои ин аксарашон сарфи назар аз гарон шудани нархи сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва зуд-зуд ба амал омадани тамбашавӣ дар роҳҳо вазифаашонро софдилона ба ҷо меоранд.
Ҳоло дар 18 хатсайри шаҳр, ки микроавтобусҳо ҳаракат мекунанд, арзиши роҳкиро 1 сомонӣ, 12-то 1 сомонию 60 дирам ва боқӣ 80 дирам мебошад. Ба гуфти Абдуҳалим Маҷидов, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти нақлиёти мусофирбар бе дастгирии давлатӣ корест мушкил. Ба ин нигоҳ накарда, нақлиёти мусофирбари пойтахт мураттаб фаъолият дорад.
Бояд афзуд, ки баъзан ба кори нақлиёти мусофирбари шаҳр ронандаҳое, ки иҷозати мусофиркашонӣ надоранд ва ё ба хатсайрҳо худсарона ворид мешаванд, халал мерасонанд. Дар соатҳое, ки мусофирон зиёданд, нархро дучанд боло бардошта, дағалӣ мекунанд. Чунончӣ, 30 апрел ба мошини мусофирбари тамғаи «Хундай», ки дар назди бозори «Саховат» аз ҳад зиёд доду вой бардошта, мусофиронро даъват мекард, нишастем. Дар нимаи роҳ маълум шуд, ки ронанда ба хатсайр худсарона дохил шуда, иҷозатномаю роҳхати сафар надоштааст. Ин қабил ронандагони дайду ҳамагӣ як – ду соат кор карда, зуд ғайб мезананд. Аз ин рӯ, то истгоҳи «Сирки тоҷик» 2 сомонӣ талаб намуд. Баъди аз мошин фуромадан хостам, ки рақами давлатии мошинро навишта, ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт хабар диҳам. Аммо ронанда пешакӣ рақами мошинашро бо сачоқ печонда будааст. Ин рафтори ронандаҳои ҳаромкори манфиатҷӯйро магар кормандони БДА ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки дар ҳар чорроҳа меистанд, намебинанд?
Барои фаҳмидани он ки нисбат ба чунин ронандаҳо чӣ гуна чораҳо андешида мешавад, ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт занг задам. Аз рӯи иттилои Асадулло Тоиров, сардори шуъбаи иқтисод ва иттилоот, дар семоҳаи аввали соли равон тибқи моддаи 323-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 3659 ва дар шаҳри Душанбе 1440 ҳолати худсарона баромадан аз самти муқарраркардаи ҳаракат ба қайд гирифта, ронандагон ба маблағи 146360 сомонӣ ҷарима шудаанд. Аз рӯи моддаи 510-и ҳамин кодекс – иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояду ҷаримааш аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, 1408 ҳолати қонунвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 428-тоаш ба шаҳри Душанбе рост меояд. Аз ин ду рақам маълум мешавад, ки дар баъзе камбудиҳои ҷойдошта, ки ба шаъни пойтахтамон намезебад, на ронандагони ҳалолкор, ки бо иҷозатномаю роҳхати сафар фаъолият доранд, балки масъулони соҳа фориғболӣ мекунанд. Он ронандагоне, ки «обро лой карда, моҳӣ доштанӣ мешаванд» як рӯз не, балки пайваста қонуншиканӣ мекунанд. Аммо бештар вақт беҷазо мемонанд. Дар «Душанбенақлиётхадамотрасон» ин гуна ронандагонро ҳақ бароварданӣ шуда, мегӯянд: «Онҳо ҳам зиндагӣ доранд». Магар зиндагиро бо роҳи фиребу найранг, танг кардани фаъолияти дигарон ва қонуншиканӣ бояд пеш бурд? Аз мушоҳидаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин, ки дар ҳақиқат ронандагони мусофирбари пойтахт ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, ба мизоҷон хизмати хуб мерасонанд, аммо масъулони соҳа камбудиҳое, ки шаҳрвандон ва кормандони воситаҳои ахбори омма нишон медиҳанду зикр месозанд, бештар вақт нодида мегиранд.
Дар хиёбони Рӯдакӣ мусофирон аз автобусу троллейбусҳо зиёдтар истифода мебаранд. Аммо ронандагон барои ҷамъ кардани маблағ дар ҳар сари қадам истода мусофир мегиранд, ки ба асаби онҳо мерасанд. Модоме ки дар хиёбони марказии пойтахт тартиб ҷорӣ карда наметавонанд, аз микроавтобусҳои дар кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Борбад, Сино, Раҳмон Набиев, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва дигар кӯчаҳо ҳаракаткунанда чӣ ҷойи гила?
Мирзои Фирӯз,
рӯзноманигор