НАҚШИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯ

№63 (3543) 17.05.2016

Бо қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли мо яке аз ғояҳои марказии давлати ҳуқуқбунёд, яъне таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун принсипи конститутсионии идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, он ба сифати роҳнамои рушди минбаъдаи ин се шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ амалӣ шуда истодааст.

Маҳз ба ҳамин хотир дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобҳои алоҳида ба танзими тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти алоҳида, ки ҳокимияти давлатиро ба амал мебароранд, бахшида шуда, принсипи тавозун ва боздориро, ки илми давлатшиносӣ аз муҳимтарин асоси рушди давлати ҳуқуқбунёд шуморидааст, таъмин менамоянд.

Дар таҷрибаи конститутсионии 22 — солаи кишвари мо ва ислоҳоти конститутсионии минбаъда яке аз мақсадҳои асосӣ ин таъмини рушду таҳкими минбаъдаи шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 муҳимтарин рукни давлатдории муосири Тоҷикистон – Парламенти касбӣ рӯи кор омад, ки самаранок ва саривақтӣ будани онро таърихи фаъолияти 16 — солаи он исбот намудааст. Ҳамзамон, ислоҳоти конститутсионии гузашта дар самти таҳкими пояҳои ҳокимияти иҷроия ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ба хотири таъмини фаъолияти бомаром ва самараноки идораи давлатӣ равона гардида буданд.

Дар ислоҳоти конститутсионии навбатӣ ва такмили меъёрҳои Конститутсия, ки дар марҳилаи муосири рушди давлатдории Тоҷикистон пешниҳод шудааст, яке аз ғояҳои  марказии он ин рушду таҳкими ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад.

Дар ин замина, яке аз мақсадҳои асосии ин ислоҳоти конститутсионӣ таъмини имконияти ҳуқуқии баробарии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки талаботи асосии принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ин усули таъмини тавозун ва боздорӣ миёни се шохаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аз ин нуктаи назар, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия меъёрҳоеро пешбинӣ менамоянд, ки имконияти баробари ҳуқуқиро ба намояндагони се шохаи ҳокимияти давлатӣ таъмин намуда, талаботи ягонаро барои ишғоли мансабҳо ва мақоми онҳо муқаррар менамоянд.

Дар ин раванд яке аз талаботи нави конститутсионӣ барои шахсоне, ки ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумати кишвар ва судя интихоб ё таъин мешаванд, ин доштани танҳо як шаҳрвандӣ, яъне шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тағйироти пешниҳодшуда ба моддаҳои 49, 65, 73, 85 ва 89 ин муқарраротро пешбинӣ менамоянд. Ҷорӣ намудани талаботи ягона ба шахсоне, ки дар се шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, бениҳоят муҳим буда, мувофиқи ин талабот шахсоне, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии дигар давлатро доро мебошанд дар вазифаҳои пурмасъулият интихоб ё таъин шуда наметавонанд. Шахсе, ки баъд аз интихоб ё таъин шудан ба ин вазифаҳо шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шуда бошад, ин ҳолат боиси аз вазифа рафтани ӯ мегардад.

Талаботи дигаре, ки ба хотири таъмин намудани дастрасии баробар барои ишғоли мансабҳо ва мақоми дар боло зикргардида ин талаботи синнусолӣ нисбати чунин шахсон мебошад. Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи амалкунанда талаботи синнусолӣ нисбати онҳо гуногун пешбинӣ шудааст (барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагӣ, узви Маҷлиси миллӣ 35-солагӣ, вакили Маҷлиси намояндагон 25-солагӣ, судяи судҳои болоӣ 30-солагӣ). Аз ин рӯ, маҳз бо назардошти асосҳои дар боло дарҷгардида тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда талаботи синнусолиро барои ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ якхела, яъне на камтар аз 30-солагӣ пешбинӣ менамояд.

Нисбат ба ҳамин категорияҳои мансабдорони давлатӣ муқаррар намудани талабот оид ба савгандёдкунӣ низ муҳим мебошад. Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи амалкунанда савгандёдкуниро барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешбинӣ намудааст (67). Ҳамзамон, қонунгузорӣ савгандёдкунии судяҳоро низ пешбинӣ кардааст. Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба моддаҳои 49, 73, 85 ва 89 барои намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ ёд кардани савганди садоқат дар сатҳи конститутсионӣ талаботи якхела ҷорӣ карда мешавад.

Масъалаи дигар ин танзими ҳуқуқии тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки намояндаи ин се шохаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор мераванд, мебошад. Конститутсияи амалкунанда қабули қонуни конститутсиониро оид ба тарзи ташкил, фаъолият, ваколатҳо, вазъи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати кишвар ва судҳо пешбинӣ намудааст. Аммо оид ба санаде, ки таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад, дар конститутсия муқаррарот вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, иловаи ба моддаи 71 пешниҳодшуда қабули қонуни конститутсиониро оид ба танзими таъмини фаъолияти Президент пешбинӣ кардааст.

Тағйироти дар номи боби шашум ва мувофиқан дар матни он пешниҳодшуда, ки ба ҷойи калимаҳои «Ҳокимияти маҳаллӣ» истифода намудани калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро пешбинӣ намудааст, ба хотири мушаххас намудани вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии ин мақомот равона шудааст.

Мувофиқи тағйироти ба моддаи 78 пешниҳодшуда меъёри намояндаи Президент будани раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия аз Конститутсия хориҷ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки мансаби раиси вилоят, шаҳр, ноҳия мансабҳои алоҳида мебошанд ва тибқи қонун салоҳияту ваколатҳои мушаххаси худро доранд. Ҳамчун мансаби алоҳида ин шахсон аз ҷониби Президент таъин ва озод карда мешаванд, дар назди Президент ва мақомоти болоии худ, маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошанд. Чунин хусусияти ин мансабҳо тақозо менамояд, ки нисбати онҳо меъёри намояндаи Президент истифода бурда нашавад. Аз ин рӯ, ин пешниҳод низ ба таҳкими ҳокимияти иҷроия, махсусан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ равона карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри кафолати таъмини адолати судӣ, мустақилияти судяҳо, волоияти арзишҳои инсонӣ, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун корҳои хеле назаррас, аз қабили марҳила ба марҳила такмил додани қонунгузорӣ, зиёд намудани воҳидҳои корӣ, ҳарсола афзоиши маблағгузории фаъолияти мақомоти судӣ ва таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир анҷом дода шуда истодаанд.

Бо дарназардошти он ки дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақили беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ дар қатори ҳокимияти қонунгузор ва иҷроя аҳамияти хоса дода мешавад.

Тадбирандешӣ дар ин самт барои таъмини мустақилияти суд равона карда шудааст ва бобати баррасии саривақтии парвандаҳо, қабули санадҳои қонунӣ, асоснок ва одилонаи судӣ мусоидат менамояд.

Мустақилӣ ва ягонагии ҳокимияти судӣ дар он зоҳир мегардад, ки судҳо дар Тоҷикистон мақоми ягона буда, дар татбиқи салоҳияту ваколат ба Конститутсия ва қонун итоат намоянд.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодшуда дар самти ҳокимияти судӣ низ бо мақсади таҳкими минбаъдаи мақомоти судӣ, густариш додани мустақилияти судяҳо ва амалисозии ислоҳоти сохтории ин мақомот равона гардидааст.

Тибқи тағйиру иловаҳо Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ихтисор карда шуда, масъалаҳои ба салоҳияти ин сохтор дахлдошта дар доираи меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл карда мешаванд.

Таъсиси Шӯрои адлия дар гузашта тақозои замон буда, қадами аввалин дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб мерафт, ки вазифаи асосии он аз ташкили кори судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо иборат буд.

Дар давраи фаъолият ин сохтор корҳои назаррасро ба анҷом расонид, аз ҷумла судҳоро бо биноҳои бо тамоми шароит мувофиқ муҷаҳҳаз гардонида, дар раванди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва такмили ихтисоси судяҳо саҳми худро гузошт.

Вале таҷриба нишон медиҳад, ки мавҷуд будани Шӯрои адлия аз тарафи дигар ба судяҳо дутобеиятиро ба миён овардааст.

Айни замон бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, мутобиқ гардонидани он ба талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва таҷрибаи замони муосир зарурати дар як сохтор мутамарказ намудани мақомоти судӣ ба миён омадааст. Зеро амалӣ намудани масъалаҳо вобаста ба баррасии парвандаҳои судӣ, санҷиши сифати санадҳои судӣ, доир ба онҳо қабули қарорҳои қонунӣ, такмилу ташкили фаъолияти судҳоро танҳо ҳокимияти судӣ бояд ба уҳда дошта бошад.

Таҷрибаи аксар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ нишон медиҳад, ки ваколати сохтори алоҳида мисли Шӯрои адлия аз ҷониби Суди Олии ин кишварҳо амалӣ карда мешавад, ки манфиати он дар пешрафти фаъолият ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, ба ҳокимияти мутамарказ табдил додани судҳо ба босифат ва самаранок амалӣ намудани вазифаҳои муҳиме, ки ба ин сохтор вогузор шудааст, мусоидат менамояд.

Бинобар ин, тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ислоҳоти ҷиддии сохтории мақомоти судӣ дар назар дошта шудааст ва баъди баргузории раъйпурсӣ як қатор чорабиниҳои ташкилӣ дар ин самт бояд амалӣ карда шаванд.

Ҳамин тариқ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маҷмӯъ ба мукаммалтар гардидани меъёру муқаррароти он мусоидат намуда, барои ташаккули минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро дар ҷумҳурӣ тақвият мебахшад.

 Шермуҳаммад ШОҲИЁН,

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон