Наҳзат — ҳизби тафриқаандоз ва мухолифи осоиштагӣ

№86 (4036) 18.07.2019

Соли ҷорӣ, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъ идома ёфтанд, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод маънидод шуд. Идомаи минбаъдаи ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногун гардад.

Бо дарназардошти рӯйдодҳои солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳонро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, қайд менамоем, ки амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии аъзои ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом дар ин самт беш аз пеш ба назар мерасанд. Тарафдорони ҳизби мамнӯъ зимни фаъолияти қаблӣ худро ба ислом пайваста, аз номи он ҳарф мезаданд, то мавқеи хешро бо истифода аз номи дини мубини ислом дар ҷомеа пайдо намоянд. Воқеан, дини мубини ислом чун динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад.

Бинобар ин, терроризм ва ифротгаройиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад. Имрӯзҳо беш аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтаанд, ­Ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда истодааст ва албатта, таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ бетаъсир нахоҳанд буд.

Аъзои ҳизби мазкур, ки фаъолиятро аз куштор ва даҳшатафканӣ оғоз намуда буданд, акнун ба гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд. Бо кумаки беруназмарзӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба марказҳои террористии хориҷӣ мефиристанд. Онҳо бо роҳҳои гуногун фирефтагони хешро ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияю Ироқ сафарбар менамояд. Дар натиҷа, то ба ҳол садҳо кӯдак бе падару модар монда, оилаҳои зиёде пароканда гардиданд.

Ташкилоти террористии наҳзат  имрӯз ҷинояткоронеро, ки бо ҷурми гуногун маҳбасӣ мебошанд, дастгирӣ мекунад. Дар гирдиҳамоии роҳбарони ин ташкилоти экстремистӣ ва зархаридони хориҷӣ, ки худро пуштибони қонун муаррифӣ карда истодаанд, маълум гардид, ки дар ҷиноятҳои анҷомдодаи ҳизби наҳзат Зайд Саидов низ даст доштааст. Нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, мехоҳанд, ки бо истифода аз ҳар туҳмате ба обрӯи кишвар латма зананд. Хушбахтона, имрӯзҳо чавонони тоҷик, ки ғурури баланд, дониши кофӣ, зиракии сиёсӣ, меҳри беандоза нисбат ба Ватан доранд, ба ягон сиёҳкуниву туҳмат, дасисаву фиреб бовар намекунанд. Онҳо хуб медонанд, ки наҳзатиён танҳо бо идеологияи хориҷиён амал менамоянд, пешравии Тоҷикистонро хоҳиши дидан надоранд ва аз ин ҷост, ки мардумро ба гумроҳиву тафриқаандозӣ ҳидоят месозанд.

Асад АҲЛИДДИНОВ, таҳлилгар